СУХАН АЗ МАКТАБИ БУЗУРГИ ҶАСОРАТУ ШУҶОАТ ВА ВАТАНДОРӢ

104

(Вохӯрӣ бо хатмкунандагони Донишгоҳ)

Имрӯз хатмкунандагони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар самтҳои гуногун фаъолияти пурсамар намуда, дар рушди давлати соҳибистиқлол ва ҳифзи сарзамини биҳиштосоямон саҳми назаррас мегузоранд. Роҳбарияти Донишгоҳ баҳри сайқал додани донишҳои назариявию амалӣ ва ҳисси баданди ватандӯстиии ҷавонон, хусусан хатмкунандагони он пайваста тадбирҳои муҳимро роҳандозӣ менамояд.

Бо ин мақсад имрӯз (02.04.2024) вохӯрии навбатии ректори Донишгоҳ, профессор Насриддинзода Э.С. бо хатмкунандагони факултетҳои иқтисодӣ ва ҳуқуқшиносӣ баргузор гардид.

Ректори Донишгоҳ зимни суханронӣ аз таваҷҷуҳи вижаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонон ёдовар шуда, иброз дошт, ки ҷавонон неруи бузург ва пешбарандаи фарҳангу тамаддуни ҷомеаи башарӣ буда, ҳамеша дар пешрафт ва рушду нумӯи соҳаҳои мухталифи ҳаёти иҷтимоӣ саҳми арзанда доранд. Пешвои миллат ҷиҳати дастгирии ҷавонон ва таъмини онҳо бо ҷойҳои нави корӣ, дар омӯзиш ва истифодаи техникаву технологияҳои навини иттилоотиву коммуникатсионӣ диққати махсус зоҳир намуда, пешниҳодҳои ҷавононро баҳри рушду нумӯи Ватани азизамон доимо дастгирӣ менамоянд ва бунёди шароити мусоиди кору фаъолиятро барои онҳо пайваста таъмин месозанд.

Дар идомаи вохӯрӣ роҷеъ ба мавзуи ватандӯстӣ андешаҳои ҷолиб сурат гирифта, таъкид гардид, ки андешаи созанда ва бедоркунандаи мағзҳои хуфта дар ин шабу рӯз зарур аст. Ба қавле андешаи миллӣ барои таҳкими ваҳдати комил ва рушди устувори давлатдорӣ нақши басо муассир мебозад. Дар замони ҷаҳонишавӣ моро зарур аст, ки баробари шукронаву ифтихор кардан аз Ватани аҷдодиву давлати соҳибистиқлоламон тамоми азму талоши худро ба таҳкими ваҳдати миллӣ, ҳифзи дастовардҳои кишвар ва сарҷамъии миллат равона карда, ободии имрӯзу фардои кишварро таъмин намоем ва нагузорем, ки андешаҳои бегонапарастӣ, ифротгароиву тахрибкорӣ ва тундравию таассуб ба тафаккури мардуми мо, ба хусус насли наврас, нуфуз пайдо кунанд.

Зимнан гуфта шуд, ки имрӯз вазифаи асосии ҷавонон хонишу омӯзиши пайваста, интизоми намунавию ахлоқи ҳамида, фаъолияти пурсамар дар сохторҳои мухталиф, ҳифзи дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ ва хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Гуфта шуд, ки хизмат ба Ватан-Модар қарзи фарзандӣ ва имониву виҷдонии ҳар як ҷавонмарди бонангу номус буда, мактаби бузурги тарбияи ирода, ҷасорат, шуҷоат ва ватандорӣ ба ҳисоб меравад. Иҷрои ин қарз нишонаи камолоти инсонии ҳар як ҷавон мебошад.

“Ҷавонони бо ору номуси миллат, Шумо фарзандони содиқи Тоҷикистон ҳастед. Рисолати асосии мову Шумо аз он иборат аст, ки Тоҷикистони азизамонро дӯст дошта, дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ хизматро содиқона ба ҷо орем ва дар ҳифзи Ватан ва дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ саҳми муносиб гузорем.

Бигузор, хизмати шоиста ва содиқонаи Шумо боиси ифтихори падару модарон, наздикону пайвандон ва аҳли ҷомеа гардад»- гуфта шуд дар вохӯрӣ.