Донишгоҳи
миллии Тоҷикистон ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Шуморо барои иштирок дар
конференсияи байналмилалии «Сотим Улуғзода ва адабу фарҳанги миллӣ», ки санаи
11 сентябри соли 2021 дар пояи кафедраи назария ва адабиёти навини форсии
тоҷикии факултети филология баргузор мегардад, даъват менамояд.
МАВЗӮҲОИ МЕҲВАРИИ КОНФЕРЕНСИЯ:
• Аслҳои ҳуввияти миллӣ дар осори
Сотим Улуғзода;
Имрӯз
(1.07.2021) дар ҷаласаи васеи Шӯрои олимони Донишгоҳи миллӣ ғолибони озмуни
«Донишҷӯ ва пешрафти илмию техникӣ - 2021» қадрдонӣ шуданд.
Зимни
баргузории ҷаласа ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. аз дастовардҳои
чанде аз устодону донишҷӯёни донишгоҳ ёдоварӣ шуда, ғолибони озмуни мазкурро
самимона табрик намуд. Гуфта шуд, ки бо ибтикори Вазорати маориф ва илми
ҷумҳурӣ озмуни корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои...
Бахшида ба
таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солҳои 2019 –
2021 ҳамчун «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» санаи 30-юми июн
бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар майдони
800-солагии Москваи пойтахт даври дуюми Фестивали ҷумҳуриявии "Ҷилваи
рангҳо" доир гардид, ки дар он роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти
давлатии шаҳри Душанбе, вазорату идораҳо, бонувону сокинони пойтахт, аз ҷумла
устодону кормандони...
Имрӯз
(30.06.2021) зумрае аз донишҷӯдухтарони Донишгоҳи миллӣ соҳиби «Шаҳодатнома»-и
курси дӯзандагии назди донишгоҳ гардиданд.
Тавре
иттилоъ дода будем, бо дастгирии роҳбарияти Донишгоҳи миллӣ ва дар доираи
ҳамкориҳои дуҷониба бо Шӯрои ҳамкории рушди фарҳангии Шарқ ва Ғарб дар Ҷумҳурии
Тоҷикистон, инчунин, дар доираи лоиҳаи муштарак дар хобгоҳи №6-и донишҷӯёни
донишгоҳ барои донишҷӯдухтарон Маркази дӯзандагӣ кушода шудааст. Дар маркази
мазкур мутахассисони пуртаҷриба...
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ бо такя бар усули сиёсати «дарҳои кушода», сулҳдӯстӣ ва беғаразӣ, бо аксари кишварҳои ҷаҳон муносиботи дӯстонаи ҳамкории баробарҳуқуқ ва мутақобилан судманд ва бо як қатори онҳо робитаҳои шарикии стратегиро барқарор сохта, минбаъд онҳоро таъмиқу таҳким бахшид. Дар стратегияи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамкории гуногунҷанба...
Мубрамияти
илмии омӯзиши сулҳ дар Тоҷикистон бо зарурияти таҳқиқи қонунмандиҳои пошхурии
давлатҳои бузурги сермиллат, сабаб ва оқибатҳои чунин воқеаҳои таърихӣ
алоқаманд аст. Яке аз паёмадҳои суқути давлатҳои бисёрмиллат зуҳури кишварҳои
тозаистиқлол буда, ин раванд ҳамроҳ ба ташдиди низоъҳои иҷтимоиву сиёсӣ ва
қавмӣ сурат гирифт. Зуҳури кишварҳои ҷадидулбунёд дар Осиёи Марказӣ, ва аз он
ҷумла Тоҷикистон метавон гуфт, вазъияти геополиткӣ ва геостратегиро дар минтақа
ба...
ТАБРИКОТИ
РЕКТОРИ
ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
ХУШВАХТЗОДА Қ.Х. БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ
Дар таърих
рӯйдоду санаҳои муҳимме ҳастанд, ки онҳо бо гузашти солҳо миёни мардум аҳамият
ва мақому манзалати вижаро касб мекунанд. Агар ба таърихи гузаштаи миллати
куҳанбунёди тоҷик назар афканем, шоҳиди чунин воқеаҳо мешавем, ки...
Имрӯз
(26.06.2021) дар толори калони Донишгоҳи миллӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ
чорабинии илмӣ-фарҳангӣ доир гардид. Дар чорабинии мазкур намояндагони
сохторҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва устодону кормандони донишгоҳ иштирок намуданд.
Дар қисми
аввали чорабинӣ маърӯзаҳои ректори донишгоҳ Хушвахтзода Қ.Х. «Ормоне, ки ба
воқеият табдил шудааст», мудири кафедраи назария ва адабиёти навини форси
тоҷикии факултети филология, дотсент Зайниддинзода М. «Ваҳдати миллӣ...
Имрӯз (25.06.2021) дар толори хурди Донишгоҳи миллӣ мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ оид ба шоҳмот, ки бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон байни устодону кормандони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти “Ҷоми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон” доир гардида буд, ҷамъбаст гардид.
Дар оғоз ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. иштирокчиёни мусобиқаи мазкурро самимона табрик...
Ваҳдат ва
амну суботи миллӣ дар ҳар давру замон, новобаста ба давраҳои таърихӣ, ҳамеша
мазҳари идеалу ормонҳои волои инсон буда, кафили муттаҳидию ягонагии мардуми
заҳматкашу хирадманд, фидокору ватандӯст ва василаи ягонаи ҳифзи асолату
ҳувияти миллӣ ба шумор меравад.
Ин падидаи
беназиру муқаддаси даврони Истиқлолият, ҳамчун муқаддастарину азизтарин неъмат,
тантанаи адолат, рамзи саодат ва шинохти...