НАҶОТБАХШИ САЙЁРА

270

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлоси бисту ҳафтуми Конфронси ҷонибҳои Конфенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим (КОП – 27) вобаста ба масоили об чунин қайд намуданд:

“Хушксоливу обхезиҳои бесобиқаи соли равон дар ҷаҳон ва аз он ҷумла дар минтақаи Осиёи Марказӣ бори дигар собит намуданд, ки тағйирёбии иқлим аз умдатарин мушкилоти ҷаҳон боқӣ мемонад. Захираҳои об дар раванди мутобиқшавӣ ва устуворнокӣ ба тағйирёбии иқлим, ҳамчун, коҳиш додани оқибатҳои он нақши калидӣ доранд.”

Воқеан қабул ва эътироф гардидани ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби кишварҳои сайёра ва созмонҳои байналмилалӣ яке аз муваффақиятҳои давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Аз ҷумла, ташаббуси чоруми Тоҷикистон оид ба Даҳсолаи нави байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028”, ки аз ҷониби Маҷмааи умумии Созмони Миллали Муттаҳид қабул гардид, боиси ифтихори сокинони кишвар гардидааст.

Дар ҷаҳони муосир талабот ба захираҳои табиӣ рӯз то рӯз меафзояд. Солҳост, ки сарварони кишварҳои ҷаҳон ва созмону ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ ба мавзӯи об таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мекунанд, зеро масъалаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва ҳифзи муҳити зист маҳз ба ҳамин манбаи ҳаёт иртибот доранд. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббусҳои хеш ҳамчун иштирокчии фаъоли ҳалли мушкилоти ҷаҳонии об боқӣ мемонад. Манбаъҳои обӣ барои рушди устувор ва аз байн бурдани камбизоативу гуруснагӣ ва барои расидан ба ҳадафҳои рушди устувор марбут ба соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологӣ дар сатҳи байналмилалии мувофиқашуда аҳамияти аввалиндараҷа доранд. Ин нуқтаи муҳим низ зимни суханронии худ Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлоси бисту ҳафтуми Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим (КОП-27) қайд намуданд, ки “Афзоиши офатҳои табиии вобаста ба об робитаи ногусастании захираҳои онро бо тағйирёбии иқлим таъкид менамояд. Имрӯз захираҳои онро бо тағйирёбии иқлим қарор доранд.”

Дар ҳақиқат Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба сифати ташаббускор ва пешсафи фаъоли ҳалли масоили глобалии вобаста ба истифодаи босамари захираҳои об эътироф гардидааст.

Об дар тараққиёти инсоният нақши ниҳоят муҳим иҷро мекунад. Одамон аз қадимулаём дар наздикии сарчашмаҳои об, ки омили муҳими зиндагӣ ва некуаҳволӣ мебошад, ҷойгир мешуданд. Дар шароити муосири бошиддат зиёд шудани шумораи аҳолӣ, рушди иқтисодиёт ва таъсири дигар хатарҳо, ки боиси сарбориҳои иловагӣ болои захираҳои табиӣ шудаанд, арзиш ва қимати об чандин маротиба боло меравад.

Об ҳамчун омили муҳими рушди устувор, дар бештари санадҳои сатҳи ҷаҳонӣ, минтақавӣ ва миллӣ, инчунин стратегияҳои рушд нишон дода шудааст. Ҳамчун вазифаи муҳим ворид намудани ҳалли паҳлӯҳои гуногуни мушкилоти об мебошад. Ба ин ҷидду ҷаҳди ҷонибҳои манфиатдор мусоидат кардааст.

Шаҳзода Дилшодзода корманди ДМТ