ТАШАББУСҲОИ ОЛАМШУМУЛИ САРИВАҚТӢ

290

Дар ҷаҳони муттамаддин, новобаста аз мушкилоти гуногуни муносибатҳои байналналхалқӣ, ҳамкориҳои дастаҷамъонаи кишварҳои ҷаҳон баҳри дарёфти роҳи ҳалли масоили дорои хислати глобалӣ дошта, баръало ба назар мерасад. Дар рафти ин фаъолияти босамар, ҷалби амалҳои созандаи давлатҳои аъзо, таваҷҷуҳ ба ҷустуҷӯ ва дарёфти роҳи ҳалли масъалаҳои глобалӣ пайваста зоҳир мегардад.

Оғози асри XXI барои давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон давраи пешниҳоди ташаббусҳои наҷибона, ки заминаи амали рушди устувори кишвар ва ҷомеаи ҷаҳонӣ аст, ба ҳисоб меравад. Давлату Ҳукумати Тоҷикистон тавассути кӯшишҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри расидан ба ормонҳои миллӣ устуворона мавқеи хешро дар арсаи байналмилалӣ бештар тақвият дода, дар баробари он сатҳи иҷтимоию иқтисодӣ ва ҳаёти фарҳангию маънавии кишвар ба сатҳи сифатан нав инкишоф меёбад.

Об ҳамчун омили муҳими рушди устувор, дар бештари санадҳои сатҳи ҷаҳонӣ, минтақавӣ ва миллӣ, инчунин, стратегияҳои рушд инъикос ёфтааст. Ҳамчун вазифаи муҳим ворид намудани ҳалли ҷанбаҳои гуногуни мушкилоти об дар барномаи Ҳадафҳои Рушди Устувор далели бештар шудани диққат ба мушкилоти об мебошад. Ба ин ҷидду ҷаҳд, майл ва талоши азими ҷонибҳои манфиатдор мусоидат кардааст.

Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти об дар сатҳи минтақа низ нақши ҳалкунандаро иҷро мекунад. Дар мамлакати мо 60 фоизи захираҳои оби дарёҳои Осиёи Марказӣ (ҳавзаи баҳри Арал) тавлид мешаванд. Тоҷикистон ҳаммуассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал мебошад, ки барои муҳокимаи муҳимтарин масоили обҳои сарҳадӣ имкониятҳои муфид пешниҳод мекунанд. Дар шароити Осиёи Марказӣ, ки ҷараёни об асосан дар ду кишвари болооб ташаккул меёбад ва ҳиссаи бузурги он аз тарафи кишварҳои поёноб истифода мешавад, ҳамкории байнидавлатӣ дар соҳаи об на танҳо калиди ҳалли мушкилоти об ва рушди иҷтимоӣ-иқтисодӣ мегардад, балки омили сулҳ, устуворӣ ва амният мебошад.

Даъватҳои ҷаҳони муосир, ба монанди тағйирёбии иқлим, зиёд шудани шумораи аҳолӣ ва урбанизатсия (шаҳришавӣ) кайҳо боз маълуманд ва оид ба таъсири онҳо тадқиқоти сершумору таҳлилҳо гузаронида шудаанд. Маълум аст, ки дар натиҷаи таъсири ин даъватҳо то соли 2030 талаботи ҷаҳонӣ ба захираҳои об то ба 50% зиёд мешавад ва фарқ байни захираҳои мавҷудаи оби ошомиданӣ ва талабот ба он то ба 40% мерасад. Дар баробари ин, тибқи баҳогузории пажӯҳишгоҳҳои мухталиф ва коршиносон то ҳоло зиёда аз 844 миллион нафар одамон дар рӯи замин ба оби ошомидании безарар дастрасӣ надоранд, 1,8 млрд. нафар одамон аз обҳое менӯшанд, ки сарчашмаҳои онҳо олудаи ифлосӣ ҳастанд, 2,4 млрд. нафар одамон ба шароити беҳтари санитария дастрасӣ надоранд. Интизор меравад, ки то соли 2050 шумораи одамоне, ки дар минтақаҳои аз об танқисӣ дошта зиндагӣ мекунанд, то ба 2,3 млрд. мерасад. Таъсир ва зарари тағйирёбии иқлим бар асари офатҳои табиии ба об алоқаманд бештар ҳувайдо мешавад. Давоми солҳои 2000-2016 бар асари селу обхезиҳо зиёда аз 107 ҳазор одамон ба ҳалокат расидаанд. То соли 2050 ҳаҷми иқтидорҳое, ки таҳти хатари обхезӣ қарор мегиранд, тибқи ҳисобҳои пешакӣ метавонад 45 триллион доллари ИМА-ро ташкил кунад. Яке аз оқибатҳои ҷиддӣ дар ин маврид вайрон шудан ва аз кор баромадани инфрасохторҳои гуногуни хоҷагии халқ мебошад. Дар баробари он мушкилоти зикршуда инчунин дигар даъватҳову хатарҳое низ вуҷуд доранд, ки вазъи ба амаломадаро боз ҳам мураккаб мекунанд ва талошу кӯшишҳои мамлакатҳоро барои расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор барҳам мезананд. Маълум аст, ки ин тамоил давоми даҳсолаҳои наздик идома меёбад ва ба инсоният зарур аст, ки тамоми тадбирҳо ва амалҳоро барои ҳалли онҳо қабул намояд.

Мавриди зикр аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 07.11.2022 дар иҷлосияи бистуҳафтуми Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим (КОП-27), ки дар давлати Арабии Миср баргузор гардид, суханронӣ намуда, диққати ҷомеаи ҷаҳониро ба масъалаҳои марбут ба экология ва норасогии обу боришоти зиёд ва обхезиҳо, обшавии пиряхҳо ва хушкшавии баҳру обанборҳо ҷалб намуданд. Ҳамчунин, дар суханронии хеш Пешвои миллат таъкид намуданд, ки Тоҷикистон бо 93 фоизи ҳудуди куҳсораш дар баробари тағйирёбии иқлим хеле осебпазир мебошад. Таъкид низ гардид, ки ҳиссаи Тоҷикистон дар ҳаҷми партовҳои газҳои гулхонаӣ хеле ночиз аст ва дар ин радабандӣ дар ҷойи 130-ум қарор дорад, яъне аз рӯйи андозаи пасти чунин партовҳо мавқеи пешсафро ишғол менамояд. Зиёда аз 98 фоизи неруи барқ дар Тоҷикистон аз ҳисоби захираҳои барқароршаванда, яъне “энергияи сабз”, бахусус гидроэнергетика ба даст меояд ва аз рӯи ин нишондиҳанда мо дар ҷаҳон дар мақоми шашум қарор дорад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба сифати аъзои созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ чандин маротиба тавонист бо таҳияи пешниҳодҳои муҳим дар мавриди дарёфти роҳи ҳалли масоили глобалӣ саҳми худро гузорад. Ин иқдомҳои шоиста Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар пеши назари ҷаҳониён ҳамчун кишвари ташаббускор ва дорои таваҷҷуҳи хос дар ҳалли мушкилоти сайёра муаррифӣ намудааст.

Ҳ.Мирзоев