• English
  • Русский
  • Тоҷики
Домой Блог Страница 3
Имрӯз (19.03.2024) дар толори фарҳангии Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон раиси Муассисаи давлатии Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Сайфиддин Хайриддин ба зумрае аз устодону кормандони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ дипломҳои докторию номзадӣ супориданд. Вохӯрӣ бо сухани муқаддимавии ректори Донишгоҳи миллӣ, профессор Насриддинзода Э.С. оғоз ёфт. Зимни суханронӣ...
Аз таърих маълум аст, ки яке аз анъанаҳои ҷашни Наврӯзи оламафрӯз ин баргузории мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ мебошад. Ба ин муносибат бо ибтикори ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Насриддинзода Э.С. дар арафаи таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ миёни донишҷӯёни факултетҳо мусобиқаҳои шоҳмот ва гӯштини миллӣ баргузор гардид. Дар рафти баргузории мусобиқаҳои мазкур устодони кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш фаъолона...
Имрӯз(19.03.2024) дар Шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалӣ бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид. Дар чорабинии мазкур намояндагони сохторҳои гуногуни ҷумҳурӣ иштирок доштанд. Насими баҳорӣ, фазои идонаи Донишгоҳ ба дили устодону донишҷӯён фараҳу шодӣ бахшид. Дар саҳни Шаҳраки донишҷӯён аз ҷониби садорати факултетҳо, Литсейи табиию риёзӣ ва Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсийи назди донишгоҳ...
Имрӯзҳо бо ташаббуси раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон курси омӯзишии "Зан-сарвар" ба роҳ монда шудааст. Дар маҳфили навбатии “Зан - сарвар” бахши кор бо духтарон ва занони факултетҳо ва донишҷӯдухтарони фаъоли факултетҳо иштирок намуданд. Дар маҳфил номзади илмҳои педагогӣ, дотсентАълочии маорифи Тоҷикистон Латофат Назирӣ иштирок намуда, бо донишҷӯдухтарон дар боби масъалаҳои муҳимми илмию таълимӣ суханронӣ...
Имрӯз (18.03.2024) бо мақсади риояи «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ҳошияи баргузории Наврӯзи байналмилалӣ дар Донишгоҳи миллӣ ҳамоиши илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Ҳамоиш бо сухани муқаддимавии ректори ДМТ, профессор Насриддинзода Э.С. оғоз ёфт. Дар ҳамоиш зикр гардид, ки қонуни мазкур барои ҳифзи арзишҳои...
Имрӯз дар арафаи таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯзи оламафрӯз вохӯрии ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ, профессор Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин бо ҷавонони аъзои Ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат»-и Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистондоир гардид. Ректори донишгоҳ зимни вохӯрӣ иброз дошт, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ нисбат ба ҷавонон таваҷҷуҳи вижа дошта, ҳамарӯза...
Дар доираи пазируфтани ташаббуси Пешвои муаззами миллат аз ҷонибиМаҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид - рӯзи 21-уми март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо имрӯз (18.03.2024) дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-назариявӣ доир гардид. Ректори донишгоҳ, профессор Насриддинзода Э.С. зинми суханронӣ пазируфтани иқдоми оқилонаи Пешвои муаззами миллатро аз ҷониби СММ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ мояи ифтихори миллати...
Дар партави дастуру супоришҳо ва иқдомҳои бунёдкоронаю созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдомҳои созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати ба “Шаҳри сабз” ва “Шаҳри гулрез” табдил додани пойтахти азизамон-шаҳри Душанбе дар ин замина ободонӣ, кабудизоркунӣ ва хуррамгардонии ҳар як гӯшаи он дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон пайваста шанбегиҳои...
Тавре иттилоъ дорем, вобаста ба дархости зиёди сокинони мамлакат шоми имрӯз (14.03.2024) соати 18:30 мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони фаъоли ҷомеа ва ходимони дини мамлакат, ки 9 марти соли равон дар “Кохи Ваҳдат» баргузор гардида буд, аз тариқи ҳамаи шабакаҳои телевизионӣ ва радиоӣ, такроран пахш шуд.
Дар ҳошияи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат бо коррупсия” ва амалишавии “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Нишасти мазкур дар доираи баргузории нақшаи чорабиниҳои донишгоҳӣ роҳандозӣ гардид, ки дар кори он намояндагони Дастгоҳи...

Эълонҳо