• English
  • Русский
  • Тоҷики
Домой Блог Страница 63
Имрӯз дар заминаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон конференсияи сеюми байналмилалии илмӣ-амалии маҷозӣ «Таъмини рушди устувор дар шароити кишоварзӣ, энергетика, экология ва илмҳои Замин” баргузор гардид. Ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. зимни суханронии хеш иброз дошт, ки ҳудуди зиёди Ҷумҳурии Тоҷикистонро кӯҳсор ташкил мекунад ва соҳаи кишоварзӣ яке аз самтҳои даромадноки иқтисодиёти кишвар ба ҳисоб меравад....
Бо дастгирии роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва ташаббуси садорати факултети журналистика нишасту вохӯриҳои судманд миёни устодону донишҷӯёни факултет роҳандозӣ мешавад. Имрӯз (16.03.2023) дар факултети мазкур мизи мудаввар таҳти унвони “Пиряхҳои Тоҷикистон – манбаи обҳои зулоли Осиёи Марказӣ”  бо иштироки муовини директори осорхона-мамнуъгоҳи ба номи А.Д.Поленови вилояти Тулаи Федератсияи Русия, номзади илмҳои иқтисодӣ Д.В. Грушевский доир гардид.
Бо ибтикори факултети таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзӯи «Масоили мубрами таърих ва фарҳанги халқи тоҷик дар замони истиқлол» ҳамоиши илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Нишаст бо сухани муқаддимавии ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. оғоз ёфт. Дар нишаст иштирокчиён роҷеъ ба мавзуъи нишаст суханронӣ намуда, саҳми устоди донишгоҳ, доктори илмҳои таърих, профессор Қаҳҳори Расулиёнро, ки айни замон дар арафаи...
Ба муносибати муваффақона амалӣ гардидани ташаббуси бузург ва фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баргузор намудани Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» дар соли 2023 имрӯз (16.03.2023) дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хонишҳои сиёсӣ баргузор гардид. Дарси дуюмро доктори илмҳои таърих, профессор Қаҳҳори Расулиён гузаштанд....
Имрӯз (15.03.2023) бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва ҷиҳати дарёфти истеъдодҳои наврасу ҷавон дар Донишгоҳи миллӣ даври аввали умумидонишгоҳии озмуни мазкур натиҷагирӣ шуд. Зимнан гуфта шуд, ки тибқи фармоиши ректори донишгоҳ аз 5-ум то 25-уми феврали соли ҷорӣ озмуни мазкур дар сатҳи факултетҳо...
Дар доираи ҳамкориҳои муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон Форуми ректорони донишгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон «Муносибатҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Узбекистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи таҳсилоти олӣ, илм ва инноватсия ҳамчун асоси рушди иқтисодиёти миллӣ" аз 13-ум то 15-уми марти соли ҷорӣ дар заминаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баргузор гардид. Санаи 13-уми март дар...
Форуми ректорони донишгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон таҳти унвони «Муносибатҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Узбекистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи таҳсилоти олӣ, илм ва инноватсия ҳамчун асоси рушди иқтисодиёти миллӣ" дар заминаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оғоз ёфт. Ифтитоҳи Форум аз тамошои дастовардҳои илмию таълимӣ ва инноватсионии Донишгоҳи миллӣ сурат гирифт.
Дар доираи ҳамкориҳои муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон Форуми ректорони донишгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон «Муносибатҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Узбекистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи таҳсилоти олӣ, илм ва инноватсия ҳамчун асоси рушди иқтисодиёти миллӣ" дар заминаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст. Имрӯз (13.03.2023) дар фазои дӯстона меҳмононро аз Ҷумҳурии Узбекистон...
13 март дар шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинои нави Литсейи равияи табиию риёзии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Бинои нави замонавӣ аз чор ошёна иборат буда, барои 1280 нафар...
Имрӯз (13.03.2023) бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва ҷиҳати дарёфти истеъдодҳои наврасу ҷавон дар Донишгоҳи миллӣ даври аввали умумидонишгоҳии озмуни мазкур доир гардид. Зимни кушодашавии озмун муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, профессор Сафармамадзода С.М. иштирок намуда, оид ба аҳамияти фарҳангӣ-маърифатии озмуни...

Эълонҳо