• English
  • Русский
  • Тоҷики
Домой Блог Страница 155
Имрӯз (24.11.2021) бо ташаббуси Литсейи табиию риёзии ДМТ чорабинии ҳарбӣ-варзишӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур роҳбарияту намояндагони сохторҳои гуногуни донишгоҳ (таълиму тарбия) иштирок намуда, омӯзгорону толибилмони литсейро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ табрик намуданд. Чорабинии ҳарбӣ-варзишӣ бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид. Дар рафти чорабинӣ муҳассилини Литсейи ҳарбии Вазорати мудофиаи ҶТ низ иштирок намуданд....
24 ноябр - Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мо ин иди нисбатан ҷавон аст - он ҳамагӣ ҳамчун ҷашн 12 сол ва ҳамчун рамзи соҳибистиқлолӣ 29 сол дорад. Парчам ҳамеша рамзи шаъну шарафи миллӣ буд. Дар лахзаҳои душвор муҳофизони Ватан дар зери парчам бархоста, ба он савганд ёд мекарданд. Дар замони ғалабаҳо парчам бардошта мешуд, аз...
(АЗ ЭҲТИРОМИ ПАРЧАМ ТО САРФАРОЗИИ УСТОДОНУ ВАРЗИШГАРОН) Таҳти ин унвон имрӯз (23.11.2021) дар толори калони Донишгоҳи миллӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ ва 65-умин солгарди таъсисёбии нашрияи донишгоҳии «Ба қуллаҳои дониш» ҷаласаи тантанавӣ дар якҷоягӣ бо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур ва Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон баргузор гардид.
Дастаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» бо ишғоли ҷойҳои ифтихорӣ сазовори ҷойи аввал гардид. Озмуни мазкур миёни устодону кормандон, донишҷӯён ва аспирантону докторантон аз рӯйи номинатсияи математика (арифметика, алгебра, геометрия), физика ва астрономия, химия, биология (ботаника, анатомия), технологияҳои иттилоотӣ, география ва ихтироъкорӣ (миёни донишҷӯёну устодон) доир гардида, дастаи ДМТ бо ишғоли...
Парчами давлатӣ яке аз рамзҳои муҳими истиқлолиятимиллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад. Эмомалӣ Раҳмон Дар тамоми давру замон парчам нишони мустақилият ва давлатдории миллӣ будааст. Аз ин рӯ, парчам...
Дар вохӯрии навбатии ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо устодону кормандони факултети ҳуқуқшиносӣ масъалаҳои муҳимми илму таълим ва тарбияву робитаҳои байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ректори донишгоҳ назорати ҷиддии низоми таълиму тарбия, ташкили ҳамоишҳои сатҳи байналмилалӣ, навиштани мақолаҳои илмӣ дар маҷаллаҳои бонуфуз ва дарёфти грантҳою ташкилотҳои маблағгузорро вазифаи аввалиндараҷа дар фаъолияти устодону...
Дастаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз рӯйи номинатсияҳои хондани қиссаву ривоятҳои халқӣ, асарҳои насрӣ ва аз ёд кардани осори адибони классикии тоҷик, хондан ва аз ёд кардани осори адибони муосири тоҷик ва адабиёти шифоҳӣ, хондан ва аз ёд кардани осори адибони ҷаҳон ва эҷоди назму наср иштирок намуда, бо соҳиб гардидани 13 ҷой...
Имрӯз (19.11.2021) бо ташаббуси ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х вохӯрии раиси КОА-и назди Президенти ҶТ Розиқзода А.Ш. бо мудирон, садоратҳо ва аъзоёни шӯроҳои диссертатсионии назди донишгоҳ амалкунанда баргузор гардид.  Дар вохӯрӣ Розиқзода А.Ш. дар робита ба аз нав ба қайд гирифтани шӯроҳои диссертатсионӣ, омода намудани тарзи дурусти ҳуҷҷатҳои номзадию докторӣ, бе ғараз баҳо додан ба рисолаҳои илмӣ, дуруст ба роҳ...
Тағйирёбии ҷаҳони муосир ва талаботи меъёрҳои сатҳи байналмилалии соҳаи иқтисод нишон медиҳанд, ки мунтазам ба ҷараёни таълим ва сифати касбомӯзии мутахассисон бознигарӣ карда шуда, давоми ҳар сол усулҳои нави кориро пеш бояд гирифт. Яъне, дар асри XXI иттилоот ва вақт ба яке аз омилҳои муҳимми истеҳсолӣ мубаддал гаштаанд. Бо талаботи замон қадам ниҳодан, истифода бурдани воситаҳои...
Имрӯз (17.11.2021) дар толори калони ДМТ тибқи Нақша-чорабиниҳои донишгоҳ ҷиҳати татбиқ ва иҷрои бандҳои «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» ва «Барномаи давлатии муқовимат ба ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030» вохӯрии устодону донишҷӯёни донишгоҳ бо намояндаи КДАМ Валиев Н.М. доир гардид.       Дар оғоз ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. дар робита...

Эълонҳо