• English
  • Русский
  • Тоҷики
Домой Блог Страница 136
https://youtu.be/9rTNEIfBJlU Имрӯз (20.10.2021) ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтақӣ Собириро ба ҳузур пазируфт. Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо дар робита ба густариш додани ҳамкориҳои илмию таълимӣ ва омӯзиши технологияи нави замонавӣ табодули афкор намуданд. Зимнан таъкид шуд, ки дастгоҳҳои наву замонавие, ки Президенти...
Омода намудани мутахассисони донандаи хуби забонҳои хориҷӣ, таҳияи дастуру китобҳои таълимӣ бо забони тоҷикӣ, ташкили семинарҳои омӯзишӣ бо иштироки меҳмонони хориҷӣ, иштироки фаъоли донишҷӯён дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ аз рӯйи забони англисӣ, сафарбар намудани омӯзгорони ҷавон ба хориҷи кишвар ҷиҳати такмил додани маҳорати забондонӣ ва дифоъи рисолаҳои илмӣ аз ҷумлаи масъалаҳое буданд, ки ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. зимни вохӯрӣ бо коллективи факултети...
Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 то 18-уми октябр дар шаҳри Кӯлоб мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба чавгонбозӣ миёни бонувон баргузор гардид. Дастаи бонувони варзишгари Донишгоҳи миллӣ бо роҳбарии сармураббӣ, корманди шоистаи тарбияи ҷисмонӣ, муаллими калони кафедраи умумидонишгоҳии тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши донишгоҳ Сунатулло Собиров дар мусобиқаи мазкур иштирок...
Дар вохӯрии навбатии ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо устодону кормандони факултети филологияи рус масъалаҳои гуногуни илмию таълимӣ, равобити байналмилалӣ ва хоҷагию маъмурӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Омода намудани мутахассисони донандаи хуби забони русӣ аз ҷумлаи масъалаҳои таҳлилшудаи нишасти мазкур буд. Зимнан таъкид шуд, ки устодони соҳибтаҷриба дар самти ҷалби ҷавонон ба...
Силсилавохӯриҳои судманд. Дар вохӯрии навбатии ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо устодону кормандони факултети журналистика масъалаҳои муҳимми илму таълим, равобити байналмилалӣ ва хоҷагидорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.  Дар вохӯрӣ зикр шуд, ки Роҳбарияти донишгоҳ ба устодону кормандони факултет таваҷҷуҳи зиёд дошта, ба эҷоди коллективи факултет ва расонаҳои ҳамкор эҳтироми хосса дорад. Акнун замон замони иттилоот аст...
Гузаронидани семинару маӽфилӽои илмӣ-назариявӣ дар кафедраи умумидонишгоӽии фалсафа ба ҳукми анъана даромадааст.  Маӽфили навбатӣ муштаракан дар доираи семинари илмӣ-назариявӣ ва маӽфили илмӣ-фалсафии донишҷӯён «Дар ҷустуҷӯи ӽақиқат» (роӽбари маӽфил дотсент Сайлиниссо Сафарова)  баргузор гардид, ки ба ин чорабинӣ доктори илмӽои иқтисод, профессор Хоҷааӽмад Умаров даъват шуда буданд. Маӽфилро мудири кафедра дотсент Ф.Аминов ифтитоӽ намуда, меӽмони чорабинии имрӯзаро хайра...
Талаботи замон Таваҷҷуҳи Ҳукумати ҷумҳурӣ ба соҳаи тиб зиёд аст. Таҳлили солҳои охир нишон медиҳанд, ки ҷавонон барои интихоби омӯзиши соҳаи тиб завқи бештар доранд. Факултети тиббии Донишгоҳи миллӣ аз ҷумлаи макони омода намудани чунин мутахассисон мебошад. Ҳайати устодони факултет бояд ҳамеша талош намоянд, ки беҳтарин усули таълим ва корбариро роҳандозӣ намуда, ихтисосҳои нав...
Дар аҳди бостон тибқи солшумории ниёкони мо, ки дар таърих бо номи “Солшумории зардуштӣ” шинохта шудааст, сол аз 12 моҳ ва ҳар моҳ аз 30 рӯз иборат буд. Исми моҳҳо ва рӯзҳои онҳо ба шарафи худоҳои то давраи зардуштӣ ва амшоспандону изадони зардуштӣ номгузорӣ шуда будаанд. Агар номи рӯз ва номи моҳ мувофиқи якдигар меафтоданд (масалан фарвандинмоҳ ва фарвардинрӯз), онро фархунда медонистанд ва...
Муддатест, ки Роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки бо намояндагони касбу кори гуногун, аз ҷумла бо муҳассилини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ вохӯрию мулоқоти судмандро ташкил намояд. Дар толори калони Шаҳраки донишҷӯён чунин мулоқот бо ташаббуси шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва рушди касбияти донишгоҳ баргузор гардид. Дар мулоқот сардори Раёсати кадрҳо ва корҳои махсус Э. Тавқиев, муовини сардори Раёсати...
(Чанд сухан аз мулоқоти Ректори ДМТ бо коллективи устодону кормандони факултети фарматсевтӣ) Дар мулоқоти навбатии Ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо коллективи факултети фарматсевтии донишгоҳ як зумра масъалаҳои илмию таълимӣ ва тарбияву хоҷагидорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ректори донишгоҳ ба садорат ва устодони факултети мазкур дар самти дуруст ба роҳ мондани ҷараёни корҳои илмию таълимӣ,...

Эълонҳо