Ахбор
ҶАВОНОН ПАРЧАМБАРДОРОНИ МИЛЛАТАНД! Табрикоти ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ба муносибати Рӯзи ҷавонон
Зиндагии ҳамарӯза собит месозад, ки расидан ба ҳадафҳои бузург ва
мондагор намудану пос дошташтани арзишҳои миллӣ бе ширкати пурсамару фаъолонаи
ҷавонон мушкил мебошад. Ҳамин аст, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ, хусусан Асосгузори
сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи сиёсати давлатии ҷавонон таваҷҷуҳи махсус дода, бо
мақсади ҳамқадами замон тарбия кардани наслҳои ҷавон ва...
20 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Сарвазири мамлакат, раиси Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус (COVID-19) дар Ҷумҳурии...
Гигиенаи шахсӣ ин маҷмӯи қоидаҳои беҳдошт мебошад, ки иҷрои онҳо баҳри саломатии инсон мусоидат мекунад. Гигиенаи шахсӣ чунин қоидаҳои умумиро дар бар мегирад: кори ҷисмонӣ, истеъмоли хӯроки хушсифат, меҳнату истироҳат, хоби бофароғат ва ғайра. Ба гигиенаи шахсӣ покизагии бадан, курпаву болин, сару либос, манзил ва риояи мунтазами он дохил мешавад. Яъне, тозагӣ...
Тайи рӯзҳои охир дар пайравӣ бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарияти сохторҳои гуногуни ҷумҳурӣ маоши як моҳа ва ё панҷоҳ фоизи онро ба суратҳисоби фонди хайриявии таъсисдодаи ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба мубориза бар зидди коронавирус бахшида истодаанд. Дар пайи ин иқдом ректори Донишгоҳи...
Имрӯз
(23.04.2020) бо иштироки ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. дар назди
хобгоҳи №7-и донишгоҳ, ки донишҷӯдухтарон истиқомат мекунанд, Маркази
таълимӣ-иттилоотӣ кушода шуд. Дар ифтитоҳи Марказ ректори донишгоҳ суханронӣ
намуда, афзуд, ки «Раёсати донишгоҳ дар амалисозии сиёсати хирадмандона ва
маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешоҳанг буда, дар самти
дастгирии духтарони болаёқат таваҷҷуҳи хосса дорад».
Бояд
гуфт, ки Марказ дар доираи...
Ҳамасола дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳафтаи сеюми моҳи апрел
конференсияи ҷумҳуриявии илмию
назариявии ҳайати устодону
кормандон ва донишҷӯён - «Ҳафтаи илм»
баргузор мешавад. Конференсияи мазкур ба санаҳои муҳимми таърихӣ ва ибтикороти нодири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида мешавад. Ҳамоиши имсола
ба ҷашнҳои «5500-сологии Саразми бостонӣ», «700-солагии шоири
барҷастаи тоҷик
Камоли Хуҷандӣ» ва «Бистсолаи омӯзиш ва
рушди...
Дар ҷаласаи навбатии Раёсати
донишгоҳ, ки санаи 20-уми апрел баргузор гардид, ректори донишгоҳ, профессор
Хушвахтзода Қ.Х. дастоварди устодони зерини донишгоҳро муаррифӣ намуд. Рустам
Н., З. Ҷӯраева, Г. Шоҳсафарова, С. Шарофиддинов, А. Иззатуллоев ва Тахминаи Ш.
Устодони мазкур бо нишони «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз
гардиданд.
Дар индомаи ҷаласа масъалаҳои фаъолияти бахшҳои гуногуни донишгоҳ мавриди баррасӣ қарор...
Бо чунин ном бо ташаббуси кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири адабии факултети журналистикаи ДМТ ҳамоиши илмию амалӣ баргузор гардид. Ҳамоиши мазкур ба пешвози Рӯзи илм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт, ки ҳамасола 15 апрел ба хотири зодрӯзи устод Садриддин Айнӣ дар сатҳи донишгоҳу донишкадаҳои мамлакат доир мегардад.
Ҳамоиш...
Ҷиҳати пешгирии бемориҳои сироятӣ дар ҷомеа бо ибтикори садорати факултети баҳисобгирию иқтисодӣ чорабинии тарбиявӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ намояндагони бахши тарбияи донишгоҳ, аз ҷумла раиси шӯрои кураторони донишгоҳ И.Ашӯров иштирок намуда, вобаста ба ҷанбаҳои гуногуни пайдоиш, паҳншавӣ, пешгирии бемориҳои сироятӣ ва риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ суханронӣ намуд.
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар заминаи амалигардонии Лоиҳаи “Беҳтаргардонии ҷараёни таълим ва васеъгардонии имкониятҳои (кортаъминкунӣ) хатмкунандагон”(Созишномаи грантӣ №20/1-2), бо мақсади таҳия намудани модулҳо дар мавзӯи “Стандартҳо ва тавсияҳо оид ба таъмини сифати аврупои таълим” озмуни кушод эълон менамояд. Тамоми
профессорон, номзадҳо, омӯзгорон, ва дигар кормандоне, ки касбияташон
мувофиқ аст, метавонанд ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи хешро ба Шуъбаи кадрҳо (1-ум ошёна, утоқи...