• English
  • Русский
  • Тоҷики
Домой Блог Страница 183
 Дар натиҷаи ташрифи расмии Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон муҳтарам Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ин замина боздид аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи маориф густариш меёбанд. Имрӯз (08.04.2021) дар заминаи ин ҳамкориҳо ҳайати Донишгоҳи Бадахшони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон таҳти роҳбарии ректори донишгоҳ Муҳаммад Қосим Ориё ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ташриф оварда, бо ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. мулоқот...
ДОНИШҶӮЁНИ ТОҶИК МЕТАВОНАНД БАРОИ ТАҲСИЛ БА ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ САФАР НАМОЯНД Бо фармони Ҳукумати Федератсияи Россия аз 31 марти соли 2021, №814-р донишҷӯёни хориҷӣ, аспирантҳо, ординаторҳо ва шунавандагони факултетҳои омодагӣ аз кишварҳои Венесуэла, Олмон, Сурия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Шри-Ланка метавонанд барои идомаи таҳсил ба Федератсияи Россия баргарданд.
Ҳадаф аз ташриф ва мулоқоти муовини ректори Донишгоҳи давлатии Полотскии Ҷумҳурии Белорусия Голубев Юрий Петрович бо ректори Донишгоҳи миллӣ Хушвахтзода Қ.Х. таҳким бахшидани ҳамкориҳои дуҷониба буд. Дар мулоқот ҷонибҳо оид ба рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар самти омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори...
Имрӯз (03.04.2021) бо ташаббуси Донишгоҳи миллии аграрии Қирғизистон ба номи К.И. Скрябин таҳти унвони "Таъсири иқтисодиёти рақамӣ ба таҳаввулоти касби муҳосибӣ: мушкилот ва дурнамо" конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии онлайнӣ баргузор гардид. Дар видеоконференсия намояндагони донишгоҳҳои олии Қирғизистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон, инчунин, намояндагони сохторҳои тиҷоратӣ ва молиявию иқтисодӣ ширкат варзиданд. Дар ҷараёни видеоконференсия ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. дар робита ба...
Имрӯз (03.04.2021) ҷаласаи васеи Шӯрои олимони донишгоҳ бо муаррифии дастовардҳои устодону донишҷӯёни донишгоҳ оғоз ёфт. Дар ибтидо ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ба декани факултети фарматсевтӣ, доктори илмҳои фарматсевтӣ, профессор Мӯсозода Сафол дипломи «Академики Академияи байналмилалии таҳсилот ва илми Украина», ба устоди факултети журналистика Ализода Абдурашид Хуҷамқул «Дипломи дотсентӣ», ба ғолибон ва роҳбарони олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти...
Имрӯз (02.04.2021) бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 114-солагии донишманди мумтози соҳаи адабиётшиносӣ, доктори илмҳои филологӣ, профессор Шарифҷон Ҳусейнзода дар Донишгоҳи миллӣ “Ганҷинаи профессор Шарифҷон Ҳусейнзода”, ҳамчун махзани илму адаб, баъд аз таъмиру тармим дубора ифтитоҳ ва мавриди истифода қарор гирифт. Дар ифтитоҳи “Ганҷинаи профессор Шарифҷон Ҳусейнзода”, ки қаблан Толори ба номи профессор Шарифҷон Ҳусейнзода ном дошт,...
Имрӯз (31.03.2021) дар доираи Намоишгоҳ-ярмаркаи «Таҳсилот дар Украина» як зумра роҳбарон ва намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Украина ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ташриф омада, бо ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х., муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Мирзамонзода Х.М., муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Сафармамадзода С.М. ва дигар шахсони масъул мулоқот намуданд.
Имрӯзҳо устодону кормандони Донишгоҳи миллӣ дар риштаҳои гуногун тадқиқоти илмӣ анҷом дода, дар рушди илму таълим саҳми назаррас мегузоранд. Устодони кафедраи ҳарбии донишгоҳ аз ҷумлаи пажӯҳишгарони донишгоҳ ба ҳисоб мераванд, ки тайи солҳои охир бо дастгирии роҳбарияти донишгоҳ ба тадқиқоти илмӣ машғул шуда, ба унвонҳои гуногуни илмӣ шарафёб мегарданд.
Дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон муҳтарам Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати воломақоми ин кишвар ҷиҳати иштирок дар Конференсияи 9-уми вазирони кишварҳои “Қалби Осиё-Раванди Истамбул” ба ҷумҳурӣ ташриф оварданд. Зимни сафар Вазири таҳсилоти олии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ғулом Аббос Басир ба Донишгоҳи миллӣ ташриф оварда, бо роҳбарияти донишгоҳ мулоқот ва дар самти рушд бахшидани муносибатҳои илмию эҷодӣ табодули афкор...

Эълонҳо