ТАЪСИРИ ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ БА ЗАХИРАҲОИ ОБ, МУШКИЛОТИ ЭКОЛОГӢ ВА ТАТБИҚИ ИҚТИСОДИ САБЗ

300

(Дар ҳошияи иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат дар Конфронси 27-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим дар шаҳри Шарм-уш-Шайхи Ҷумҳурии Арабии Миср)

Баландшавии ҳарорати ҳаво дар садсолаи охир, ки боиси кам гардидан ва аз байн рафтани захираҳои об, аз ҷумла пиряхҳо гардид, мушкилоти инсонҳоро афзун намуд ва дар ин замина офатҳои фоҷианокро ба бор овард. Дар давоми 60-соли охир ба андозаи 0,5 то 1,0 дараҷа селсий баланд гардидани ҳаво боиси таъсири манфӣ расонидан ба захираҳои обӣ гардида, ҳамасола ин раванд метавонад ба иқтисодиёти ҷаҳон то 2 триллион доллари амрикоӣ зарар расонад.

Офатҳои табиии марбут ба об хисороти молию ҷонии фоҷиаборро ба иқтисодиёти давлатҳо оварда, заминҳои ҳосилхез, маҳалҳои аҳолинишин, роҳҳо, кӯпрукҳо, корезҳи обёрӣ, иншоотҳои гидротехникӣ ва одамону молу сарвати онҳоро ба коми офат мекашад. Солҳои 1987- 1997 дар натиҷаи офатҳои табиии ба шакли обхезӣ ва сел ба вуқуъ омада, зиёда аз 28800 нафар одамон ҷон бохта, иқтисодиёти давлатҳои ҷаҳон зиёда аз 136 миллиард доллари амрикоӣ зарар диданд. Танҳо дар натиҷаи обхезии соли 2002 мамлакатҳои Аврупо 20 миллиард доллари амрикоӣ зарар дида, 100 нафар ҷон бохтаанд.

Дар солҳои охир то 30% пиряхҳои Тоҷикистон об шуданд ва ин тамоюл, мутаассифона то ҳоло давом дорад. Масоҳати бузургтарин пиряхи қитъавӣ Федченко дар Тоҷикистон ба андозаи то 2 км коҳиш ёфтааст. Ин омилҳо ва дигар омилҳои ба онҳо таъсиррасон боиси ҳодисаҳои обхезӣ ва сели соли 2005 дар ҳавзаи дарёи Панҷ – ҳудуди ноҳияи Ҳамадонӣ, солҳои 2006 – 2015 дар ҳавзаи дарёи Сурхоб дар ҳудуди ноҳияи Рашт, соли 2010 дар ҳавзаи дарёҳои Қизилсу ва Яхсу дар ҳудуди ноҳияҳои Кӯлобу Восеъ, соли 2015 дар ҳавзаи дарёи Бартанг дар ҳудуди ноҳияи Рӯшон, дар ҳавзаи дарёи Панҷ ва шохобҳои он дар ҳудуди ноҳияҳои Шуғнон, Ишкошим, Мурғоб, Ванҷ, соли 2016 дар ҳавзаи дарёи Элок дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ, ҳавзаи дарёи Зарафшон дар ҳудуди ноҳияҳои Айнию Панҷакент ҳисороти на танҳо молии зиёд, инчунин, ҷонӣ низ расонид.

Солҳои 80-уми асри гузашта инқилоби саноатӣ ба вуҷуд омад, ки истифодаи захираҳои барқарорнашавандаи табиӣ, аз ҷумла нефту газ, ангишт зиёд гардида, сабаби зиёдгардии гази карбон дар атмосфера ва халалдоршавии суботи экологӣ гардид. Ҳоло ҳисороти офатҳои табиӣ ба мардум ва иқтисодиёти кишварҳо ҳамасола зиёда аз 60 миллард доллари амрикоӣ арзёбӣ гардида, бар замми ин ҳамасола 1,2 миллиард нафар аз офати табиии хушксолӣ ва биёбоншавӣ азият мекашанд. Солҳои 1990 – 2001 дар ҷаҳон 2200 офатҳои табиии хурду калони марбут ба об ба вуқуъ омадааст, ки 50%-и онро обхезӣ, 28%-ро паҳншавии касалиҳои сироятӣ ва 11%-ро хушксолӣ ташкил медиҳад. Ба вуқуъ омадани ин офатҳои табиӣ дар Осиё 35%, дар Африка 29%, Америка 20%, Аврупо 13% ва Океания 3%-ро ташкил додааст.

Аз 10 намуди офатҳои табиии маъмул дар Тоҷикистон 7 намуд ва ё 70-и онҳоро офатҳои табиии марбут ба об ташкил медиҳад. Мувофиқи маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва муҳофизати шаҳрвандии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 1997 – 2014 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 3194 офати табиӣ ба амал омадааст, ки аз он 1371 ҳодисаро ё 42,9% -ро сел, 550 ё 17,2%-ро тармафӯроӣ, 229 ё 7,2%-ро ярч, 185 ё 5,8%-ро обхезӣ, 83 ё 2,6%-ро барфу хунукӣ, 58 ё 1,8%-ро хушксолӣ ва 53 ё 1,6%-ро борону жола ташкил додааст. Мувофиқи маълумоти Кумитаи болозикр дар давоми солҳои 1998-2014 дар қаламрави кишвар 756 ҳодисаи фоҷиабор ба вуқуъ омада, ҷони 258 нафар инсонро рабудааст, аз ҷумла дар ноҳияи Рашт 67 ҳодиса ва 74 бохти ҷонӣ, Лахш 63 ҳодиса ва 43 бохти ҷонӣ, Роштқалъа 95 ҳодиса ва 30 бохти ҷонӣ, Айнӣ 49 ҳодиса ва 22 бохти ҷонӣ, Нуробод 53 ҳодиса ва 21 бохти ҷонӣ, Кӯлоб 39 ҳодиса ва 18 бохти ҷонӣ, Шуғнон 128 ҳодиса ва 15 бохти ҷонӣ, Рӯдакӣ 48 ҳодиса ва 13 бохти ҷонӣ, Тоҷикобод 69 ҳодиса ва 12 бохти ҷонӣ, Ишкошим 145 ҳодиса ва 10 бохти ҷонӣ ба қайд гирифта шудааст. Вобаста ба маълумотҳо ноҳияи Рӯшон бо 117 ҳодисаи офати табиӣ, шаҳри Душанбе бо 86 ҳодиса, ноҳияҳои Дарвоз бо 81 ҳодиса, Мурғоб бо 50 ҳодиса ва шаҳри Исфара бо 46 ҳодиса низ ба ноҳияҳои аз ҷиҳати офатҳои табиӣ офатпазир дохил гардидаанд. Зарари дар давраи солҳои 1997-2014 ба мардум ва иқтисодиёти кишвар расидаро коршиносон зиёда аз 500 миллион доллари амрикоӣ арзёбӣ намудаанд, ки аз он зарари ҳамасола аз ҳисоби ҳодисаи сел ба вуқуъ омада, 15 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Соли 2001 аз ҳисоби хушксолӣ 5,4 миллион доллари амрикоӣ иқтисодиёти кишвар зарар дидааст.

Энергетика ба яке аз омилҳои муҳимтарини ҳастии давлатҳои олам табдил ёфта, бе рушди энергетика рушди соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт ғайриимкон гардидааст. Тибқи арзёбии созмонҳои байналмилалии молиявӣ Тоҷикистон аз рӯи фоизи истеҳсоли «энергияи сабз», яъне нерӯи аз ҷиҳати экологӣ тоза ба қатори шаш кишвари пешсафи сайёра шомил гардида, имрӯз истеҳсоли ин намуди энергия дар кишвари мо 98 фоизро ташкил медиҳад.

Иқтисоди сабз фарогири асосан истифодаи захираҳои барқароршавандаи табиӣ ба мақсади истеҳсоли неруи барқ мебошад, ки суботи экологиро халалдор наменамоянд ва ба муҳити атроф таъсири манфӣ намерасонанд. Иқтисоди сабз имкони дастрасӣ ба барқи арзонро дар ҳамбастагӣ бо суботи экологӣ фароҳам меоварад.

Имрӯзҳо 1,3 миллиард нафар аҳолии сайёра дастрасӣ ба неруи барқ надоранд. Дар даврони соҳибистиқлолӣ аз ҳисоби татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнок барои рушди соҳаи энергетика муяссар шуд, ки дар самти таъмини истиқлолияти энергетикӣ иншооти хурду бузурги муҳими истеҳсолу интиқоли барқро ба истифода дода, низоми ягонаи энергетикии кишвар бунёд гардида, иқтидорҳои нав ба кор андохта шуданд.

Бо назардошти он, ки ягон кишвар тараққиёти худро бе рушди энергетика таъмин карда наметавонад, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ яке аз ҳадафҳои стратегии давлат ҳисобида шуда, ба мақсади ноил шудан ба ин ҳадаф ва азхудкуниву истифодаи самараноки захираҳои бузурги энергетикии мамлакат татбиқ шуда истодаанд.

Андамов Р.Ш.,декани факултети геологияи ДМТ

Шарифов Г.В., дотсенти кафедраи гидрогеология ва геологияи муҳандисӣ