САРНАВИШТСОЗИ МИЛЛАТ

528

Таҷрибаи таърихи умумиҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки на ба ҳама миллатҳо муяссар мегардад, ки дар рӯ ба рӯи гирдоби равандҳои тезутунди ҷаҳонишавӣ умри хешро дароз нигаҳ доранд. Миллату халқиятҳои зиёде дар чунин равандҳои мураккаб ҳастии хешро аз даст додаанд. Хушбахтона, миллати тоҷик аз зумраи он халқиятҳои тамаддунофаре мебошад, ки бо саҳми чеҳраҳои мондагори худ дар тамаддуни умумиҷаҳонӣ нақши барҷастаро ишғол намудааст. Ана ҳамин чеҳраҳои мондагор дар ҳар як лаҳзаи ҳассоси таърихӣ барои миллат нақши калидиро бозидаанд. Миллати тоҷик аз зумраи он халқиятҳое маҳсуб меёбад, ки ба ҷаҳони пур аз ихтилофу зиддият нав рӯ ба рӯ нагардидааст. Дар ин роҳ таҷрибаи кофӣ дорад. Маҳз ҳамин таҷриба буд, ки дар як марҳилаи сарнавиштсоз, аниқтараш дар замоне, ки ояндаи миллату давлати тоҷикон муайян мегардид, новобаста аз мушкилотҳо дубора эҳё шуд. Чунин марҳилаи бисёр сангин барои миллат ибтидои солҳои соҳибистиқлолӣ ба ҳисоб мерафт.

Баъд аз имзои созишномаи Беловежск 8-уми декабри соли 1991 Иттиҳоди Шуравӣ барҳам хӯрд ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таъсис ёфт. Давлатҳои пасошураӣ ҳар яке роҳи истиқлолро пеш гирифтанд. Тоҷикистон аз ҷумлаи кишварҳое буд, ки аз давлати Шуравӣ он қадар мероси бузурге ҳам нагирифт ва агар гирифта бошад ҳам дар ибтидои солҳои 90-ум аксарият аз даст рафт. Ҳарчанд дар ибтидо Истиқлол барои давлати мо бисёр бо роҳи оддӣ ба даст омад, вале таҷрибаи таърихӣ нишон дод, ки нигаҳдошти он хеле мураккаб афтод. Ҳанӯз дар охири солҳои 80-ум ва ибтидои солҳои 90-ум баробари роҳи бозсозиро пеш гирифтани ИҶШС дар кишвар ҳизбу ҳаракатҳои нав ташкил ёфт. Ташаккули созмону ташкилотҳо ва ҳизбҳои сиёсӣ дар давлати яккаидеологӣ боис шуд, ки ба ҷомеа унсурҳои демократия роҳ ёбанд, чун яке аз принсипҳои хоси бозсозӣ демократикунонии тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа маҳсуб меёфт. Аммо, мутаасифона, ҷомеаи ба як идеология ва ҳизби сиёсӣ одат карда яку якбора сарфаҳми демократияро нарафт.

Дар баъзе кишварҳо, махсусан Тоҷикистон на ҳукумат ва на ҷомеа ба зудӣ унсури навро қабул карда натавонист ва ин ба мураккабиҳо оварда расонид. Ин мушкилиҳо баъд аз як соли соҳибистиқлолӣ боз ҳам равшантар гардид. Дар ҷомеа гурӯҳҳои мухталиф ташкил ёфта, ҳар яке худро ҳифозатгари манифиатҳои давлату миллат эълон кард, вале, мутаасифона, на ҳама чунин мақсад дошт. Қувваҳои манфиатҷӯ аз барҳам хӯрдани ИҶШС истифода намуда, роҳи воридшавӣ ба Осиёи Марказиро пеш гирифтанд. Онҳо ба таври махсус аз гурӯҳҳои ҳукуматхоҳ истифода намуданро оғоз бахшиданд. Мутаасифона, аксарият ҳизбу созмонҳои ҷамъиятӣ, ки нав ташкил шуда буданд, дар роҳи ба таври осоишта мубориза бурданро таҷриба надоштанд, бинобар ин ягона роҳи амалӣ гардидани мақсадро дар истифодаи роҳи зурӣ зарур шумориданд. Гурӯҳҳои манфиатхоҳи хориҷӣ бошанд, аз ин истифода бурда, дар Тоҷикистон ба гурӯҳҳои мухталифи тундрав сарпарастиро оғоз бахшиданд. Махсусан, аз шиорҳои динӣ истифода карда, мардумро ба муқобили ҳукумати қонунӣ истифода намуданро сар карданд. Ҳукумати қонунӣ, ки дар роҳи мустақлият таҷриба надошт муносибат бо чунин гурӯҳҳои мухолифро ҳоло дарк накарда буд. Акнун барои давлати ҷавони Тоҷикистон ҳукумат ва сарваре лозим буд, ки чунин вазъи мураккабро ба мардум шарҳу тавзеҳ дода, нагузорад, ки аксарият фирефтаи роҳи манфиатҳои хориҷиён ва хоинони Ватан гардад. Мутаасифона, то моҳи ноябри соли 1992 чунин ҳукумату сарвар вуҷуд надошт. Бояд таъкид намуд, ки ҳукуматҳои пасошуравӣ ҳоло ҳам чун анъана ба Маскав умед доштанд, вале акнун вақти ба касе ва чизе умед кардан набуд, танҳо ба миллату давлати худ бояд умед карду роҳи ояндаро сохт. Бояд қайд кард, ки то моҳи ноябри соли 1992 дар зери шиорҳои хуруфотпарастонаю ба истилоҳ ҳифозат аз дину диёнат дар кишвар чандин гурӯҳҳо ташкил ёфт. Дар натиҷаи муттаҳидшавии гурӯҳҳои мухолифи ҳукуматӣ ситоди «Наҷоти Ватан» ташкил шуд. Шояд ва ё аниқ барои насли имрӯзаи ҷавони кишвар суоле ба миён биояд, ки оё ин ситод Ватанро аз кӣ наҷот медода бошад, дар ҳоле, ки сарпарасти асосии онҳо аксаран кишварҳои хориҷӣ буданд. Бо ташаббуси ин ситод дар маркази кишвар майдони «Шаҳидон» ташкил ёфт. Кадом шаҳидон? Шаҳидони роҳи ҳифзи сарҳади Ватан? Ё шаҳидони ҳифозатгари манфиатҳои миллату давлат аз аҷнабиён? Ё шаҳидони ҳимоятгари мардуми бечораи камбизоат? На ин ҳама бозии гурӯҳҳои хориҷие буд, ки як миллатро бо роҳҳои мухталиф даст ба гиребони ҳам карду халос. Ва ҳукуматхоҳону хуруфотгароён ба ин бозӣ хуб дода шуданд, чун барои онҳо қиссаи шахсии худ муҳим буд на манфиати миллат. Барои ҳифзи ҳукумати қонунӣ бошад майдони «Озодӣ» ҳам мураккаб гардид. Дар муддати кутоҳтарин зиёда аз 100 ҳазор аҳолӣ Ватанро тарк кард. Ин қадар мардум ба куҷо рафт? Ба кишваре, ки вазъи сиёсиаш аз мо камӣ надошт (Афғонистон) вале маҷбур аз дасти ки? Аз дасти писар ва ё бародар ва ё ҳамсояи худ. Магар ҳоли муҳоҷирони иҷбории тоҷик дар Афғонистон, кишваре, ки ҳукуматаш дар зери таҳдиду таъсири гурӯҳи терорристӣ қарор дошт чӣ гуна буд. Рӯзе набуд, ки аз 7 то 10 тоҷики муҳоҷир аз гуруснагӣ ва бепаноҳӣ намефавтид. Ҳатто рӯзе буд, ки 30 муҳоҷир фавтид. Мазори муҳоҷирони тоҷик ба вуҷуд омад. Даҳҳо модари тоҷик ва тифли бегуноҳ ҳангоми аз дарё гузаштан ғарқ шуд. Барои як миллате чун тоҷикон таъриху фарҳанги ғанӣ дошта албатта чунин вазъ бисёр нанговар ва бадбахтӣ буд. Вале ин бадбахтиро, ки ба сари мардум овард? Ҳамон хоиноне, ки худро ҳимоятгари дину имонат номида, бо ҷиҳоди худ даст ба чунин беномусӣ ва бадбахтӣ заданду ҳоло ҳам меросбарони онҳо аз дур истода ба чашми миллат хок зада истодаанд. Аз ҳама бадбахтӣ ин буд, ки зиёда аз 150 ҳазор аҳолии кишвар кушта ва ҳалок шуд, аксаран мардуми бегуноҳ ва осоишта буданд. Таърихи тоҷикон чунин саҳифаи нангинро баъд аз ҳуҷуми даҳшатангези муғул ёд надорад. Ҳамакнун дар чунин вазъи бисёр ҳам мураккаб барои муайян кардани сарнавишти миллату давлати тоҷик ҳукумат ва сарваре лозим буд, ки хатари аз байн рафтани давлати нав ба истиқлолрасидаро бартараф намояд. Таҷриба таърихӣ собит кардааст, ки халқи тоҷик дар ҳар марҳилаи тақдирсоз чунин фарзандони бо нангу бовиқореро ба миён овардааст, ки дар муайян кардани сарнавишти миллат нақши бисёр бориз гузоштаанд. Бо мақсади аз байн бурдани хатари истиқлоли давлатӣ ва омилҳои ҷанги таҳмилии бародаркуш аз 16 –уми ноябр то 2 –юми декабри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд Иҷлосия XVI Шурои Олии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар Иҷлосия масъалаҳои мавриди ҳаллу фасл қарор гирифт, ки воқеан барои миллати тоҷик тақдирсоз буд.

Дар баробари ҳалли дигар масъалаҳои муҳим интихоби раиси Шурои Олӣ пеш омад. Албатта номзадҳо ба ин мансаб зиёд буд, вале аксарият аз он даст кашид, чун аз ҷони худ меҳаросиданд дар ҳоле, ки мухолифин ба ҷони саварони давлат чандин маротиба суиқасд такшил намуда буданд. Ҳамин тавр, дар чунин вазъи мураккаб 16 –уми ноябр ба ҳайси раиси Шурои Олии Тоҷикистон вакил аз вилояти Кӯлоб – Эмомалӣ Раҳмон интихоб шуд. Эмомалӣ Раҳмон замоне ба сари қудрат омад, ки Тоҷикистон ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гирифтор буд ва кишвари моро хавфи нобудӣ таҳдид мекард, мардум ба парокандагиву гуруснагиву нодорӣ ва ҷангу ҷидол рӯ ба рӯ омада буд. Дар чунин вазъи бисёр ҳам мураккаб табиист, ки роҳбари ботамкин ва оқилу сертаҷрибае лозим буд, то пеши роҳи гурӯҳҳои мухолифинро, ки якпорчагии давлат ва миллат ба онҳо заррае арзиш надошт, гирад ва ин зарурат интихоби Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба ташкили Қувваҳои мусаллаҳ водор сохт, зеро Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамчун сохтори алоҳида тамоман фаъолият намекард, аксарияти кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ бетарафиро ихтиёр намуда буданд. Дар ҳолати ногувори тақдирсоз ба монандӣ Эмомалӣ Раҳмон роҳбари хирадманду тавоно ва ташкилотчии забардасте лозим буд, ки ин вазъи мураккабро бартараф намояд, дар мамлакат фазои осоиштаи сиёсӣ ба вуҷуд орад, дар байни ҷомеа сулҳу суботро барқарор созад ва халқро дар атрофи давлати навбунёд муттаҳид намуда, Ватани азизро ободу осуда намояд. Яке аз шартҳои ҳастии давлат мавҷудияти низоми мукаммали ҳарбӣ ва қудратии он ба ҳисоб меравад. Тоҷикистон ягона кишваре дар қаламрави Иттиҳоди Шуравӣ буд, ки ягон меросе аз артиши он давлати абарқудрат насибаш нашуд. Бинобар ин таъсиси Артиши миллӣ дар Тоҷикистон бо ташаббуси Эмомалӣ Раҳмон дар як ҷойи холӣ аз сифр шурӯъ гардид ва дар як муддати хеле кӯтоҳ (23-юми феврали соли 1993) Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт. Қувваҳои мухолиф дар ибтидо аз набудани артиши касбӣ истифода карда, хизматиёни давлатӣ ва дигар афродро ба гарав мегирифтанд. Ҷанги бемаънии бародаркуше, ки дар Тоҷикистон бо «фаъолият»-и ифротгароёни дохилӣ ва дахолати қувваҳои иртиҷоии хориҷӣ ба вуқӯъ пайваст, ба ғайр аз талафоти ҷонӣ ва молӣ ба кишвари азияткашидаи мо дигар чизеро ба бор наовард. Хисороти моддиро бо заҳмати афзуни чандинсола барқарор кардан имконпазир бошад ҳам, дарду доғи бохтҳои ҷонӣ ҳаргиз аз ёди миллат фаромӯш намешавад.

 Дар ин росто ҳақ бар ҷониби Пешвои миллат аст, ки чунин қайд кардааст: «……онҳо кайҳо тақдири Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳал карда буданд. Яъне, ин давлат бояд пароканда ва миллат ба нестӣ мерасид». Қайд кардан зарур аст, ки дар натиҷаи ҷаҳду талошҳои Эмомалӣ Раҳмон дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ сулҳу оромӣ дар саросари кишвар таъмин гардида, барои зиндагии орому осоишта ва фаъолияти созандаи сокинони мамлакат шароити мусоид фароҳам омад. Бо ташаббуси Эмомалӣ Раҳмон Қувваҳои дастаҷамъии сулҳхоҳ ба Тоҷикистон 15-уми октябри соли 1993 ворид карда шуданд, аниқатараш, аз ин давра сар карда, муддате ба фаъолият шурӯъ намуд, ки минбаъд мунтазам аз тарафи Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ ҳар шаш моҳ тамдид карда мешуд. Ба душвориҳо нигоҳ накарда, бо ташаббуси муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳашт давра дар шаҳрҳои мухталифи кишварҳои ба мо дӯсту ҳамҷавор раванди гуфтушуниди миёни тоҷикон сурат гирифт. Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзи нахсут талош бар он варзид, ки вазъи мураккаби мавҷуда бо роҳи созиши ду ҷониб ҳаллу фасл карда шавад, ҳарчанд, ки дар ин миён баъзе гурӯҳҳо ба раванди гуфтушунид таъсири манфӣ мерасониданд. Яке аз нахустин ташаббусҳои сарвари навинтихобу ҷавон ва дар айни замон оқилу дурандеш қабули қонун дар бораи авф ва баргардонидани муҳоҷирони иҷборӣ буд. То ҳол таърихи умумиҷаҳонӣ ёд надорад, ки ҳукумате ва ё сарваре, барои баргардонидани муҳоҷирони иҷбории худ талоше намуда бошад.

Созишнома дар бораи оташбас аз 17-уми сентябри соли 1994 ба имзо расид ва муҳлати амали он дароз карда шуд. Ҷонибҳои даргир мубодила ва баргардонидани гурезагон, маҳбусон ва асирони ҳарбиро амалӣ намуданд, аксарияти гурезагони тоҷик, ки дар қаламрави Афғонистон қарор доштанд, ба Ватан баргаштанд. Ҳамин тавр, бо интихоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, ки дар интихоботи 6-уми ноябри соли 1994 дастгирии оммаи васеи аҳолиро соҳиб гардид, дар дилу дидаи халқи тоҷик, иродаи қавӣ ва сиёсӣ пайдо шуда, дилгармӣ ва умеду орзуҳои деринаи худро аз Президенти тозаинтихоб нигарон буданд. 10-уми феврали соли 1995 дар ҷаласаи сарони давлатҳои ИДМ дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон Муроҷиатнома «Дар масъалаи вазъияти Тоҷикистон» аз ҷониби раиси Шурои амнияти Созмони Милали Муттаҳид қабул карда шуд. Дар Муроҷиатнома қайд карда шуда буд, ки бо вуҷуди мушкилоти воқеӣ дар раванди танзими сиёсӣ ва муноқиша байни тоҷикон, як қатор муваффақиятҳо ба даст оварда шуданд ва гуфтушуниди байни тоҷикон оғоз ёфта, идома дорад. Бояд тазаккур дод, ки 21-уми январи соли 1993 баъд аз ҳокимият барканор намудани А. Искандаров, ба Тоҷикистон гурӯҳи начандон калони нозирони СММ оид ба масъалаҳои сиёсӣ, ҳарбӣ ва гуманитарӣ (башардӯстона) фиристода шуд, ки бояд рӯйдодҳои аслии воқеаҳоро дар ҷояш назорат мекард. 26-уми апрели соли 1993 Котиби Генералӣ фиристодаи махсуси худро таъйин намуд. Моҳҳои апрел ва октябри соли 1994 фиристодаи махсус дар се даври гуфтушуниди байни тоҷикон оид ба оштии миллӣ раисӣ намуд, ки боиси муваққатан ҷорӣ намудани оташбас ва таъсиси Комиссияи якҷоя оид ба риоя намудани он гардид. Маҷмӯи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, изҳороти сиёсии дар созишнома ва шартномаҳои сершумори бо мухолифин басташуда аз нуқтаи назари конститутсиониву ҳуқуқӣ ба низом оварданро талаб мекард. Возеҳу равшан буд, ки барои Тоҷикистон Конститутсияи нав зарур аст. Кори Комиссияи омода намудани лоиҳаи нави Конститутсияро, ки хеле ба оҳистагӣ ҷараён меёфт, фаъол намудан лозим буд. Бо дар назардоштани қарори ҷаласаи ХVIII Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, моҳи апрели соли 1994 гурӯҳи корӣ оид ба тайёр намудани лоиҳаи нави Конститутсия ба баррасии комиссия ду лоиҳаи алтернативиро пешниҳод намуд. 6-уми ноябри соли 1994 раъйпурсӣ оид ба қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он 2 535 437 шаҳрванд ё 94,4% шумораи умумии интихобкунандагон иштирок намуданд. Барои қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 87,59 % ва ба интихоби Президент 84,7% овоз доданд. Конститутсия бо ҳамин қабул шуда, ҳукми қонунӣ пайдо намуда эътироф карда шуд. Конститутсия халқи Тоҷикистонро баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эълон намуда, ҳамаи шаҳрвандони ҷумҳуриро новобаста ба миллат муттаҳид сохта, онро ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад. (моддаи 6).

Маҳз ана ҳамин Конститутсия мавқеъи ҳар як гурӯҳро дар ҷомеаи соҳибистиқлол муайян кард ва заминаи сулҳу субот дар кишвар гузошта шуд. Бо талошҳои пайгиронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гурӯҳҳои мухолиф ба мизи гуфтушунид нишаста, дар хусуси истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон шартнома ба имзо расонида шуд. “Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон” заминаи роҳи минбаъдаи рушди кишварро дар бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, дунявӣ, ягона ва ҳуқуқбунёд гузошт. Бо ин сарнавишти миллату давлати тоҷик ба дасти чеҳраи барҷастаи мондагори миллат Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба суди ин меҳану ин миллат муайян карда шуд. Бори дигар миллати тоҷик имкон пайдо кард, ки дар дарозои таърих номи худро чун миллати соҳибдавлат ва соҳибистиқлолу соҳибтамаддун нигаҳ дорад.

Сайҳомид Ҷаъфаров, номзади илмҳои таърих,декани факултети муносибатҳои байналхалқии ДМТ