• English
  • Русский
  • Тоҷики
Домой Блог Страница 47
Тавре иттилоъ дода будем, 13 март бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Литсейи равияи табиию риёзии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Литсейи равияи табиию риёзии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки барои 1280 нафар хонанда пешбинӣ гардидааст, яке аз иқдомҳои шоистаи роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии...
Дар таърихи ҳар миллат саҳифаҳои сабақомӯз ва пурарзише ҳастанд, ки аз иқдоми нек ва хирадмандона ба нафъи халқу Ватан башорат медиҳанд ва барои наслҳои оянда ҳамчун чароғи ҳидоят хизмат мекунанд. Чунин саҳифаи заррин ва сарнавиштсоз барои миллати тоҷик рӯзи ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон мебошад, ки 27 – уми июни...
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар эътилоф бо дигар донишгоҳҳои кишвар, аз қабили Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ ва Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи А.Сино вобаста ба ҳамкории минбаъдаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо Бонки умумиҷаҳонӣ...
Самадов Саидмустафо - хонандаи синфи 7 - и Литсейи ДМТ рӯзҳои 1-2-юми июн дар шаҳри Сочии Федератсияи Россия дар Мусобиқаи байналмилалӣ аз фанни арифметикаи зеҳнӣ ширкат намуда, аз наминатсияи кор дар счёт ва счёти ментали ҷойи дуюмро ишғол намуд.
Бо фармоиши директори Маркази миллии патенту иттилоотии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июни соли 2023, доктори илмҳои техникӣ, профессор, академики Академияи муҳандисии Тоҷикистон, узви вобастаи Академияи илмҳои табиатшиносии Федератсияи Россия, мудири кафедраи технологияи истеҳсолоти химиявии факултети химияи ДМТ Самиҳов Шонаврӯз Раҳимович бо ихтирои худ "Тарзи ғанигардонии маъданҳои сурбу...
Тавре иттилоъ дода будем, бахшида ба Моҳвораи  ҷавонон миёни устодону кормандон, сохторҳои марбутаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи варзишӣ оид ба футболи хурд барои дарёфти «Ҷоми ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон» ташкил гардида буд, ки дирӯз (01.06.2023) дар варзишгоҳи Шаҳраки донишҷӯён ҷамъбаст шуд. Дар ҷамъбасти мусобиқа ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ва роҳбарони сохторҳои марбутаи донишгоҳ...
Таҳти ин унвон имрӯз (01.06.2023) бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон чорабинии тарбиявӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ роҳбарияти сохторҳои гуногуни донишгоҳ ва хонандагони Литсейи равияи табиию риёзии донишгоҳ иштирок намуданд. Дар оғоз дар саҳни толори асосӣ дастовардҳои хонандагони литсейи донишгоҳ ба намоиш гузошта шуд ва ҳайати роҳбарикунанда аз намоиши...
Бо чунин унвон дар маҳфили навбатии «Тоҷион – оинаи таърихи миллат» декани факултети таърихи донишгоҳ, доктори илмҳои таърих, профессор Шарифов Р. суханронӣ намуд. Дар дарси навбатӣ ва ё хонишҳои сиёсӣ, ки ба муносибати муваффақона амалӣ гардидани ташаббуси бузург ва фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ...
Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ Моҳвораи ҷавонон эълон ва чорабиниҳои гуногунсатҳ дар ин самт гузаронида шуд. Ҳайати бисёрҳазорнафараи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз ҷумлаи сохтори фаъоли ин чорабиниҳо буданд. Имрӯз дар чорабинии ҷамъбастии Моҳвораи ҷавонон масъулин ва донишҷӯёни донишгоҳ иштирок намуданд. Ҳамзамон, дар чорабинии мазкур дастовардҳои гуногуни донишгоҳ...
Имрӯзҳо дар самтҳои илму таълимӣ ва тарбияву робитаҳои байналмилалӣ дастовардҳои устодону кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳи миллӣ дар ҳоли афзоиш қарор дошта, пайваста дар чорабиниҳои гуногуни донишгоҳ, аз ҷумла зимни баргузории ҷаласаи васеи Шурои олимони донишгоҳ муаррифӣ ва қадрдонӣ карда мешаванд. Имрӯз (31.05.2023) дар оғози ҷаласаи васеи Шурои олимони донишгоҳ...

Эълонҳо