• English
  • Русский
  • Тоҷики
Домой Блог Страница 137
Намояндагони Дафтари минтақавии ЮНЕСКО дар Алмато Кристинэ Товмасян ва Натали Ким дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи «Коҳиш додани осебпазирии аҳолӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ аз хатари кӯлҳои пиряхҳо дар шароити тағйирёбии иқлим» (GLOFCA) ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари корӣ анҷом дода, зимнан ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ташриф оварданд. Меҳмонони олиқадр бо муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Мирзамонзода Х.М. ва муовини ректор оид ба илм ва...
(Баррасии фаъолияти факултети химия)  Имрӯз (07.10.2021) дар асоси нақша-чорабиниҳои Раёсати ДМТ вохӯрии ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо ҳайати устодону кормандони факултети химияи донишгоҳ баргузор гардид. Мақсад аз баргузории вохӯрии мазкур баррасии фаъолияти илмию таълимӣ, байналмилалию молиявӣ ва хоҷагидории факултети мазкур буд. Ректори донишгоҳ бо тавсил аз фаъолияти факултети химияи донишгоҳ суханронӣ намуда, таъкид дошт, ки самтҳои...
                       (40-соли фаъолияти кафедра)  Имрӯз (07.10.2021) дар факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумурии Тоҷикистон ва 40 - солагии таъсисёбии кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷорати факултети мазкур дар мавзӯи «Рушди қонунгузории Тоҷикистон оид ба самтҳои алоҳидаи соҳибкорӣ» конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ баргузор гардид. Дар нишаст намояндагони сохторњои гуногуни илмию таълимӣ ва ниҳодҳои ҳифзи њуқуқи кишвар иштирок намуданд....
Имрӯз (06.10.2021) Студияи таълимии телевизион ва радиошунавонии (СТТР) факултети журналистикаи ДМТ бо таҷҳизоти нави замонавӣ муҷаҳҳаз гардид. Минбаъд донишҷӯёну устодони факултет машғулиятҳои амалиро дар паси дастгоҳҳои навтарини сабту наворбардорӣ, таҳияву пахши гуфтору барномаҳо баргузор менамоянд, ки ба касбошноӣ ва сатҳи баланди касбияти рӯзноманигорони оянда мусоидат хоҳад кард. Фароҳамсозии чунин имконият ба шарофати ҳамёрӣ ва дастгирии...
 Имрӯз (05.10.2021) бо ташаббуси кафедраи молия ва суғуртаи факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Масъалаҳои такмили механизми молиявию қарзии рушди иқтисодиёти миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявӣ доир гардид. Нишаст бо сухани муқаддимавии мудири кафедраи молия ва суғурта, профессор Иброҳимзода И. оғоз ёфт. Мавсуф зимни суханронӣ қайд намуд, ки «Дар раванди...
ОЗМУН: БЕҲТАРИН КОРҲОИ ИННОВАТСИОНӢ Озмун барои корҳои беҳтарини инноватсионӣ байни хонандагони литсей, донишҷӯён, унвонҷӯён, аспирантон, докторантон ва ҳайати устодону профессорони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Озмуни мазкур бо мақсади баланд бардоштани фаъолияти илмиву инноватсионии хонандагони литсей, донишҷӯён, унвонҷӯён, аспирантон, докторантон ва ҳайати устодону профессорони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, тақвият додани омодагии касбии онҳо бо назардошти талаботи бозор ва афзун намудани...
Бо мақсади амалисозии ҳадафҳои давлату ҳукумати мамлакат дар робита ба рушду инкишофи илму маърифат ва ҷалби бештари хонандагон ба китобу китобхонӣ Донишгоҳи миллӣ пайваста тадбирҳои зарурӣ меандешад. Бо ин мақсад, имрӯз (04.10.2021) дар Шаҳраки донишҷӯёни ДМТ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи забони давлатӣ аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии таъминот ва савдои «Китоб»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи баргузории...
ТАБРИКОТИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН, ПРОФЕССОР ХУШВАХТЗОДА Қ.Х. БАХШИДА БА РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ  Устодон, кормандон ва донишҷӯёни азиз! Боиси хушнудист, ки ҳамасола санаи 5-уми октябрро ҳамчун Рӯзи забони давлатӣ бо ифтихору сарфарозӣ аз забони давлати соҳибистиқлоламон таҷлил мекунем. Барои ҳар як фарди ҷомеа донистани забони модарӣ - арҷгузорӣ ба миллат...
 Барои ман забони тоҷикӣ на танҳо воситаи гуфтугӯю муошират ба шумор меравад, балки болотар аз он, шиносномаи миллати азизам, рӯҳи поки гузаштагонам ва оинаи осори ниёконам мебошад. Эмомалӣ Раҳмон Дар ҳама давру замон эҳтиром гузоштан ба рукнҳои муҳимтарине, ки ҳастии давлату миллати тоҷик аз онҳо вобастагии қавӣ дорад, амри...
Имрӯз (02.10.2021) дар ҷаласаи муовини аввал, муовини ректор оид ба таълими ДМТ Абдулмуминзода Н.А. бо иштироки кормандони кисми таълим ва муовинони декани факултетҳо масъалаҳои интизоми меҳнат, танзими ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқии ҷараёни таълим, назорати санадҳои сессияи санҷишию имтиҳонӣ, натиҷаи фаъолияти Комиссияи қабул, таъмини донишҷӯён бо стипендия, назорати давомоти донишҷӯёни шуъбаҳои рӯзона ва фосилавӣ, инчунин, беҳтар намудани сифати таҳсилот мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Эълонҳо