САҲМИ БОНУВОН ДАР БАРГУЗОРИИ ИҶЛОСИЯИ ТАҚДИРСОЗ

244

Аз баргузории Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сол сипарӣ мегардад. Ба ёд овардани ин санаи муҳимми таърихӣ, ки воқеан оғози аз вартаи ҳалокатбори ҷанги шаҳрвандӣ раҳо ёфтан ва тадриҷан ба остонаи сулҳу ваҳдат, ризояти миллӣ ва созандагию бунёдкорӣ расидани миллати мо гардид, қарзи инсонии ҳар фарди солимфикри ҷомеа мебошад. Бо ин мақсад имрӯз (10.11.2022) дар доираи нақшаи чорабиниҳои раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ҳамзамон, нақшаи баргузории суҳбату вохӯриҳои судманди факултети ҳуқуқшиносии донишгоҳ вохӯрии муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хайриниссо Юсуфӣ, яке аз аввалин вазирони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Додхудоева О. ва иштирокчии Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Раҳмонова бо донишҷӯдухтарони донишгоҳ доир гардид.

Вохӯрӣ бо сухани муқаддимавии декани факултети ҳуқуқшиносӣ Қурбонализода Н. оғоз ёфт. Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Хушвахтзода Қ.Х. зимни суханронии хеш иштирокчиёнро бо 30 – солгарди Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, қайд карданд, ки Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯйдоди воқеан таърихӣ мебошад, зеро маҳз дар ҳамин Иҷлосия тақдири ояндаи давлати миллии тоҷикон тарҳрезӣ гардид ва ба суйи ҳадафҳои бузурги умумимиллӣ – сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ қадами нахустин гузошта шуд.

Ректори донишгоҳ дар идома оид ба сиёсати иҷтимоии бонувон ва фаъолияти занону духтарони донишгоҳ суханронӣ намуда, афзуд, ки бонувон зери таваҷҷуҳи махсуси Роҳбарияти олии мамлакат қарор доранд.

Додхудоева Б. зимни суханронии хеш аз он рӯзҳо чунин ёд кард: Воқеан Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор ходимон ва сиёсатмадоронеро ба майдони давлатдорӣ, ватандӯстӣ овард, ки нисбатан ҷавон ва ҷонибдори ғояҳои нав буда, минбаъд дар рафти кор баробари давлати тозаистиқлол обутоб ёфтанд ва аз мактаби камолоти сиёсӣ баҳравар гаштанд. Вале қадамҳои аввал ниҳоят душвор буд, мушкилӣ, проблемаҳои ҳалталаби зиёд чун куҳи гарон фишор меоварданд…. Ман дар аввал вазириро қабул накардам, зеро соҳаи маориф фалаҷ гардида буд. Мактабҳо ҳама сӯхта буданд ва омӯзгорон дар зери дарахтон дарс мегузаштанд. Эмомалӣ Раҳмон гуфтанд, ки “Муаллима Шумо метавонед, таҷриба доред, ман бо шумоям, бояд маорифро якҷоя наҷот диҳем.”

“Иҷлосияи тақдирсоз аз лаҳзаҳои аввали фаъолияташ манфиатҳои умумимиллӣ ва умумидавлатиро аз ғаразу манфиатҳои шахсӣ, гурӯҳӣ, ҳизбӣ, минтақавӣ ва маҳаллӣ афзалтар буд. Ба волоияти қонун ва бо роҳи қонунӣ ҳаллу фасл намудани тамоми мушкилоти ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва маънавӣ ибтидо гузошт. Дар он рӯзҳои мудҳиш – дар ҳолате, ки тифли навзоди истиқлолият андаруни гаҳвора интизори навозишу ғамхорӣ буд, ҳизбу ҳаракатҳои оштинопазир ва нерӯҳои ба ҳамдигар мухолиф теғ бар сари якдигар кашида, кишвари тозаистиқлоли тоҷиконро ба гирдоби бӯҳрони шадиди сиёсиву иҷтисодӣ ва иҷтимоӣ тела медоданд.

Аз он айёми бенизомӣ ҳарчӣ бештар гузарад, мо инро амиқтар эҳсос менамоем, вале барои он ки халқи тоҷик ба қадри тинҷию амонӣ расад ва зарурати мустаҳкам намудани пояҳои давлатро дарк намояд, моро лозим омад, ки аз миёни оташи сӯзандаи ҷанги шаҳрвандӣ гузарем, ҷанге, ки мислашро касе ёд надорад. Имрӯз бояд шукргузорӣ истиқлолияти комил ва фазои ваҳдатовари кишварамон бошем. Зеро бо интихоб гардидани Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун раиси Шуро, ки миллати парокандаро сарҷамъ намуд, 30 сол сипарӣ мешавад. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лаҳзаи ба иҷрои вазифа шуруъ намуданашон, ин суханҳоро ба забон оварда буданд, ки абадан дар хотири мо нақш бастааст: “Ман ба Шумо сулҳ меорам!” – чунин афзуд А.Раҳмонова.

Муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хайриниссо Юсуфӣ зимни суханронии хеш афзуд, ки Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тақозои таърих на танҳо тифли дар гаҳвора будаи истиқлолиятро наҷот дод, балки тақдири ояндаи ӯро муайян сохт. Соҳаи маориф натанҳо яке аз соҳаҳои асосӣ ва афзалиятноки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, балки он пояи муҳимтарини давлатдории миллӣ, омили таъминкунандаи рушди устувори давлат ва шарти асосии пешрафти ҷомеа ба ҳисоб меравад. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояшон бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуданд: “Беҳтарин ва бузургтарин дастоварди таърихи навини миллати куҳанбунёд ва соҳибфарҳанги тоҷик сулҳ ва истиқлолият аст. Вазифаи виҷдонии ҳар кадоми мост, ки ин дастовардро чун гавҳари чашм ҳифз кунем ва шукронаи ин неъмати бузургро ба ҷо орем.!”.