• English
  • Русский
  • Тоҷики
Домой Блог Страница 117
Хатмкунандагони боҳунар ва хушзавқи факултети журналистикаи ДМТ дар шабакаҳои телевизион ва радио бидуни озмун бо роҳхати факултет ба кор қабул карда мешаванд. Ин нукта имрӯз дар вохӯрии раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид бо хатмкунандагони факултети журналистикаи донишгоҳ, ки дар Шаҳраки донишҷӯён баргузор шуд, иброз гардид. Зимнан дар вохӯрӣ раиси Кумита Нуриддин...
Имрӯз бо ташаббуси Ҳукумати шаҳри Душанбе ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар толори мактаби таълимӣ-варзишии №5 миёни бонувон, аз ҷумла донишҷӯдухтарони муассисаҳои таҳсилоти олии  касбии кишвар мусобиқаи варзишии “Гандбол” оғоз гардид. Дар мусобиқаи мазкур дастаи бонувони Донишгоҳи миллӣ, таҳти роҳбарии устоди кафедраи тарбияи ҷисмонӣ Собиров С.  иштирок доранд.
Дар доираи ҳамкориҳои илмию таълимӣ имрӯз (12.03.2022) устодони Донишгоҳи федералии Урал ба номи президенти аввалини Русия Б.Н. Елсин: директори Институти илмҳои табиатшиносӣ ва математикаи донишгоҳ, номзади илмҳои физикаю математика, дотсент Рогожин С.А  ва номзади илмҳои биологӣ, дотсент Зинитская С.А.  ба Донишгоҳи миллӣ  ташриф оварда, дар толори ба номи Ш. Ҳусейнзода бо устодону донишҷӯёни факултетҳои физика, механикаву математика,...
Муддатест, ки бо дастури роҳбарияти Донишгоҳи миллӣ устодону донишҷӯён аз Осорхонаи миллӣ ва Китобхонаи миллӣ боздид ба амал меоранд. Имрӯз (11.03.2022) бо ташаббуси шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва рушди касбияти донишгоҳ донишҷӯёни курси 2-юми ихтисоси минтақашиносии хориҷии факултети муносибатҳои байналхалқӣ аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуданд. Мутахассиси шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ  Каримова...
Дар доираи нақша-чорабиниҳои раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» бо ташаббуси шуъбаи ҳуқуқи ДМТ имрӯз (11.03.2022) дар толори калони факултети тиббӣ вохӯрии устодону донишҷӯён бо намояндаи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Рӯзиев, Судяҳои суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Матин Бобозода ва Маҳмадисо Саидзода, мутахассиси пешбари Раёсати...
Субҳи 10-уми марти соли ҷорӣ муовини вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Лутфия Абдулхолиқзода дар якҷоягӣ бо сардори раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии Вазорати маориф ва илм Наврӯз Мирзозода бо мақсади шиносоӣ бо вазъи таълиму тарбияи донишҷӯён аз факултетҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон воқеъ дар “Шаҳраки донишҷӯён” дидан намуд. Нахуст, муовини вазир Л. Абдулхолиқзода аз...
Ҷомеаи ҷаҳонӣ дар марҳилаи муосир ба марҳилаи нави таърихӣ: ҷаҳонии иттилоотӣ қадам ниҳодааст. Дар Стратегияи давлатии «Технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои рушди Тоҷикистон» таъкид мегардад, ки технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ омили муҳимтарини болоравии иқтисодиёти миллӣ, афзоиши фаъолияти корию зеҳнии ҷамъият, баландшавии обрӯю эътибори мамлакат дар ҷомеаи байналмилалӣ мебошад. Ин нукта имрӯз  (09.03.2022) зимни баргузории конференсияи ҷумҳуриявии...
Нахуст ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо самимияти хос ҳайати занону бонувон ва донишҷӯдухтаронро бо ин рӯзи неку фархунда табрик гуфта, оид ба хизматҳои шоёни занону бонувон ибрози андеша намуданд. Мавсуф зимни суханронӣ аз дастгириҳои бонувону занони донишгоҳ ва ташаббусҳои созандаи модарон дар сиёсати имрӯзаи давлату ҳукумат ёдовар шуданд. Сипас раиси Кумитаи кор бо...
Иттиҳоди Аврупо ҷорӣ намудани ҳамгироии равиши робитаи об- энергетика ва озуқавориро дар барномаҳои таълимии  муассисаҳои олӣ- таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ менамояд. Санаи 3 марти соли 2022 дар доираи лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо Муколамаи Nexus дар Осиёи Марказӣ тренинг оид ба татбиқи равиши Nexus вобаста ба об, энергетика ва озуқаворӣ дар формати симулятсияи интерактивӣ барои омӯзгорони...
Имрӯз (03.03.2022) дар оғози ҷаласаи васеъи Шурои олимони Донишгоҳи миллӣ дастовардҳои чанде аз устодону донишҷӯёни донишгоҳ муаррифӣ гардид. Раиси Шуро, ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. дастоварди ансамбли халқии «Наврӯз» (ғолибият дар озмуни фарҳангии «Биё бихандем», н.Шоҳмансур), дастоварди донишҷӯёни факултети иқтисод ва идора Раҳимов Шоҳин (ғолиби озмуни байналмилалӣ миёни донишҷӯён дар робита ба таҳқиқоти илмӣ) ва Башир Бобохонов...

Эълонҳо