• English
  • Русский
  • Тоҷики
Домой Блог Страница 67
Дар толори калони Шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба “Рӯзи кормандони дипломатии Федератсияи Русия” Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Григорев Семён Вячеславович дарси кушод доир намуд, ки дар он устодону донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон, филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе ва намояндагони дипломатии...
Бо мақсади дар амал татбиқ намудани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (солҳои 2020-2040) имрӯз (09.02.2023) бо ибтикори Институти илмию таҳқиқотӣ назди донишгоҳ ва факултети физика дар пояи кафедраи мошинҳои ҳисоббарор, системаҳо ва шабакаҳо конференсияи ҷумҳуриявии илмию – амалӣ дар мавзӯи «Моделсозии математикӣ ва компютерии равандҳои физикӣ» баргузор гардид.
Дар доираи нақша - чорабиниҳои раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷиҳати шиносоии наздик бо зисту зиндагонии донишҷӯён ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо донишҷӯёни хобгоҳҳи №6 ва №8-и донишгоҳ вохӯрии судманд доир намуд. Дар оғоз ректори донишгоҳ оид ба нуктаҳои гуногуни Паёми Пешвои миллат ва дастгирии ҳамаҷонибаи Ҳукумати кишвар нисбат ба ҷавонон сухан намуд. Дар...
Дар заминаи амалишавии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” дар пояи кафедраи усули таълими химияи факултети химияи ДМТ Озмоишгоҳи таълимии муосир кушода шуд ва дар ин замина ҷиҳати шарҳи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2023 ҳамоиши илмӣ-оммавӣ доир гардид. Дар...
Дар доираи нақшаи кории Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз моҳи январ то ҳафтаи дуюми моҳи феврали соли 2023 курси таълимӣ таҳти унвони “Усулҳои фаъоли таълим” барои омӯзгорони муассисаи таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ роҳандозӣ гардид. Имрӯз (07.02.2023) курси мазкур ҷамъбаст шуд ва дар синфхонаи донишкада маросими супоридани...
Имрӯз (07.02.2023) бо дастгирии Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ва иқдоми роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар заминаи амалишавии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” дар пояи кафедраи усули таълими химияи факултети химия Озмоишгоҳи таълимии муосир кушода шуд. Дар ифтитоҳи озмоишгоҳи мазкур ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ва ҳайати устодону кормандон...
Дар толори калони ДМТ маҳфили навбатии «Хирадманд» бо иштироки доктори илмҳои филологӣ, профессор Аламхон Кӯчарзода баргузор шуд. Дар маҳфили мазкур роҳбарият, устодону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ ҳузур доштанд. Маҳфилро декани факултети филология, профессор Сироҷиддини Эмомалӣ кушода намуда, зикр кард, ки гузаронидани ин чорабинӣ дар баланд бардоштани савияи дониши илмию адабиӣ ва ҷаҳонбинии донишҷӯён мусоидат хоҳад намуд, зеро...
Дар доираи нақшаи чорабиниҳои раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар толори фарҳангии ба номи Ш. Ҳусейнзода хониши сиёсӣ бо иштироки муовини аввал, муовинии ректор оид ба таълим Собирзода Н.М., муовини ректор оид ба тарбия Раҳмонзода Ҷ.М. ва устоди факултети фалсафа, сиёсатшинос Сафарализода Х.Қ. бо устодону кормандони донишгоҳ доир гардид. Зимнан...
Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Қобилҷон Хушвахтзода дар доираи баргузории чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ бо устодону кормандони факултети тиббӣ вохӯрӣ намуд. Мақсад аз вохӯрии мазкур шарҳу тавзеҳи Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ”, инчунин, татбиқи як зумра санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, аз қабили қонунҳои...
Вазъи мураккаби геополитикии ҷаҳони муосир ва паҳншавии зуҳуроти номатлубу даҳшатовари терроризм ва экстремизм, ки барои ҷомеаи башарӣ, сулҳу субот, амнияти давлат ва рушди устувори давлатҳо таҳдиди бевосита менамояд, на танҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки сайёраро ба ташвиш овардааст. Ин нуктаро ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. зимни вохӯрии худ ба устодону донишҷӯн, ки дар толори фарҳангии ба номи Шарифҷон...

Эълонҳо