ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – ЭҲЁГАР ВА ИДОМАДИҲАНДАИ СУННАТҲОИ НЕКИ ДАВЛАТДОРИИ НИЁГОН

29

Андешаи сарварию роҳбарӣ дар таърихи афкори ҷамъиятии мардумони ориёинажод, аз ҷумла тоҷикон, решаҳои хеле амиқ дорад. Ҳанӯз аз қадимулайём ин мардуми тамаддунсоз аввалин абардавлатҳои ҷаҳонро таъсис додаанд. Аввалин андешаву тасаввуроти ормонии мардуми ориёинажод дар бораи шоҳи одилу додгустар дар «Авесто» – китоби муқаддаси дини зардуштӣ (ба қавли Гёте «дини меҳнатварзӣ ва танзими зиндагӣ»), «Худойнома» ва ёдгориҳои дигари хаттии фарҳанг ва адабиёти тоисломии онҳо инъикос ёфтаанд. Дар аҳди ислом анъанаи тоисломии шоҳноманависӣ муттасилона идома ёфта, шоҳкориҳои зиёде, мисли «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, «Таърихи паёмбарон ва шоҳон»-и Муҳаммад Ҷарири Табарӣ, «Шоҳнома»-и Саолибӣ, «Ҷовидон хирад» ва «Таҷориб ул-умам»-и Мискавайҳи Розӣ ва ғ. дар ин мавзӯъ таълиф шуданд.

Дар ин осори пуршаҳомат сирати шоҳони одилу додгустар, фазилатҳои ахлоқӣ ва суннатҳои неки давлатдории онҳо зикр шудаанд. Бо таваҷҷуҳ ба нақш ва масъулияти азими сарвари давлат дар сарнавишти раият, ҳакимону адибони асримиёнагии тоҷик, ба монанди Ибни Сино, Насириддини Тӯсӣ, имом Ғазолӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, дар шоҳкориҳои худ сифатҳои ахлоқӣ ва симои маънавиии сарвари намунавии давлатро тавсиф кардаанд. Умуман, масъалаи сарварии ҷомеа яке аз масъалаҳои меҳварии назарияи «шаҳри ормонӣ»-и мутафаккирони исломӣ маҳсуб мешавад. Дар осори пурғановати насрӣ ва назмии ниёгони мо ормонҳои ҳазорсолаи мардуми мутамаддини ориёинажод дар бораи сарвари одил ва давлати ҳуқуқбунёду мардумпарвар таҷассум ёфтаанд. Андешаи сарвари давлат ва давлатдорӣ дар хатсайри таърихии худ дар фазои фарҳанги мардуми ориёитабор давра ба давра, интиқол ва интишор ёфта, дар ҳар давру замон бо тақозои вазъу шароити мавҷуда такмил ва тағйир пазируфтааст ва то замони мо омада расидааст. Вале, новобаста аз ин таҳаввулоту тағйирот, ҳамаи ҳакимону адибони қадим ва асримиёнагӣ вуҷуди як сарвари одилу хирадмандро шарти муҳими бақо ва суботи ҷомеа ва давлат донистаанд. Таҳқиқи назарияи ҷомеаи ормонӣ ва шоҳи одилу додгустар барои дарки симои маънавию ахлоқӣ, вазифаҳо, ҳуқуқу ваколатҳои сарвари давлат аз дидгоҳи адабиёт ва фалсафаи классикии сиёсӣ-иҷтимоии тоҷик мусоидат мекунад. Ҳамин бахши арзишманди мероси фарҳангии ниёгон ҳамчун як заминаи муҳими ташаккули сират, шахсият, ҳуввият ва фазилатҳои неки маънавию ахлоқии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хизмат намудаанд ва ӯро маҳбуби ҳамагону машҳури ҷаҳон гардонидаанд. Огоҳии амиқ аз таърихи гузашта, аз ормонҳо ва арзишҳои миллии гузаштагон ба Пешвои миллат имкон додааст, ки аз ин мероси гаронбаҳо дар такмил ва таҳкими асосҳои ҳуқуқӣ, ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии давлати демократию ҳуқуқбунёди Тоҷикистон самаранок истифода баранд. Аз ин рӯ, дар ин мақола мо кӯшиш мекунем дараҷаи таъсирпазирӣ ва баҳрабардории Пешвои миллат аз ормонҳо ва арзишҳои миллӣ-сиёсии ниёгонро таҳлил ва ташхис карда, бо чанд мисоли мушаххас мухтасар шарҳу тавзеҳ диҳем.

1. Яке аз куҳантарин суннатҳои давлатдории мардуми ориёитабор, ки мӯҷиби пайдоиши анъанаи шоҳноманависӣ, достону корноманависӣ, ҳамосасароӣ ва баъдан илми таърихнигории асримиёнагӣ шудааст, ин аст, ки соири шоҳони одилу додгустари давраҳои қадим ба таърих ва воқеоту ҳодисоти таърихӣ аз дидгоҳи ахлоқу маънавият назар мекардаанд. Ҳадафи муаллифони таърихномаҳо ва ёдгориҳои дигари хаттӣ низ, танҳо воқеънигории таърих дар асоси санадҳо ва шавоҳид набуда, балки дарёфтан ва барои наслҳои оянда баён кардани мазмуну муҳтавои ахлоқию маънавии ҳодисоту воқеаҳои таърихӣ ва баҳрабардорӣ аз таҷрибаҳои неку созандаи фарҳангию давлатдории гузаштагон будааст. Барои тасдиқи ин сухан, гуфтори Анӯшервони Одил (Хусрави II, яке аз маъруфтарин шоҳони сулолаи Сосониён )-ро далел меоварем: «Он гоҳ ба шеваҳо ва ойинҳои пешин рӯй биёвардем ва бад-он чӣ барои мо ва сипоҳ ва мардуми мо судмандтар буд, оғоз кардем. Дар шеваҳои ниёгон аз Гуштосп то шаҳриёрии Қубод, падари хеш нек нигаристем ва он чӣ дуруст буд, баргирифтем ва он чӣ нодуруст буд, аз он рӯй бигардонидем. Ва дар ин кор меҳри падарон ҳаргиз моро ба пазируфтани шеваҳои носудманд барнаангехтааст, ки меҳри Яздон ва сипосу фармонбардории ӯро бартар доштаем. Аз он пас ба шеваҳои Руму Ҳинд пардохтем, ойинҳои ононро бо санҷаи хирад бисанҷидем ва сутудаҳои онро баргузидем ва аз миёни онҳо бад-он чӣ зевари шаҳриёримон буд, чанг задем ва онро хӯву шеваи хеш кардем ва ҳаргиз бад-он чӣ ҳавои нафс ба сӯи он мекашид, нагаравидем» (Мискавайҳ.

Таҷориб ул-умам. Ҷ.1. Тарҷумаи Абулқосими Имомӣ.- Теҳрон: «Суруш», 1369. -С.180).

Ҳамаи ин корҳои нек ва хислатҳои наҷиб, ки хоси Анӯшервон ва сойири шоҳону сарварони қадими мардуми ориёӣ буд, дар тӯли асрҳо ҳамчун анъана аз насл ба насл гузашта, ниҳоят дар сирати Пешвои миллат, ки нисбат ба таъриху фарҳанги миллат, суннатҳо ва таҷрибаҳои неки ниёгон меҳри беандоза доранд ва онҳоро дар Паёмҳои худ, дар асарҳои пурарзишу мондагори худ пайваста тарғибу ташвиқ ва дар фаъолияти гуногунҷанбаи роҳбарии худ устуворона пайравӣ менамоянд, ба таври хеле равшан инъикос ёфтааст.

2.Донистани таърих, адабиёт ва рӯй овардан ба илму маърифат яке аз омилҳои асосии пешравии ҷамъият аст. Ин омилро дар ҳар давру замон шоҳони бомаърифату илмдӯстдор сармашқи фаъолияти худ қарор додаанд. Таърих гувоҳ аст: яке аз давраҳои таърихии гулгулшукуфоии мардуми тоҷик давраи Сомониён буд. Дар ин давра таърихнигорӣ, адабиётшиносӣ, забоншиносӣ, дар маҷмӯъ фарҳангу маданияти тоҷик рӯй ба инкишоф ниҳод. Беҳтарин асарҳои илмӣ, таърихӣ пешниҳоди миллат гардид. Дар ин бора таърихнигорону аҳли илму адаб то имрӯз таҳқиқотҳои зиёдеро дар шакли рисола ва асарҳои илмӣ анҷом дода истодаанд.

Пешвои миллат ягона роҳбари муваффақу оқилест, ки ба илму олимон, сатҳи донишандӯзӣ диққати аввалиндараҷа медиҳад. Аз ҷониби Ҷаноби олӣ меҳнату донишу малакаи олимон қадр карда мешавад ва роҳбари зираку дурбин ба онҳо такя менамояд. Бо дастгириву роҳнамоии роҳбари давлат чи қадар китобҳои нодир аз нав рӯйи чопро диданд ва ба мардум туҳфа шуданд. Бо мақсади омӯзиши забон, фарҳангу тамаддуни ниёкон қувваозмоиҳои донишӣ, яъне китобхонӣ, дарёфти истеъдодҳо ташкил карда мешаванд. Барои донишомӯзӣ тамоми шароитҳо муҳайёст. Дар ин самт чи қадар, ки нависем, коғазу қалам оҷиз мемонад.

3. Муаллифи «Ғурар ус-сияр» зимни зикри таърихи сулолаи устуравии Пешдодиён аз корҳои неки Ҳушанг ёдовар шуда, менависад: «Бештари нависандагон бар онанд, ки Ҳушанг фарзанди Сиёмак фарзанди Каюмарс аст ва ҳамаи кишварҳо ва мардумро фармонбари хеш сохт ва заминро ободон кард. Ӯ нахустин касе аст, ки оҳан аз замин бадар овард ва аз он абзорҳо сохт ва чунон кард, ки мардумон аз обҳо баҳра баргирифтанд. Ва мардумро ба кишоварзию домдорӣ бароғолонид ва ба эшон омӯхт, ки чи гуна ҷӯйҳо ва рӯдҳо бикананд ва дарахтҳо биншонанд ва фармон дод, ки даррандагонро бикушанд ва аз пӯсти онҳо рахту зерандоз бисозанд. Ва низ ба мардум сар буридани гов ва гӯспанд омӯхт, то аз гӯшти он баҳра баранд. Ҳамчунин Ҳушанг нахустин касест, ки сохтмон сохт ва ба шаҳрсозӣ рӯй овард. Болотар аз ҳама он, ки оинҳо ниҳод ва дод густурд ва барои ҳамин ба ӯ номи «Пешдод» доданд, ки маънои он ба порсӣ нахустин касе аст, ки доварӣ ба дод кардааст»( Абӯмансур Абдулмалик ибни Муҳаммади Саолибии Нишопурӣ. Таърихи ғурар ус – сияр маъруф ба „Шоҳнома“-и Саолибӣ. – Душанбе: «Бухоро», 2014. –С. 42.).

Ободонии кишвар, сарсабзу хуррам гардонидани хиёбону кӯчаҳо, ҳашарҳои умумии ниҳолшинонӣ, рушди муттасилонаи соҳаи кишоварзӣ, сохтмони нерӯгоҳҳои муқтадири обии барқӣ, туннелҳо ва роҳҳо, таҳкими истиқлолияти энергетикӣ, таваҷҷуҳи пайваста ба вазъ ва мушкилоти сиёсию иқтисодии ҷаҳонӣ, муқовимати оштинопазирона зидди экстремизм, терроризм, қочоқи ғайриқонунии маводи мухаддир ва нерӯҳои дигари аҳримании замони муосир, ибтикороти шахсӣ дар арсаи байналмилалӣ ҷиҳати ҳалли масъалаҳои глобалии экологӣ – бархе аз самтҳои фаъолияти рӯзмараи Пешвои Миллат мебошанд, ки ҳамон таҷрибаҳо ва суннатҳои волои давлатдории Ҷамшеду Таҳмурас, Ҳушангу Фаридун, Кайхусрав, Курушу Доро, Шопуру Анӯшервон ва шоҳони дигари сулолаҳои Пешдодиён, Каёниён, Ҳахоманишиҳоро такрор ва инъикос мекунанд.

4. Тибқи андешаву тасаввуроти анъанавии мардуми ориёитабор, яке аз хислатҳои хуби сарвари одил – меҳрубонию ғамхорӣ ва муносибати ҳалимона бо мардум мебошад. «Гӯянд: меҳрубонии Ҷам дар баробари мардум монанди меҳри падару фарзанд буд» (Ҳамон манбаъ. –С. 48.).

Ин фазилати ахлоқии Ҷамшед – нахустин шоҳи устуравию ормониро мо дар сирати Пешвои миллат, зимни мулоқоту суҳбатҳояшон бо сокинони навоҳии гуногунии ҷумҳурӣ, алалхусус дар муносибаташон бо пиронсолон ва хурдсолону ятимон ба таври пайваста мушоҳида мекунем. Воқеан ҳам, дар муқоиса бо роҳбарони кишварҳои хориҷии дуру наздик, Пешвои миллат хеле бештар бо мардуми одӣ вохӯрию суҳбат мекунанд, бо вазъи зиндагии онҳо аз наздик шинос мешаванд, бо онҳо барои ҳалли мушкилоти гуногуни ҳаёти иҷтимоӣ маслиҳату машварат мекунанд. Пешвои миллат ба ҳамаи қишрҳои ҷомеа бо чашми падарона менигаранд ва бо меҳри падарона муносибат мекунанд. Мардум низ дар симо ва шахсияти Пешвои миллат «Президенти мардумӣ»-и худро мебинанд, ӯро сидқан ҳурмату эҳтиром мекунанд ва дастуру маслиҳатҳояшонро сармашқи кору зиндагии хеш қарор медиҳанд.

5. Ба ривояти сарчашмаҳо, замоне ки Фаридун бар авранги шоҳӣ нишаст, фармонравоёни дуру наздик ба назди ӯ омаданд, ӯро бо чеҳраи тобон ва суханони равон ва дилнишин ёфтанд ва диданд, ки чӣ гуна партави фарри эзидӣ бар ӯ ҳувайдо ва насими пирӯзӣ бар вай вазон аст.

Ҳамин гуна рӯйдоди таърихӣ дар замони муосир дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ба вуқӯъ пайвастааст ва он рӯйдод нахустин бор Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудани Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Сарвари давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон интихоб шудани ин абармарди фарзона, ки дар чеҳрааш «фарри эзадӣ» муҷалло буд, пас аз Истиқлолият, дуввумин воқеаи сарнавиштсози таърихи навтарини Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Рушди устувору бардавоми ҷамъиятию иқтисодӣ ва дастовардҳои азиме, ки Тоҷикистон дар зарфи 30 соли давраи соҳибистиқлолӣ таҳти сарварии Пешвои миллат ноил шуд, қотеъона собит менамоянд, ки мардуми мутамаддину фарҳангсолор сулҳдӯсту адолатхоҳ ва таҳаммулпазиру меҳнатқарини Тоҷикистон дар он интихоби худ хато накарданд. Онҳо воқеан ҳам шахсиятеро ба вазифаи сарварии кишвар интихоб карданд, ки тамоми сифатҳо, хислатҳо, фазилатҳои ахлоқӣ, қобилияту истеъдод, нерӯҳои зеҳнию ақлонӣ ва донишу таҷрибаҳои барои иҷрои ин вазифаи пурмасъулият заруриро дорад.

6. Аз ҷумлаи суннатҳои дигари шоҳони одилу додгустари қадим ин будааст, ки онҳо ҳамвора барои рушди иқтисоду хоҷагидорӣ ва ободу зебо кардани кишвар талош мекардаанд: «Чун Кайқубод корҳоро ба даст гирифт ва кишвар оромиш ёфт ва корҳо яксӯя шуд, ҳамаи тавонашро ба кор гирифт, то бар баҳраварӣ бияфзояд ва нишонаҳои нек аз худ ба ҷой гузорад ва пояҳои кишварро устувор кунад ва шаҳрҳоро ободон созад. Кайқубод ҳамвора дар андешаи ободонии кишвар буд. Ободониро ба зиндагӣ ва вайрониро ба марг монанд мекард ва аз дидани замини бегиёҳ нохушнуд мешуд ва онро нохуҷаста медонист ва бо дидани замини обод шод мегашт ва онро ҳумоюн медонист. Аз нишастан бар ҷойгоҳҳои мушарраф бар киштзорҳои сарсабз ва шодобии он лаззат мебурд».

Ҳамаи ин хислатҳо ва фазилатҳои неки Кайқубоди Каёнӣ, ки Саолибӣ онҳоро дар „Шоҳнома“-и худ зикр кардааст, дар сирати Пешвои миллат бо неру ва зарфияти боз ҳам бештар мавҷуданд ва татбиқи амалии онҳоро мо дар фаъолияти давлатдории Пешво, масалан, ҳангоми сафарҳояшон ба шаҳру навоҳии кишвар ва шиносоияшон бо вазъи хоҷагиҳои деҳқонию корхонаҳои саноатӣ ва ғ., ҳар рӯз ба таври сареъ ва равшан мушоҳида мекунем.

Ҳамаи ин мисолҳои овардашуда шаҳодат медиҳанд, ки Пешвои миллат воқеан ҳам аз таърих ва фарҳанги куҳанбунёду тамаддунофари миллати тоҷик огоҳии амиқ ва ҳамаҷониба дошта, суннатҳои неки давлатдории ниёгонро дар фаъолияти рӯзмарраи хеш пайваста эҳё ва инъикос мекунанд. Нуктаи мазкур бар он далолат мекунад, ки суннатҳо ва таҷрибаҳои дар тӯли ҳазорсолаҳо маҳфузмонда ва такомулёфтаи давлатдории миллати тоҷик муҳимтарин заминаи таърихию маънавии ташаккули сират ва шахсияти Пешвои миллат ва намунаи кору пайкорҳои ҳаррӯзаи онҳо мебошанд. Албатта, заминаи мазкур танҳо бо суннатҳои давлатдории Пешдодиёну Каёниён ва Ҳахоманишиёну Сосониён маҳдуд намешавад, балки доманаи хеле фарохи таърихӣ дошта, суннатҳои давлатдории Сомониён, афкору андешаҳои сиёсию ҳуқуқии мутафаккирони асримиёнагии тоҷик низ ба он шомил мешавад.

Заминаи дуввуми ташаккули шахсияту сират ва қобилияту истеъдоди сарварии Пешвои миллат, дар баробари суннатҳои давлатдории ниёгон, инчунин, назарияҳо ва таҷрибаҳои неку созандаи муосири сиёсӣ, ки дар кишварҳои мутарақкии ҷаҳон татбиқ шудаанд, ба шумор мераванд. Дар баробари ин, Пешвои миллат бо як ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ҳар як арзиш ва дастоварди нави муосири сиёсиро тавре такмил ва татбиқ менамоянд, ки онҳо барои амнияти миллӣ, таҳкими ҳуввият ва фарҳанги миллӣ ва рушди устувори ҷамъиятию иқтисодии Тоҷикистон комилан мувофиқат мекунанд. Мисоли равшан, татбиқи усули дунявият дар сиёсат ва ҳуқуқи давлатии Тоҷикистон мебошад. Усули мазкур дар консепсияи сиёсии Пешвои миллат ба тавре таҳрир ва тафсир шудааст, ки он аз дунявияти динситези замони шуравӣ ба таври ҷиддӣ фарқ карда, муҳофизати давлатии арзишҳо ва эътиқодоти анъанавии диниро ба ҳайси унсурҳои аслӣ ва ҷудонопазири фарҳанг ва ҳуввияти миллии шаҳрвандон кафолат медиҳад.

Заминаи дигари муҳими ташаккули шахсият, сират ва фазилатҳои сарварии Пешвои миллат – ин, бевосита, донишу истеъдод ва санъати волои роҳбарӣ, таҷрибаи бойи сиёсӣ, маъмурӣ ва давлатдории худи Пешвои миллат мебошанд, ки ҳанӯз дар замони шуравӣ ташаккул ёфта, пас аз истиқлолияти давлатиро соҳиб шудани Тоҷикистон, сол то сол суфтаю пухта ва мукаммалтар мешаванд. Ҳамаи ин заминаҳо дар ташаккули шахсияти Пешвои миллат ҳамчун як феномени нотакрори таърихи муосири Тоҷикистон нақши муассир гузоштаанд.Дар фарҷоми гуфтор қайд карданро ҷоиз медонем, ки дар як мақолаи хурд ба таври пурра шарҳу тавзеҳ додани заминаҳои таърихию маънавии ташаккули шахсият ва сирати сарварии Пешвои миллат, мисли «дар пиёла ғунҷонидани баҳр», аз имкон берун аст. Ин мавзӯъ хеле мураккаб ва серҷанба буда, таҳқиқи ҷудогона ва муфассали монографиро талаб мекунад.

Фаъолияти сарварии Пешвои миллат ниҳоят бисёрҷанба буда, тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва масоили танзими онҳоро фаро мегирад. Ин андешаро нашри рисолаҳо ва мақолаҳои сершумори илмӣ ва оммавӣ, ки ба таҳлили пахлуҳои гуногуни фаъолияти сарварии Пешвои миллат бахшида шудаанд, собит менамояд. Мақолаи мазкур қатрае аз баҳр назари инсонии як фарди бини ҷомеа аст.

Исматуллозода Ширин, доктори илми филология, профессори кафедраи таърихи забон ва типологияи ДМТ