Имрӯз (06.09.2022) бахшида ба 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бинои марказии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода нишасти фарҳангӣ-маърифатӣ баргузор гардид. Нишаст бо садо додани Суруди миллӣ ва сухани муқаддимавии ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт оғоз ёфт. Ибтидо ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. аҳли нишастро ба истиқболи 31-умин...
Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аҳли эҷод беҳтарин шароитро фароҳам сохт ва имрӯз аҳли илм метавонанд дар дохилу хориҷи кишвар ба пажӯҳиши илмӣ машғул шаванду дастовардҳои хешро манзури олимони сатҳи ҷаҳонӣ гардонанд. Яке аз чунин имкониятҳо баргузории озмуну олимпиадаҳои сатҳи байналмилалист, ки бонувони тоҷик дар баробари мардон дар арсаи байналмилалӣ бо ихтирооти хеш номбардори миллату ватан гаштаанд.
Вазифаи имониву виҷдонии ҳар як фарзанди бонангу номуси миллат ин аст, ки ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода, дар шароити пуртазоди сайёра ва торафт шиддат гирифтани рақобати байни қудратҳои ҷаҳони имрӯза барои тарбияи фарзандон дар руҳияи худогоҳиву худшиносии миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ, илмомӯзӣ, азхуд кардани касбу ҳунарҳои замонавӣ, забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои пешрафта ба хотири пешрафти иқтисодиву иҷтимоии...
Имрӯз (03.09.2022) дар ҷаласаи назоратии назди ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. масъалаҳои муҳимми илму таълим, аз ҷумла сайқал додани сатҳи забономӯзии кормандону донишҷӯёни донишгоҳ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ҷаласа вобаста ба суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Рӯзи дониш ва дарси сулҳ ироа шуд, масъулин дастуру супоришҳои...
Ректори ДМТ профессор Қобилҷон Хушвахтзода дар остонаи соли нави таҳсил ва дар арафаи Ҷашни Истиқлолият аз номи роҳбарият, раёсат ва ҳайати профессорону омӯзгорони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон пешниҳоди баъзе ҳадяҳоро ҳамчун амали хайрхоҳона анҷом доданд.
Ин иқдом дар доираи дастуру тасмимҳои Роҳбари давлат расонидани баъзе кумакҳо ба донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М....
Имрӯз ба ифтихори ҷашни бузурги миллӣ – Истиқлолияти давлатӣ бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Истиқлолият – рамзи саодати миллӣ ва нишонаи пойдории давлат» конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Дар кори конференсия намояндагони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва донишгоҳу донишкадаҳо, аз ҷумла бонувони Донишгоҳи миллӣ, иштирок доштанд.Зимни баргузории ҳамоиш иштирокчиён...
Муқаддас доштани истиқлоли давлатӣ, ба ҷо овардани шукронаи давлати соҳибистиқлол ва ватани озоду соҳибихтиёр вазифа ва қарзи шаҳрвандии ҳар як фарди бонангу номуси ҷомеа мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон
Ваҳдату ҳамдастӣ ва муттафиқию ҳамсилкии аҳли ҷомеа ва вафопешагии онҳо бар меҳани хеш пояи боэътимоди истиқлол, тавоноӣ ва шикастнопазирии...
Ҳамасола дар ватани азизамон – Тоҷикистон Рӯзи дониш ва дарси сулҳ - 1-уми сентябр ботантана гузаронида мешавад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин рӯзи муборак ба ин ё он муассисаи олӣ ва миёнаи кишвар ташриф оварда, роҷеъ ба яке аз соҳаҳои муҳимтарини иҷтимоии мамлакат - мактабу маориф изҳори...
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои асосии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуали ибни Синоро мавриди истифода қарор дод ва Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар пояи донишгоҳи мазкур баргузор гардид. Суханронии Пешвои муаззами миллат дар тамоми шабакаҳои телевизион ва радио ба таври мустақим нишон дода шуд....
ТАБРИКОТИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН, ПРОФЕССОР ХУШВАХТЗОДА Қ.Х. БАХШИДА БА РӮЗИ ДОНИШ ВА ДАРСИ СУЛҲ
Устодон, кормандон ва донишҷӯёни азиз!
Оғози соли нави хонишро барои ҳар яки шумо самимона табрик мегӯям. Соли нави таҳсил бо таҷлили Рӯзи дониш, Рӯзи китоб ва Дарси сулҳ оғоз мешавад. Дониш, илму маърифат пайванди...