• English
  • Русский
  • Тоҷики
Домой Блог Страница 148
Имрӯз (05.06.2021) бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар назди шаршараи МД “Наврӯзгоҳ” бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи муҳити зист намоишномаи дастовардҳои илмию техникӣ баргузор гардид. Дар намоишгоҳ намояндагони созмонҳои байналмилалии муқими шаҳри Душанбе, донишгоҳу донишкадаҳои олӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятии экологӣ, ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳои саноатӣ иштирок намуданд. Дар намоишгоҳи мазкур дастовардҳои Парки технологии ДМТ ба намоиш...
Бо дастгирии роҳбарияти ДМТ ва ташаббуси садорати факултети ҳуқуқшиносии донишгоҳ дар самти ташаккули рушди илми ҳуқуқшиносии ватанӣ ва ташкил намудани шароити мусоид барои анҷом додани таҳқиқоти илмӣ корҳои судмандро анҷом дода истодааст, ки далели ин гуфтаҳо дар асоси Фармоиши КОА-и назди Президенти ҶТ ба сифати маҷаллаҳои тақризшавандаи КОА-и назди Президенти ҶТ ворид гардидани маҷаллаи илмӣ-амалии «Давлатшиносӣ ва ҳуқуқи...
Имрӯз (05.06.2021) бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ҳамкориҳои дуҷонибаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо КВД «Тоҷикдипсервис» боздиди сафирони давлатҳои хориҷии муқими шаҳри Душанбе аз Донишгоҳи миллӣ ба роҳ монда шуд. Дар чорабинӣ намояндагони 16 сафорати давлатҳои хориҷӣ, аз ҷумла сафорати ҷумҳуриҳои Озарбойҷон, Беларус, Фаронса, Ҳиндустон, Олмон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Туркманистон, Украина, Ӯзбекистон, Эрон, ки аз ин 11 сафир бо ҳамсарашон,...
Истиқлолият мафҳуми арзишманд ва дар навбати худ калидие мебошад, ки ноил гардидан ба он шарафи бузург барои ҳар як миллат аст. Истиқлолияти давлатӣ ба он мусоидат намуд, ки рушди босубот дар кишвар таъмин гардад, сатҳи некуаҳволии аҳли ҷомеа беҳтар ва натиҷаҳои бузург дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангию илмӣ ба даст оварда шавад.
Санаи 3-юми май дар доираи ҳамкориҳои дуҷонибаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо Донишгоҳи миллии фарматсевтии Украина (шаҳри Харков)  барои омӯзгорони факултети фарматсевтии донишгоҳ курси такмили ихтисос тариқи маҷозӣ (онлайн) гузаронида шуд. Дар он декани факултети фарматсевтӣ, доктори илмҳои фарматсевтӣ, профессор Мусозода С.М. ва устодони факултети мазкур иштирок намуданд. Дар курси такмили ихтисос мудири кафедраи молшиносии Донишгоҳи миллии фарматсевтии Украина, доктори...
Аз 20-ум то 23-юми майи соли ҷорӣ дар Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В. Ломоносов Анҷумани байналмилалии олимони ҷавон баргузор гардид. Дар кори анҷуман беш аз 100 нафар ҷавонон аз давлатҳои гуногун, аз ҷумла аз кишварҳои Озарбойҷон, Арманистон, Белорус, Миср, Қазоқистон, Чин, Молдова, Нигерия, Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Украина, Шри-Ланка ва ғ. ҳам...
Истиқлолияти давлатӣ неъмати бебаҳо ва олитарин арзишҳо ба ҳисоб меравад, ки дар ин давра самтҳои гуногуни илмии ҷумҳурӣ рушд карда истодааст. Ба хусус самти илмҳои табиатшиносӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Соҳаи геология яке аз соҳаҳои ҳаётан муҳими кишвари азизамон маҳсуб мешавад. Дар тайёр кардани мутахасисони соҳаи геология саҳми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хеле назаррас аст. Факултети геология яке аз факултетҳои донишгоҳ ба ҳисоб...
Имрӯз (01.06.2021) дар ҷаласаи васеи Шӯрои олимони донишгоҳ ғолибони олимпиадаи ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ шуданд.  Ҳамасола бо ибтикори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти ҷавонони донишманду боистеъдод миёни донишҷӯёни макотиби олӣ ва касбии кишвар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ гузаронида мешавад. Имсол бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯён таҳти унвони "Дониш талабу бузургӣ омӯз!" дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд...
Имрӯз (01.06.2021) бо мақсади рушд бахшидани ҳамкориҳои илмию таълимӣ намояндагони ҶСП “Спитамен Бонк” (У.С.Ҳикматов) ба донишгоҳ ташриф оварда, бо ректори донишгоҳ Хушвахтзода Қ.Х. мулоқот намуданд. Дар мулоқот ҷонибҳо дар самти дастгирии донишҷӯён ва баланд бардоштани саводнокии молиявии онҳо табодули афкор намуда, ташкили курсҳои омӯзишӣ ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои таҷрибаомӯзиро муҳим арзёбӣ намуданд. Дар мулоқот аз ҷониби ҶСП “Спитамен Бонк” ба роҳбарияти донишгоҳ барномаи...
 Решаҳои дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек ба умқи асрҳо расида, аз қадимулайём муносибатҳои дӯстӣ ва накуҳамсоягӣ миёни онҳо устувор буданд. Тоҷикистон бар асари умумияти таърихӣ анъанаҳои фарҳангӣ ва марзҳои муштарак ҳамеша хоҳони густаришу таҳкими робитаҳо бо ҳамсоядавлати Ӯзбекистон буд. Садсолаҳои охир халқҳои тоҷику узбек дар ҳавзаҳои ягонаи сиёсӣ, ҷуғрофиву фарҳангӣ умр ба сар мебурданд ва ин...

Эълонҳо