• English
  • Русский
  • Тоҷики
Домой Блог Страница 167
ТАБРИКОТИ РЕКТОРИ ДМТ, ПРОФЕССОР ХУШВАХТЗОДА Қ.Х. БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ  Устодон, кормандон ва донишҷӯёни азиз! Бо истифода аз фурсати муносиб Шуморо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – 16-уми ноябр табрику таҳният гуфта, ба Шумо саломатӣ ва дастовардҳои нави илмию эҷодиро таманно дорам. 16-уми ноябр...
Идораи патентии Авруосиёгӣ (ИПАО) универсиадаи патентии авруосиёгиро тахти унвони «Назар ба оянда» бахшида ба 25-солагии ташкидоти патентии Авруосиёгӣ эъдон менамояд. Барои иштирок дар универсиада толибилмони муассисахои таълимӣ ва дигар шахсони ҳавасманди синну соли аз 18 то 25 сола (категорияи дуюми синусолӣ) даъват карда мешаванд. Универсиада дар шакли озмуни корҳои эҷодӣ (корҳое, ки дар онҳо натиҷаҳои эҷодиёти...
Ҳамасола 6-уми ноябр дар саросари кишварамон Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад. Дар робита ин санаи муҳим дар сохторҳои гуногуни донишгоҳ чорабиниҳои илмӣ-таълимӣ гузаронида шуд. Аз ҷумла, чунин чорабинӣ дар факултети ҳуқуқшиносӣ кафедраи ҳуқуқи конститутсионӣ дар мавзӯи «Конститутсия ва низоми ҳуқуқии муосири Тоҷикистон: алоқамандии илм, ҳуқуқэҷоднамоӣ ва амалия» конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ баргузор гардид.
Устодон, кормандон ва донишҷӯёни азиз! 26-умин солгарди қабули Қонуни асосии кишвар - Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои ҳар яки Шумо самимона табрик мегӯям. Имсол барои ҷомеаи соҳибистиқлоли мо, хусусан, устодону кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, соли таърихист. Зеро дар ин сол мо 26-умин солгарди Конститутсияи кишварро таҷлил менамоем.  Фаромӯш набояд...
Имрӯз (05.11.2020) бо ташаббуси ректори Донишгоҳи миллӣ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. дар доираи ҳамкорӣ бо Бонки миллии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, КВД “Тоҷиксуғурта” ва КВДС “Тоҷиксармоягузор” дар заминаи кафедраи молия ва суғуртаи факултети молиявию иқтисодӣ “Озмоишгоҳи таълимии молия ва суғурта” кушода шуд.       Дар кушодашавии озмоишгоҳ ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ширкат намуда,...
Ҷилди 19-уми асари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат» нашр гардид. Асари мазкур аз ҷониби Муассисаи нашриявии «Ирфон»-и Вазорати фарҳанг барои рушду инкишофи маънавиёти ҷомеа, баланд бардоштани сатҳи худшиносӣ ва ифтихори миллӣ бо...
Имрӯз (30.10.2020) дар таърихи навини Тоҷикистон як рӯзи таърихӣ буд. Мардуми шарифи кишвар тариқи телевизион ва радио маросими савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро тамошо намуданд. Ҳайати устодону кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар баробари дигар сохторҳои ҷумҳурӣ тариқи шабакаҳои телевизионии кишвар пахши мустақими маросими савгандёдкунии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро тамошо намуданд.
 Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷамъбаст гардид. Аз ҷониби мақомот дар фазои тантанавӣ ба ғолибони озмун мукофотҳои пуливу молӣ ва «Диплом»-у «Сипоснома»-ҳо тақдим гардиданд. Дар миёни онҳо донишҷӯёни зерини Донишгоҳи миллӣ фаъолона иштирок намуда, ғолибони ҷойи аввал ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд. Ҷойи 1-ум
Санаи 23.10.2020 дар хобгоҳи №7-и ДМТ тибқи нақшаи тасдиқшудаи Лоиҳаи “Муҳити бароҳати таълимӣ-калиди бомуваффақияти таҳсилот” миёни донишҷӯдухтарон озмуни “Кани духтарон!” доир гардида, ба иштирокчиён “Шаҳодатнома” дода шуд. Дар маросими супоридани шаҳодатномаҳо раиси бахши кор бо занон ва духтарони донишгоҳ Маҷидзода Д., сармутахассиси шуъбаи тарбия М.Саноева, сармутахассиси бахши кор бо ҷавонони донишгоҳ Б.Раҳмонов, менеҷери лоиҳа Д.Ғаниев, ассистенти лоиҳа...
 Имрӯз (22.10.2020) дар факултети журналистикаи ДМТ синфхонаи таълимӣ - омӯзишии "Камоли сухан" ба номи профессор Баҳриддин Камолиддинов ифтитоҳ ёфт. Дар кушодашавии синфхона ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ширкат намуда, таъсиси синфхонаи "Камоли сухан"-ро иқдоми нек хонда, ба фарзандони устод Б. Камолиддинов изҳори сипос кард. Ба синфхонаи Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон, шодравон Б. Камолиддинов китобҳои бадеӣ, асарҳои илмиву публитсистии устод аз сӯйи фарзандонашон туҳфа...

Эълонҳо