• English
  • Русский
  • Тоҷики
Домой Блог Страница 131
Дастаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз рӯйи номинатсияҳои хондани қиссаву ривоятҳои халқӣ, асарҳои насрӣ ва аз ёд кардани осори адибони классикии тоҷик, хондан ва аз ёд кардани осори адибони муосири тоҷик ва адабиёти шифоҳӣ, хондан ва аз ёд кардани осори адибони ҷаҳон ва эҷоди назму наср иштирок намуда, бо соҳиб гардидани 13 ҷой...
Имрӯз (19.11.2021) бо ташаббуси ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х вохӯрии раиси КОА-и назди Президенти ҶТ Розиқзода А.Ш. бо мудирон, садоратҳо ва аъзоёни шӯроҳои диссертатсионии назди донишгоҳ амалкунанда баргузор гардид.  Дар вохӯрӣ Розиқзода А.Ш. дар робита ба аз нав ба қайд гирифтани шӯроҳои диссертатсионӣ, омода намудани тарзи дурусти ҳуҷҷатҳои номзадию докторӣ, бе ғараз баҳо додан ба рисолаҳои илмӣ, дуруст ба роҳ...
Тағйирёбии ҷаҳони муосир ва талаботи меъёрҳои сатҳи байналмилалии соҳаи иқтисод нишон медиҳанд, ки мунтазам ба ҷараёни таълим ва сифати касбомӯзии мутахассисон бознигарӣ карда шуда, давоми ҳар сол усулҳои нави кориро пеш бояд гирифт. Яъне, дар асри XXI иттилоот ва вақт ба яке аз омилҳои муҳимми истеҳсолӣ мубаддал гаштаанд. Бо талаботи замон қадам ниҳодан, истифода бурдани воситаҳои...
Имрӯз (17.11.2021) дар толори калони ДМТ тибқи Нақша-чорабиниҳои донишгоҳ ҷиҳати татбиқ ва иҷрои бандҳои «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» ва «Барномаи давлатии муқовимат ба ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030» вохӯрии устодону донишҷӯёни донишгоҳ бо намояндаи КДАМ Валиев Н.М. доир гардид.       Дар оғоз ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. дар робита...
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои ишғоли вазифа дар кафедраҳои зерин озмун эълон менамояд: 1.Вазифаи мудири кафедра барои кафедраҳои таҳлили математикӣ ва назарияи функсияҳо, алгебра ва назарияи ададҳо, математикаи олии факултети механикаю математика, кафедраҳои физикаи ҳаста, физикаи умумӣ, физикаи назариявии факултети физика, химияи органикӣ, химияи татбиқӣ, химияи таҳлилӣ, технологияи истеҳсолоти химиявӣ, усули таълими...
Дар вохӯрии навбатии ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо устодону кормандони факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамӣ масъалаҳои зерин баррасӣ шуданд. 1. Истифодаи технологияи информатсионӣ дар ҷараёни таълим. 2. Ба донишҷӯён шинос намудани номгӯйи ҳуҷҷатҳои вобаста ба молияву муҳосибот. 3. Ташкили семинарҳои омӯзишӣ дар робита...
Дар таърихи 16.11.2021 ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пояи кафедраи филологияи араби факултети забонҳои Осиё ва Аврупои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвони “Заминаҳои ривоҷу ташаккули филологияи араб дар ҷаҳони муосир” конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид. Дар кори конференсия профессорон, дотсентон, аспирантон, унвонҷӯён ва докторантони Ph.D-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ,...
Имрӯз (16.11.2021) дар партави “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон гардидани солҳои 2020-2040 дар толори калони Шаҳраки донишҷӯёни донишгоҳ вохӯрии раиси Шӯрои зеҳни сунъии назди Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо донишҷӯёни факултетҳои иқтисодӣ, механикаю математика ва физикаи донишгоҳ доир гардид. Вохӯрӣ...
Агар Эъломияи Истиқлолияти ҶТ, ки 24-уми августи соли 1990 қабул гардидааст, Тоҷикистонро чун давлати соҳибистиқлол эълон намуда бошад, Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олӣ, ки санаи 16-ноябри соли 1992 баргузор гардид, Тоҷикистонро аз парокандашавӣ нигоҳ дошту миллати тоҷикро аз гирдоби нобудӣ берун кашид. Воқеан ҳам, Иҷлосияи таърихии ХVI Шӯрои Олӣ барои барқарорсозии сохти конститутсионии кишвар ва эъмори давлати демократӣ...
Ҳамасола 16 ноябр мардуми сарбаланди мамлакат “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро ботантана ҷашн мегиранд. Дар асоси Қонуни ҶТ “Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни ҶТ «Дар бораи рӯзҳои ид» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷашни умумимиллӣ пешниҳод гардида, 15 апрели соли 2016 онро Маҷлиси намояндагон қабул, 5...

Эълонҳо