• English
  • Русский
  • Тоҷики
Домой Блог Страница 128
Имрӯз (16.11.2021) дар партави “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон гардидани солҳои 2020-2040 дар толори калони Шаҳраки донишҷӯёни донишгоҳ вохӯрии раиси Шӯрои зеҳни сунъии назди Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо донишҷӯёни факултетҳои иқтисодӣ, механикаю математика ва физикаи донишгоҳ доир гардид. Вохӯрӣ...
Агар Эъломияи Истиқлолияти ҶТ, ки 24-уми августи соли 1990 қабул гардидааст, Тоҷикистонро чун давлати соҳибистиқлол эълон намуда бошад, Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олӣ, ки санаи 16-ноябри соли 1992 баргузор гардид, Тоҷикистонро аз парокандашавӣ нигоҳ дошту миллати тоҷикро аз гирдоби нобудӣ берун кашид. Воқеан ҳам, Иҷлосияи таърихии ХVI Шӯрои Олӣ барои барқарорсозии сохти конститутсионии кишвар ва эъмори давлати демократӣ...
Ҳамасола 16 ноябр мардуми сарбаланди мамлакат “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро ботантана ҷашн мегиранд. Дар асоси Қонуни ҶТ “Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни ҶТ «Дар бораи рӯзҳои ид» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷашни умумимиллӣ пешниҳод гардида, 15 апрели соли 2016 онро Маҷлиси намояндагон қабул, 5...
Имрӯз (15.11.2021) бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Созандагиҳои Пешвои миллат дар тӯли се даҳсолаи соҳибистиқлолӣ» конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ доир гардид. Қисмати ифтитоҳии ҳамоиши мазкур дар бинои Дастгоҳи иҷроияи Президент бо иштироки васеъи аҳли зиёи мамлакат доир гардид. Нимаи дуюми рӯз бахши иқтисодии конференсияи мазкур дар толори калони Донишгоҳи миллӣ доир...
Устодон ва кормандони гиромӣ!!! Эълон! Оид ба интихоб намудани ёвари менеҷери лоиҳаи “Беҳтар намудани ҷараёни таълим ва васеъ кардани имкониятҳои (ба кор таъминкунии) хатмкунандагон”. Ба диққати тамоми устодон, унвонҷӯён, дотсентон ва профессорони ДМТ расонида мешавад, ки бахши идоракунии лоиҳаҳои ДМТ барои интихоб кардани ёвари...
ТАБРИКОТИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН, ПРОФЕССОР ХУШВАХТЗОДА ҚОБИЛҶОН ХУШВАХТ БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ Устодон, кормандон ва донишҷӯёни азиз! Боиси ифтихор аст, ки дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар санаҳои муҳимми таърихӣ ҷашн гирифта мешаванд. Яке аз чунин санаҳои таърихӣ ва барои миллати тоҷик сарнавиштсоз 16-уми ноябр мебошад. Мақсад аз...
Дар вохӯрии навбатии Ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо устодону кармандони факултети молиявию иқтисодӣ масъалаҳое баррасӣ шуданд, ки барои ҷараёни илму таълим ва тарбияву робитаҳои байналмилалӣ ниҳояд муҳим буда, ҳалли онҳо масъулияти баландрор талаб менамоянд. «Бинои факултет тозаву озода ва хеле замонавӣ мебошад. Таҷҳизотҳои муосир насб шудаасту шароити корӣ дар факултет таъмин...
 Бахтиёри Қутбиддин, дотсенти ДМТ, Зарина Собирова, унвонҷӯи ДМТ Мактаби давлатдории Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асоси таҷрибаву малака ва ҷаҳонибиниҳои густурдаи ин сиёсатмадори бузург аз садҳо самту зовияҳои мухталифе таркиб ёфтаанд, ки ҳар кадом дар бунёди ҷомеаи пешрафта...
Бахшида ба Рӯзи Президент. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбариву раҳнамоии хирадмандона, кору пайкори ҷавонмардона ва иқдому амалҳои ибратбахши созандаю омӯзанда Тоҷикистони тозаистиқлоли ба гирдоби ҷанги дохилӣ мубталошудаи моро аз ин вартаи фалокатбор берун кашид ва бо меҳнату заҳмати пайвастаи бедареғ, хизмати софдилонаи шабонарӯзӣ ба нафъи халқу Ватан...
Имрӯз (12.11.2021) бо ибтикори факултети фарматсевтии ДМТ конференсияи байналмилалии илмию амалӣ дар мавзӯи “Фарматсия: аз илм ба истеҳсолот” баргузор гардид. Конференсияи мазкур ба сухани муқаддимавии муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Сафармамадзода С. ва декани факултет, доктори илмҳои фарматсевтӣ, профессор Мӯсозода С. ифтитоҳ ёфт. Дар ифтитоҳи ҳамоиш маърӯзаҳои намояндагии ҶСК “Гедеон Рихтер”-и Венгрия...

Эълонҳо