• English
  • Русский
  • Тоҷики
Домой Блог Страница 155
Бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2007, № 255 «Дар бораи Рӯзи дави миллӣ» ва супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 майи соли 2021, №26/10-17 бо мақсади таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушду инкишофи соҳаи варзиш ва оммавияти он байни аҳолӣ санаи 16.05.2021 дар саросари мамлакат дави миллӣ баргузор гардид....
Маҳз истиқлолият имконият фароҳам овард, ки мардуми Тоҷикистон тақдири худро ба даст гирифта, роҳи пешрафти минбаъда ва сарнавишти ояндаи сарзамини аҷдодии хешро мустақилона интихоб намоянд. Ба ин маънӣ, истиқлолият неъмати бебаҳо, мояи ифтихор, манбаи худшиносӣ, сарчашмаи нерубахш ва омили бунёдии таҳкиму тақвияти пояҳои давлатдории миллии мо мебошад. Эмомалӣ Раҳмон Бунёди давлати соҳибистиқлол...
Имрӯз (14.05.2021) бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 60-солагии таъсисёбии кафедраи химияи органикии Донишгоҳи миллӣ дар пояи факултети химияи донишгоҳ дар мавзӯи «Масъалаҳои муосири химия, татбиқ ва дурнамои онҳо» конференсияи байналмилалии илмию амалӣ баргузор гардид.   Қаблан ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо ҳамроҳии академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Мирсаидов У.М., Озмоишгоҳи...
Дар арафаи 30-солагии Истиқлолияти Тоҷикистони азиз қарор доштан масъулияти моро нисбати ҳифзу нигоҳдорӣ ва устуворсозии пояҳои асосии он дучанд зиёд месозад. Дар ин росто мо бояд ба комёбиҳои дар ин замон бадастомада назаре дошта бошем, ки то кадом андоза тавонистем дар баробари истиқлолияти сиёсӣ, инчунин, истиқлолияти иқтисодии кишварро низ аз ҳисоби рушди соҳаҳои пешбар, махсусан саноат, таъмин карда тавонистаем. Новобаста аз он ки...
1. Тоҷикистон як роҳбари давлатсоз ва як роҳи созандагӣ дорад, ки онро аҳли башар шоҳид аст... 2. Тоҷикистон давлати ташаккулёфтааст ва он зинаҳоеро, ки алҳол дигарон дар он дармондаву овораанд, сӣ сол қабл паси сар кардааст... 3. Тоҷикистон ҳар нафареро, ки нияти неку хайру созанда дорад (худиву бегона), ба оғӯш мегирад. Бадкешро дар ҷомаи хеш буғӣ...
Имрӯз (12.05.2021) бо ташаббуси кафедраи сиёсатшиносии факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Масъалаҳо ва роҳу воситаҳои таҳким ва такмили истиқлолияти Тоҷикистон» конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ доир гардид. Нишаст бо сухани муқаддимавии ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. оғоз ёфт. Дар...
 Истиқлолияти давлатӣ барои кишвари азизамон Тоҷикистон як ганҷи бебаҳо ва муқаддас аст. Дар тӯли 30 соли истиқлолият Тоҷикистон дар ҳамаи соҳаҳои давлатдорӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Бо боварӣ метавон гуфт, ки миллати тоҷик дар таърихи чандин ҳазорсолаи худ чунин сатҳи имрӯзаи рушдро соҳиб нагардида буд. Аллакай Тоҷикистону тоҷикистониёнро дар тамоми дунё мешиносанд ва эҳтиром менамоянд. Масъалаи марказӣ барои...
Имрӯз (11.05.2021) дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо ибтикороти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Осорхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Таҳаввулотҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 30 соли соҳибистиқлолӣ» конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ баргузор гардид.  Дар кори конференсия ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Хушвахтзода Қ.Х,, директори Осорхонаи миллии Тоҷкистон Ибодуллозода А., декани факултети...
Дар толори хурди ДМТ ҷаласа дар робита ба фаъолияти Кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯёни донишгоҳ баргузор гардид. Дар ҷаласа муовини ректор оид ба тарбия Раҳмонзода Ҷ.М., раиси Кумитаи иттифоқи касабаи донишгоҳ Т.Раҷабов ва намояндагони сохторҳои гуногуни донишгоҳ иштирок намуданд. Раиси Кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯёни донишгоҳ Самиев З. дар робита ба фаъолияти ҳафтсолаи кумита маълумот дода, таъкид дошт, ки кумита фаъолияти...
   Имрӯз (11.05.2021) дар партави “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ” эълон гардидани солҳои 2020-2040 дар соҳаи илму маориф ва дар доираи Лоиҳаи «Беҳтаргардонии ҷараёни таълим ва васеъ гардонидани имкониятҳо аз назария ба амалия (ба кор таъминкунӣ)-и донишҷӯён» мулоқоти ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо директори минтақавии ҶСП «ТТ мобайл» (ҳоло «Мегафон-Тоҷикистон») дар шаҳри Душанбе...

Эълонҳо