• English
  • Русский
  • Тоҷики
Домой Блог Страница 114
Имрӯз (13.04.2022) намояндаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон ҷаноби Осама Маккавӣ ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ташриф оварда, бо ректори донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. мулоқот намуд. Зимнан Ректори донишгоҳ меҳмони олиқадрро ба донишгоҳ хайрамақдам гуфта, таъкид дошт, ки Донишгоҳи миллӣ ҳамкориро дар самти таҷрибаомӯзӣ бо ниҳодҳои гуногуни дохил ва хориҷи кишвар судманд ба роҳ...
Бо мақсади огоҳӣ гардидан аз таъриху фарҳанг, таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ва шарҳу тавзеҳи нуктаҳои Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақша – чорабиниҳои раёсати донишгоҳ ва шуъбаи тарбия имрӯз (12.04.2022) аз ҳисоби омӯзгорону кормандони ботаҷрибаи донишгоҳ дар факултети химия маҷлиси тарбиявӣ бо донишҷӯёне, ки тибқи квотаи президентӣ таҳсил мекунанд, баргузор гардид.
Дар доираи ҳамкориҳои судманд бо донишгоҳҳои байналмилалӣ имрӯз (09.04.2022) дар пояи Институти илмию таҳқиқотии назди Донишгоҳи миллӣ ва факултети химия дар самти амали гардонидани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф», солҳои 2020-2040 ва эълон гардидани солҳои 2022-2026 «Солҳои рушди саноат» бо иштироки намояндагони расмии донишгоҳҳо ва институтҳои илмию таҳқиқотии Кибириси...
Дар заминаи ҳамкориҳои дӯстона роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербурги Федератсияи Русия тасмим гирифтаанд, ки Маркази таълимӣ-омӯзишии муштараки муҳоҷирони меҳнатӣ дар заминаи ДМТ ташкил карда шавад. Имрӯз (07.04.2022) ин масъала дар суҳбати маҷозии (онлайнии) муовини ректори ДМТ оид ба робитаҳои байналмилалӣ Мирзамонзода Х.М. ва муовини ректори Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург оид ба фаъолияти байналмилалӣ Андрюшин Сергей...
Бо дастгирии ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Хушвахтзода Қ.Х. имрӯз (6.04.2022) гурӯҳи кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, аз ҷумла донишҷӯёни имконияташон маҳдуд, аз Осорхонаи Пешвои миллат дидан намуданд. Ёдовар мешавем, ки Осорхонаи Пешвои миллат зимни ташрифи Президенти кишвар ба донишгоҳ ва кушодани биноҳои таълимии факултетҳои иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт. Меҳмонон...
Имрӯз (06.04.2022) ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Хушвахтзода Қ.Х. донишҷӯйи курси 4-уми факултети ҳуқуқшиносии донишгоҳ Шоҳрух Забиров ва роҳбарияти факултети мазкурро барои дастоварди байналмилалӣ табрик намуда, дар таҳсил ва фаъолияти минбаъдаашон муваффаќиятҳои тозаи эҷодӣ таманно намуд. Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамчун кохи бузурги илму дониш дар тарбия ва омода намудани кадрҳои баландихтисос дар ҳама самт...
Бо роҳбарии ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. раёсати Донишгоҳи миллӣ аз  Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуданд. Раёсати донишгоҳро директори Осорхонаи миллӣ Ибодуллозода А. ва мутасаддиён роҳнамоӣ карданд. Тамошои кормандони донишгоҳ, аз ҷумла кормандони бахши таълиму тарбия аз толоре, ки дар он  маконҳои захираҳои табиӣ ҷой доштанд, оғоз ёфт. Баъдан аз толорҳои...
Рамзи ШД Рамзи ихтисос Рақами фармони КОА Оғози фаъолият 6D.KOA-029 6D020100 - Фалсафа6D020600 - Диншиносӣ №38 01.02.2022 РИСОЛАҲОИ ДИССЕРТАТСИОНӢ: Таърихи ҷойгиркунии рисола: 09.07.2024  АБДУХАЛИЛЗОДА КАРОМАТУЛЛО - ИСЛОМ ВА АРЗИШҲОИ ДУНЯВӢ  Тақризи мушовири илмӣ Маълумотнома дар бораи мушовири  илмӣ Хулосаи ДМТ Қарори шӯрои диссертатсионӣ дар бораи таъйин намудани комиссияи экспертӣ Хулосаи комиссияи экспертӣ Суратҷаласаи №30 Қарори шӯрои диссертатсионӣ дар бораи ба ҳимоя қабул намудани диссертатсия Таърихи ҷойгиркунии рисола: 25.06.2024   КАРИМОВ ҚИЁМИДДИН САИДВАЛИЕВИЧ - ҶОЙГОҲИ ФАЛСАФАИ АХЛОҚ ДАР НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ СОСОНИЁН Тақризи...
Дар доираи ҳамкориҳои судманд бо ташкилотҳои байналмилалӣ бо ташаббуси шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва рушди касбияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар заминаи Барномаи рушди СММ ва лоиҳаи “Стартап - чойхона” ба донишҷӯёни ДМТ вохӯрӣ баргузор гардид. Шаҳзода Эшонова пешбарандаи лоиҳа дар Тоҷикистон оид ба иштирок намудан дар татбиқи лоиҳа ва саҳми донишҷӯён лоиҳаҳои беҳтарин бо мукофотпулӣ сарфароз...
Имрӯз мебояд асоси тафаккури нави сиёсӣ ва фарҳангии шаҳрвандон, ба хусус ҷавононро ғояи таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ваҳдату худшиносии миллӣ, ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ, таъмини амнияти давлату миллат, ҳифзи тамомияти арзӣ ва манфиатҳои умумимиллӣ ташкил диҳад. Арзишҳои умумимилӣ ва умумидавлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ҳифзи манфиатҳои кишвар бояд аз ҳама гуна манфиатҳои сиёсӣ, мазҳабӣ ва гурӯҳӣ боло бошад ва пойдевори...

Эълонҳо