• English
  • Русский
  • Тоҷики
Домой Блог Страница 38
Бо мақсади беҳтар гардонидани фаъолияти сохторҳои гуногуни донишгоҳ бо иқдоми роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон силсилавохӯриҳои ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо ҳайати устодону кормандони донишгоҳ ба роҳ монда шудааст. Баҳри натиҷагирӣ аз вохӯриҳои қаблӣ тибқи нақша суҳбати навбатии ректори донишгоҳ бо ҳайати устодону кормандони факултети забонҳои Осиё ва Аврупо...
Ҳамасола 29 – уми сентябр Рӯзи кормандони хидмати дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Дар ин рӯзи хотирмон аввалин маротиба аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақшаҳои бунёдкорона, ҳадафҳои сулҳҷӯёна ва азму ниятҳои неки давлати тозаистиқлоли Тоҷикистонро ҳамчун субъекти худсолори робитаҳои байналмилалӣ ба тамоми...
Ҳамасола дар чанде аз давлатҳои ҷаҳон ҳафтаи охири моҳи сентябр бахшида ба Рӯзи Конфутсий ҷамъомади илмӣ-фарҳангӣ ташкил ва баргузор гардонида мешавад. Имрӯз (28.09.2023) бо ин муносибат дар пояи Донишкадаи таълимию фарҳангию Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ -фароғатӣ гузаронида шуд. Дар чорабинӣ роҳбарони сохторҳои гуногуни донишгоҳ таҳти роҳбарии ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х....
Имрӯз (28.09.2023) дар доираи нақшаи баргузории вохӯриҳои ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо ҳайати устодону кормандони донишгоҳ вохӯрӣ бо коллективи факултети филологияи тоҷик доир гардид. Дар вохӯрӣ самтҳои мухталифи фаъолияти факултет мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар вохӯрӣ, аз ҷумла барои назорати ҷиддӣ намудан аз раванди таҷрибаомӯзии донишҷӯён, ҷалби магистрон барои...
Имрӯз дар фазои иттилооти ҷаҳонӣ дар мавриди мазмуну муҳтаво ва роҳу равиши инъикоси мавод баъзе тағйиру такомулот сурат гирифтааст, ки тарбияи мутахассисони ватандӯст дар риштаи рӯзноманигорӣ талаботи замон аст. Таваҷҷуҳи бештар ба бедории завқ ва такмили андешаи созанда, худогоҳиву худшиносӣ ва ахлоқу маънавият бояд дода шавад. Аз ин лиҳоз, тарбия намудани рӯзноманигорони...
Имрӯз (28.09.2023) бо ибтикор ва ташаббуси раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 75-солагии фаъолияти ДМТ дар ҳамкорӣ бо Кумитаи Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи шаҳри Душанбе мусобиқаи ҳарбӣ-амалӣ байни донишҷӯёни факултетҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баргузор гардид. Зимни ифтитоҳи чорабинии мазкур ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт иштирок намуда, зикр намуд, ки ҳамарӯза дар донишгоҳ...
Имрӯз намояндагони Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд таҳти роҳбарии директори минтақавии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Туркманистон хонум Айтен Рустамова ба Донишгоҳи миллӣ ташриф оварданд. Дар оғоз меҳмонон бо роҳбаладии ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. аз Осорхонаи Пешвои миллат, ки дар бинои факултетҳои иқтисодии донишгоҳ ҷойгир аст, боздид намуданд. Сипас дар толори калони...
Имрӯз (27.09.2023) дар вохӯрии навбатии ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо устодону кормандони факултети филологияи рус самтҳои гуногуни фаъолияти факултет мавриди баррасӣ қарор гирифт. Зимнан таъкид шуд, ки самти омӯзиши забони русӣ роҳҳои нави усули таълимро талаб менамояд ва лозим аст, ки дар заминаи факултет Синфхонаи лингофонӣ баҳри омӯзиши забонҳои русию англисӣ...
Имрӯз сафири Ҷумҳурии Индонезия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Моҳаммад Фаҷрол Раҳман ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ташриф оварда, бо муовини аввал, муовини ректор оид ба таълим, профессор Собирзода Н.М. вохӯрӣ анҷом дод. Дар мулоқот робитаҳои илмӣ, эҷодӣ ва омӯзишии ДМТ бо муассисаҳои таҳсилоти олии Индонезия баррасӣ гардид. Меҳмони олиқадр ҳадафи ташрифи худро таҳким бахшидани ҳамкориҳои муассисаҳои таҳсилоти олии Индонезия...
Имрӯз (26.09.2023) дар толори фарҳангии Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маросими супоридани шаҳодатномаи стипендияи сафири Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар чорабинии ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х., сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷи Шумин, сардори Раёсати муносибатҳои байналхалқии Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ...

Эълонҳо