• English
  • Русский
  • Тоҷики
Домой Блог Страница 55
Бахши идоракунии лоиҳаҳои ДМТ ба ҳайати омӯзгорон ва муҳассилин мерасонад, ки Хазинаи байналмилалии ЮНЕСКО оид ба гуногунии фарҳанг озмуни дархостҳо эълон кардааст. Мақсади асосии озмун дастгирӣ самти инкишофи соҳаҳои эҷодии мамлакатҳои тараққиёбанда тақсим шудааст. Барои дарёфти иттилооти иловагӣ ба сомонаи ДМТ www.tnu.tj, Бахши идоракунии лоиҳаҳои ДМТ – Бинои асосии ДМТ, ошёнаи 3,...
Имрӯз хатмкунандагони Донишгоҳи миллӣ ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил шуданро вазифаи шаҳрвандӣ ва ҷонии хеш шумориданд. Имрӯз (29.4.2023) дар фазои тантанавӣ ҳудуди 400 нафар хатмкунандагони Донишгоҳи миллӣ ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар гардиданд. Ба ин муносибат дар Шаҳраки донишҷӯён ва дар толори калони донишгоҳ бо иштироки намояндагони сохторҳои ҳукуматӣ, роҳбарияти донишгоҳ,...
7 ҷойи якум, 6 ҷойи дуюм, 11 ҷойи сеюм ва 2 Ифтихорномаи вазорати маориф ва илм ҶОЙҲОИ  ЯКУМ Бахши химия Намозова Зуҳро Азизовна - магистранти курси 1-уми факултети химия, лоиҳаяш “Ацетатное комплексообразование  марганца (II)  и (IV) при 308 К”, роҳбари илмӣ  профессор Раҳимова М..
Аз санаи 25.04.2023 то имрӯз (27.04.2023) намояндагони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини ректор оид ба иқтисод ва иҷтимоиёт, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Қодирзода Ф.А. дар Форуми XIII иқтисодии ҷавонони Авруосиё, ки таҳти унвони “Ҷаҳони бисёрқутба дар меҳвари воқеиятҳои нав” дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Русия баргузор гардид, ширкат варзиданд.
Рӯзҳои 26-27.04.2023 дар шаҳри Душанбе Чемпионати кушод оид ба чавгонбозӣ байни бонувон баргузор гардид, ки дастаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолона иштирок намуда, сазовори ҷойи дуюм гардид. Ғолибият муборак!
Имрӯз (27.04.2023) дар ҷаласаи васеъи устодону кормандони Донишгоҳи миллӣ натиҷаи Конференсияи илмию назариявии ҳайати устодону кормандон, докторантону магистрантон ва донишҷӯён – «Ҳафтаи илм», ки бахшида ба «75-солагии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон», «115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров», «145-солагии бунёдгузори адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ», «2023 – Соли забони русӣ» ва «2025 – Соли байналмилалии ҳифзи...
Имрӯз бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ дар доираи Ҳафтаи илм ҷаласаи васеъ баргузор гардид, ки дар он муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода, муовини вазири маориф ва илм Лутфия Абдухолиқзода ва олимону омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ иштирок...
Ба муносибати муваффақона амалӣ гардидани ташаббуси бузург ва фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баргузор намудани Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» дар соли 2023 дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хонишҳои сиёсӣ баргузор гардид. Дарси навбатиро номзади илмҳои таърих, дотсент Тоҷиддин Ғуломов гузаштанд. Мавсуф, афзуд,...
Имрӯз ректори Донишгоҳи миллӣ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо директори филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе Трофимов С.В. ва директори иҷроияи филиали Донишгоҳи мазкур Р. Ғаниев вохӯрӣ анҷом дод. Дар мулоқот робитаҳои илмӣ, эҷодӣ ва омӯзишии ДМТ бо филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов...
Бо мақсади таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ ва ташкилоту идораҳои ҷумҳурӣ бо мутахассисони ҷавон, тақсимоти хатмкунандагони гурӯҳҳои буҷавии шуъбаҳои рӯзонаи хатми соли таҳсили 2022-2023 дар ихтисосҳои омӯзгорӣ ва ғайриомӯзгорӣ дар донишгоҳ гузаронида мешавад. Ҷиҳати роҳандозӣ намудани ин амал имрӯз (26.04.2023) дар толори калони Шаҳраки донишҷӯён тақсимоти хатмкунандагони гурӯҳҳои буҷавии равияҳои омӯзгорӣ ва ғайриомӯзгории сурат гирифт,...

Эълонҳо