САФАРИ ТАЪРИХИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ҶУМҲУРИИ АРАБИИ МИСР

301

Дар таърихи 6 ноябри соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар Конфронси 27-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (КОП-27) ба шаҳри Шарм-уш-Шайхи Ҷумҳурии Арабии Миср сафар карданд. Нахуст дар доираи сафар дар ин рӯз бо Директори идории Хазинаи байналмилалии асъор (ХБА) хонум Кристалина Георгиева мулоқот карданд ва масълаҳои ҳамкории Тоҷикистон ва Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ карда шуд.

Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки Хазинаи байналмилалии асъор дар тараққиёти устувори иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон саҳми бориз дорад. Зикр гардид, ки Тоҷикистон соли 1993 ба аъзогии Хазинаи байналмилалии асъор пазируфта шуд ва ин Хазина дар пешбурди ислоҳоти иқтисодӣ, нигоҳдории суботи макроиқтисодӣ, дастгирии тавозуни пардохт, таъмини устувории захираҳои байналмилалӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, бахусус дар давраи пандемияи коронавирус саҳми арзанда расонидааст.

Кристалина Георгиева ва Эмомалӣ Раҳмон доир ба самтҳои гуногуни ҳамкорӣ, бахусус ҳалли проблемаҳои тағйрёбии иқлим, роҳҳои ҳалли маъалаҳои обу иқлим ва дигар мавзуоти мубрам мубодилаи афкор намуданд ва ҳамкориҳои минбаъдаи Тоҷикистон ва Хазинаро дар татбиқи минбаъдаи ислоҳоти иқтисодӣ ва тараққиёти Тоҷикистон муҳим донистанд.

Ҳамзамон аз Кристалина Георгиева даъват шуд, ки ба Тоҷикистон ташриф биёрад.

Дар ин рӯз, яъне 6 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Шарм-уш-Шайх роҳбари Ширкати мисрии ЭЛСЕВЕДӢ ЭЛЕКТРИК “ELSEWEDY ELECTRIC” Аҳмад Ал-Сувейдиро ба ҳузур пазируфтанд. Дар вохӯрӣ масъалаи ба роҳ мондани ҳамкории судманди Тоҷикистон ва ширкати мисрии ЭЛСЕВЕДӢ ЭЛЕКТРИК матраҳ гардид.

Таъкид гардид, ки дар Тоҷикистон фазои мусоид ва имкониятҳои фарохи сармоягузорӣ мавҷуд буда, минтақаҳои озоди иқтисодӣ фаъолияти босамар доранд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ислоҳоти соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва барномаву стратегияҳои давлатӣ барои рушди соҳибкорӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ, таъсиси ширкатҳои муштарак ва дастгирии соҳибкории хурду миёна тадбирҳои созандаро амалӣ месозад.

Ширкати ЭЛСЕВЕДӢ ЭЛЕКТРИК “ELSEWEDY ELECTRIC” дар ҳамкорӣ бо Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба сохтмони як корхонаи нави трансформаторҳо дар шаҳри Бохтар, як неругоҳи обии барқӣ ва корхонаҳои истеҳсоли кабелҳо ва дигар техникаю таҷҳизот дар соҳаҳои энергетикаи барқӣ ва алоқа, ҳамкорӣ дар татбиқи лоиҳаҳои гуногуни истеҳсолӣ, зербиноӣ ва тиҷоратӣ дар соҳаҳои саноат, энергетика, алоқа, обёрӣ, кишоварзӣ ва технологияҳои сабз ба мувофиқаҳои пешакӣ расидаанд.

Рӯзи 7 ноябр Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Шарм-уш-Шейх ҳамзамон бо Директори иҷроияи Фонди иқлими сабз Яник Глемарек мулоқот карданд. Дар ин мулоқот тарафҳо масъалаҳои дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилоти глобалӣ ва натиҷаҳои кори Конфронси сатҳи баланди Созмони Милали Муттаҳидро муҳокима карданд. Президент Эмомалӣ Раҳмон ин имкони дидору мулоқот ва баррасии масоили ҳамкории дуҷонибаро омили муҳими тавсеаи ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Фонди иқлими сабз арзёбӣ намуданд. Қайд гардид, ки Тоҷикистон дар давоми 20 соли охир як зумра масоили глобалиро оид ба оби ошомиданӣ ва тағйирёбии иқлим пешниҳод кардааст, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ бо қаноатмандӣ пазируфта шудааст. Охирин пешниҳоди Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва бартараф намудани оқибатҳои тағйирёбии иқлим оид ба эълон намудани соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” мебошад. Зикр шуд, ки ҳоло бо ҷалби маблағҳои Фонди иқлими сабз дар Тоҷикистон 5 лоиҳа дар соҳаҳои энергетика, татбиқи чораҳои зарурӣ барои пешгирии хатарҳои табиӣ, устувории ҷомеаҳои осебпазири минтақаҳои кӯҳӣ ба паёмадҳои иқлимӣ, маблағгузорӣ дар бахши хусусӣ ва беҳтар намудани хизматрасонии обуҳавошиносӣ мавриди амал қарор дорад. Пешниҳод гардид, ки ҷаласаи Шӯрои идоракунандагони Фонди иқлими сабз дар соли 2024 дар шаҳри Душанбе баргузор карда шавад.

Нимаи дуюми рӯзи 7 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Павилиони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфронси бистуҳафтуми Тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим ширкат ва суханронӣ намуданд. Қайд гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тули таърихи ба тасвиб расидани Ковенсия иштирокчии фаъоли ин санади муҳими байналмилалӣ буд ва ҷиҳати иҷрои муқаррароти он ва қарорҳои ҷаласаҳои давраии тарафҳои Конвенсия пайваста тадбирҳои амалӣ меандешад.

Зикр шуд, ки дар Тоҷикистон чанде аз санадҳои стратегӣ дар ин самт таҳия карда шудааст ва ӯҳдадориҳои худро дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ иҷро менамояд. Қабули Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим барои давраи то соли 2030, ҳамзамон Саҳми дар сатҳи миллӣ муайяншуда, Гузориши чоруми миллӣ оид ба тағйирёбии иқлим ва Гузориши дусола оид ба газҳои гулхонаӣ аз ин шаҳодат медиҳад. Дар суханронӣ масъалаи обшавии босуръати пиряхҳо дар натиҷаи гармшавии глобалӣ ва обшавии босуръати пиряхҳои Тоҷикистон, аз ҷумла ба таври назаррас обшавии пиряхи воқеъ дар хушкӣ-Федченко ва пурра об шудани 13 ҳазор пиряхи Тоҷикистон қайд гардид. Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки дар ин замина “мо пешниҳод намудем, ки соли 2025 “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” эълон гардида, санаи мушаххасе ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо муайян карда шавад”.

Аз пешниҳоди Тоҷикистон оид ба таъсис додани “Бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ва дар сатҳи пасттарин қарор доштани ҳиссаи Тоҷикистон дар ҳаҷми глобалии партовҳои газҳои гулхонаӣ, аз рӯйи ин нишондиҳанда дар ҷойи 130-ум қарор доштани Тоҷикистон ёдоварӣ шуд. Инчунин, аз тасмимҳои Тоҷикистон оид ба кабудизоркунӣ, рушди соҳаи гидроэнергетика, ки яке аз манбаъҳои асосии истеҳсоли “энергияи сабз” аст, аз андозҳои аксиз ва арзиши иловашуда озод намудани воридоти нақлиёти барқии маҳз ба коҳиш додани партовҳои газҳои гулхонаӣ ба муҳити зист нигаронида шуда низ ёдоварӣ шуд. Қайд гардид, ки тасмимҳое, ки дар доираи чорабиниҳои Конфронси бисту ҳафтуми Тарафҳои Конвенсия гирифта мешаванд, ба ташаккули механизми ҳамкориҳо дар ин самт дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва глобалӣ мусоидат хоҳанд кард.

Ҳамзамон, 7 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Шарм-уш-Шайх бо Президенти Хазинаи байналмилалии рушди кишоварзӣ Алваро Ларио мулоқот карданд. Дар мулоқот масъалаи рушду густариши ҳамкории Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии рушди кишоварзӣ баррасӣ гардид.

Дар вохӯрӣ ҷалби Хазинаи байналмилалии рушди кишоварзӣ дар инкишофи инфрасохтори соҳаи кишоварзӣ, баланд бардоштани маҳсулнокии бахшҳои кишоварзӣ ва беҳдошти сатҳи зиндагии аҳолии деҳот муҳим арзёбӣ гардид. Барномаи имкониятҳои стратегии кишварии Хазина, ки ба дастгирии кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид ҷиҳати амалисозии Рӯзномаи 2030 оид ба рушди устувор ва таҳкими устувории муҳити зист равона шудааст, зарур шумурда шуд.

Ҳамзамон, 7 ноябри соли 2022 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Иҷлоси бисту ҳафтуми Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (КОП-27) бо Сарвазири Ҷумҳурии Арабии Миср Мустафо Мадбулӣ мулоқот карданд.

Дар вохӯрӣ масъалаи ҳамкории Тоҷикистону Миср, робитаҳои ду кишвар дар чаҳорчуби ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва рӯзномаи Конфронси сатҳи баланди Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим, баррасӣ гардид.

Эмомалӣ Раҳмон ва Мустафо Мабдулӣ ҳангоми вохӯрӣ густариши робитаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузориро аз самтҳои муҳими муносибатҳои ду кишвар арзёбӣ карда, фаъол намудани кори Комиссияи муштараки байниҳукуматиро барои баррасӣ ва тарҳрезии ҳамкориҳои минбаъда дар соҳаҳои мавриди назар зарур шумурданд. Инчунин масъалаи тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, бахусус дар таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ, истихроҷу коркарди маъданҳо, ҳамчунин энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ, фарҳанг ва сайёҳӣ, ҳамкорӣ дар самти мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва паҳншавии ақидаҳои тундгароёна, қазияи Афғонистон баррасӣ гардид.

7 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Подшоҳии Нидерланд муҳтарам Марк Рутте вохӯрда, дурнамои робитаҳои ду кишвар дар сатҳи дуҷониба ва ҳам дар чаҳорчуби ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид мавриди муҳокима қарор дода шуд. Таъкид гардид, ки дар давраи кунунӣ имкониятҳои зиёд ҷиҳати вусъат додани ҳамкориҳо дар самтҳои мухталифи иқтисодиву тиҷоратӣ, аз ҷумла энергетика ва коммуникатсия, саноат, кишоварзӣ, молия, сайёҳӣ, ҳамчунин, иҷтимоиву фарҳангӣ, бахусус маориф вуҷуд доранд.

Эмомалӣ Раҳмон ва Марк Рутте ҳамкории судмандро дар татбиқи рӯзномаи СММ оид ба масъалаҳои об махсусан қайд намуда, омодагии худро барои дар сатҳи баланд ҳамраисӣ намудани Конфронси СММ оид ба татбиқи миёнамуҳлати Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор – 2018-2028”-ро моҳи марти 2023, изҳор намуданд.

Инчунин дар таърихи 7 ноябр Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Павилиони оби Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ карданд.

Президенти мамлакат иброз доштанд, ки кишвари мо тайи зиёда аз ду даҳсолаи охир масъалаҳои обро дар рӯзномаи ҷаҳонии рушд бомаром ва фаъолона пеш мебарад. Дар ин давра бо ибтикори Тоҷикистон Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 8 қатъномаи марбут ба обро қабул намудааст. Қатъномаҳо дар бораи эълон кардани соли 2003 ҳамчун “Соли байналмилаллии оби тоза”, солҳои 2005-2015 ҳамчун “Даҳсолаи байналмилаллии амал “Об барои ҳаёт”, соли 2013 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳамкориҳо дар соҳаи об” аз ҷумлаи чунин иқдомот мебошанд.

Мавриди зикр аст, ки Павилиони об ва иқлими Тоҷикистон дар доираи Иҷлоси 27-уми Конфронси Тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим дар мавзуи “Муттаҳид кардани ҷаҳон барои мубориза бар зидди тағирёбии иқлим” ҷиҳати суръат бахшидан ба ҳадафҳои Созишномаи Париж ва Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим ташкил гардидааст.

Павилиони об ва иқлим аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Ҷумҳурии Арабии Миср, Британияи Кабир, Олмон ва Подшоҳии Нидерландия дар ҳамкорӣ бо зиёда аз 35 созмону ташкилоти мухталиф ташкил шуда, як платформаи беназир барои намоиш ва таблиғи нақши марказии об барои ноилшавӣ ба пешравӣ ҳам дар мутобиқшавӣ ва ҳам дар коҳишёбии тағйирёбии иқлим хоҳад шуд.

Павилиони об ва иқлим аз 7 то 18 ноябр дар шаҳри Шарм-уш-Шайх фаъолият карда, ҳар рӯзи он ба мавзӯҳои алоҳида бахшида мешавад. Барномаи он доираи васеи зермавзуъҳоро аз беҳдошт, ғизо ва энергетика, то масъалаҳои гендерӣ, рушд ва гуногунии биологӣ дар бар мегирад.

7 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Кения муҳтарам Уилям Рутто мулоқот карданд.

Вохӯрӣ бо ташаббуси ҷониби Кения доир гардида, дар рафти он масоили рушду густариши ҳамкории ду кишвар баррасӣ шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин имкони дидору мулоқотро барои муҳокимаи дурнамои муносибатҳои дуҷониба муҳим арзёбӣ карданд.

Ҳамзамон 7 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд хонум Одил Рено-Бассо мулоқот карданд. Зимни вохӯрӣ масоили ҳамкории Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд мавриди муҳокима қарор дода шуд.

Дар ин рӯз, яъне 7 ноябри соли 2022 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Шарм-уш-Шейхи Ҷумҳурии Арабии Миср дар иҷлоси бисту ҳафтуми Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (КОП-27) иштирок ва суханронӣ карданд. Таъкид гардид, ки хушксоливу обхезиҳои бесобиқаи соли равон дар ҷаҳон ва аз он ҷумла дар минтақаи Осиёи Марказӣ бори дигар собит намуданд, ки тағйирёбии иқлим аз умдатарин мушкилоти ҷаҳон боқӣ мемонад.

Тоҷикистон бо 93 фоизи ҳудуди куҳсораш дар баробари тағйирёбии иқлим хеле осебпазир мебошад. Офатҳои табиии вобаста ба ин раванд ҳамасола ба иқтисоди кишвари мо садҳо миллион доллар хисорот ворид карда, дар бисёр ҳолат боиси талафоти ҷонӣ мегарданд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки ҳиссаи Тоҷикистон дар ҳаҷми партовҳои газҳои гулхонаӣ хеле ночиз аст ва дар ин радабандӣ кишвари мо дар ҷойи 130-ум қарор дорад, яъне аз рӯйи андозаи пасти чунин партовҳо мавқеи пешсафро ишғол менамояд. Зиёда аз 98 фоизи нерӯи барқ дар Тоҷикистон аз ҳисоби захираҳои барқароршаванда, яъне “энергияи сабз”, бахусус гидроэнергетика ба даст меояд ва аз рӯи ин нишондиҳанда мо дар ҷаҳон дар мақоми шашум қарор дорем.

Эмомалӣ Раҳмон изҳори итминон карданд, ки кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид ва ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор тавассути иштироки фаъол, гирифтани уҳдадорӣ ва суръатбахшии амалҳо дар татбиқи ин масъулияти бузург кишвари моро дастгирӣ хоҳанд кард.

8 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Шарм-уш-Шейх бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гутерриш мулоқот карданд. Дар мулоқот масъалаи ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он баррасӣ карда шуд.

Таъкид гардид, ки имсол аз узвияти Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид 30 сол пур шуд ва кишвари мо дар ин муддат дар роҳи рушди устувор ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардид.

Эмомалӣ Раҳмон ва Антонио Гутерриш зимни мулоқот масъалаҳои татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор, рафъи хатару таҳдидҳои муосир, таъмини арзишҳои волои инсоният, муқовимати муассир ба хатару таҳдидҳои замони муосирро муҳокима карданд. Масъалаи вобаста ба вазъият дар Афғонистон ва таъсири он ба минтақа низ баррасӣ гардид. Антонио Гутерриш саҳми калидии Тоҷикистон ва Сарвари онро дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ, бахусус мушкилоти вобаста ба об ва масъалаҳои амниятӣ таъкид намуд.

8 ноябр Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Шарм-уш-Шейх бо Президенти Бонки ҷаҳонӣ Дэвид Малпас вохӯрданд ва вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистону Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ карда шуд. Эмомалӣ Раҳмон ва Дэвид Малпас роҳҳои нави ҳамкорӣ дар самти коҳиш додани таъсири омилҳои беруна ба иқтисоди Тоҷикистон, татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории рушди инфрасохтор, аз байн бурдани маҳдудиятҳои содиротиву воридотӣ ва транзити молу маҳсулотро матраҳ карданд. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз Президенти Бонки ҷаҳонӣ Дэвид Малпас даъват карданд, ки ба Тоҷикистон ташриф орад.

Таҳияи Турсунов Т.