Имрӯз (30.08.2022) ёвари ректори ДМТ Бобохонзода Р. ва мудири шуъбаи таъминоти ҳуқуқии донишгоҳ Муминзода Н. барои ҷоннок намудани раванди ҳуҷҷатгузорӣ дар донишгоҳ бо намояндагони бахши ҳуҷҷатгузорӣ вохӯрӣ намуданд.
Дар вохӯрӣ раванди ҷобаҷогузории ҳуҷҷатҳо, сари вақт дида баромадани ҳуҷҷатҳои воридотию содиротӣ, назорати мунтазам ва расонидани мактубҳо ба сохторҳои берунаи донишгоҳ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Гуфта...
Имрӯз (29.08.2022) дар факултети ҳуқуқшиносии ДМТ ҷаласаи нахустини ТҶҶ "Созандагони Ватан" дар КИИ "Дониш" - и ДМТ ба истиқболи ҷашни 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Қабл аз оғози ҷаласа бо мақсади эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию ватанпарварии ҷавонон суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо дод. Сипас роҳбари ТҶҶ "Созандагони Ватан" дар КИИ "Дониш"...
Тавре иттилоъ дода будем ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо дабири кулли Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Корея Алек Ли ва сардори Раёсати ҳамкориҳои хориҷии Корея дар Тоҷикистон Жебок Сим мулоқот намуд. Имрӯз (26.08.2022) роҳбарияти донишгоҳ намояндагони Ассотсиатсияи мазкурро ба ҳузур пазируфта, ҷиҳати рушди ҳамкориҳои минбаъда ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд.
Дар мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба фаъолияти...
Имрӯз (25.08.2022) дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни 31-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намояндагони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас доранд, мукофот ва унвону ҷоизаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро супориданд. Қабл аз оғози маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам...
Фазои иттилоотӣ дар шароити кунунӣ як ҷузъи таҳрикбахши раванди ҷаҳонишавӣ ба шумор меравад. Фазои иттилоотӣ дар қиёс бо панҷоҳ сол қабл ҷомеаро бештар зери таъсир қарор ҳам додаву онро тобеъ ҳам сохтааст. Пештар низ тобеияти ҷомеа дар муносибат ба фазои иттилоотӣ вуҷуд дошт, ки аз тобеияти имрӯза ба куллӣ фарқ дорад. Тафсири саҳеҳи андешаи боло он аст,...
Ҳайати намояндагии Донишгоҳи миллии тадқиқотии Русия "Мактаби олии иқтисодӣ" Коротаев А.В. – мудири лабораторияи мактаби олии иқтисодӣ, Аскеров М.И. – мудири шуъбаи шарқшиносӣ ва Африқо, Леонид Л. – профессори донишгоҳи мазкур ба Донишгоҳи миллӣ ташриф оварда, бо намояндагони самти робитаҳои байналмилалии донишгоҳ, таҳти роҳбарии мудири шуъбаи равобити байналмилалии ДМТ Қурбонов Қ. мулоқот намуданд.
Таҷрибаи таърихи умумиҷаҳонӣ собит месозад, ки бузургтарин муқаддасот барои ҳар як қавму миллат озодӣ, соҳибихтиёрӣ, мустақилият ва дар умум истиқлоли сиёсӣ маҳсуб меёбад. Дар тули таърих аксари ситезаву таззодҳо ва ҷангу хархашаҳо боиси халалдор гардидани соҳибихтиёрӣ ва истиқлоли қавму халқҳои алоҳида ба амал омадааст. Дар воқеъ истиқлол ба ҳар як қавму миллат озодӣ ва имконият дар роҳи...
Сабзазор ва бехи гулҳоро аз алафҳои бегона тоза кардан, роҳравҳои назди биноҳо, аз ҷумла қисмати хиёбони кӯчаи Нахимова 64/10, ки дар он хобгоҳи донишгоҳ ҷойгир шудааст, пурра рӯбучин намудан яке аз самтҳои фаъолияти масъулини бахши хоҷагидории донишгоҳ гаштааст, ки ҳар ҳафта дар он шанбегиҳо гузаронида мешаванд. Имрӯз низ аз ҷониби кормандони ин самт корҳои форамсозӣ дар назди...
Ҳисси зебоипарастӣ, нигоҳдории арзишҳои табиӣ, ободу зебо гардонидани атроф ва умуман муҳити зист яке аз хислатҳои неки инсонӣ ва суннатҳои ниёгонамон ба шумор меравад. Ҳамин аст, ки бо ибтикори шаҳрдории кишвар ва роҳбарияти навоҳии ҷумҳурӣ рўзҳои охири ҳафта дар кишвар рўзи шанбегӣ эълон шудааст. Донишгоҳи миллӣ яке аз марказҳои бузурги илмӣ буда, аксар биноҳояш дар маркази пойтахт...
Яке аз анъанаҳои нек ин тозаю озода намудани гирди боғҳо ва атрофи биноҳои таълимию истиқоматӣ мебошад, ки солҳост дар кишварамон ба таври густурда анҷом меёбад. Бо ташаббуси шаҳрдории кишвар пайваста дар саросари ҷумҳурӣ маъракаи кабутизоркунию ободу зебо кардани атрофи биноҳои корию таълимӣ гузаронида мешавад.
Роҳбарияти Донишгоҳи миллӣ дар заминаи ин иқдом ҳар ҳафта...