• English
  • Русский
  • Тоҷики
Домой Блог Страница 70
Имрӯз (07.02.2023) бо дастгирии Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ва иқдоми роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар заминаи амалишавии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” дар пояи кафедраи усули таълими химияи факултети химия Озмоишгоҳи таълимии муосир кушода шуд. Дар ифтитоҳи озмоишгоҳи мазкур ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ва ҳайати устодону кормандон...
Дар толори калони ДМТ маҳфили навбатии «Хирадманд» бо иштироки доктори илмҳои филологӣ, профессор Аламхон Кӯчарзода баргузор шуд. Дар маҳфили мазкур роҳбарият, устодону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ ҳузур доштанд. Маҳфилро декани факултети филология, профессор Сироҷиддини Эмомалӣ кушода намуда, зикр кард, ки гузаронидани ин чорабинӣ дар баланд бардоштани савияи дониши илмию адабиӣ ва ҷаҳонбинии донишҷӯён мусоидат хоҳад намуд, зеро...
Дар доираи нақшаи чорабиниҳои раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар толори фарҳангии ба номи Ш. Ҳусейнзода хониши сиёсӣ бо иштироки муовини аввал, муовинии ректор оид ба таълим Собирзода Н.М., муовини ректор оид ба тарбия Раҳмонзода Ҷ.М. ва устоди факултети фалсафа, сиёсатшинос Сафарализода Х.Қ. бо устодону кормандони донишгоҳ доир гардид. Зимнан...
Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Қобилҷон Хушвахтзода дар доираи баргузории чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ бо устодону кормандони факултети тиббӣ вохӯрӣ намуд. Мақсад аз вохӯрии мазкур шарҳу тавзеҳи Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ”, инчунин, татбиқи як зумра санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, аз қабили қонунҳои...
Вазъи мураккаби геополитикии ҷаҳони муосир ва паҳншавии зуҳуроти номатлубу даҳшатовари терроризм ва экстремизм, ки барои ҷомеаи башарӣ, сулҳу субот, амнияти давлат ва рушди устувори давлатҳо таҳдиди бевосита менамояд, на танҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки сайёраро ба ташвиш овардааст. Ин нуктаро ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. зимни вохӯрии худ ба устодону донишҷӯн, ки дар толори фарҳангии ба номи Шарифҷон...
Сада мисли Наврӯзу Меҳргон аз ҷашнҳои миллии ориёитаборон ба шумор рафта, онро ҳар сол мардуми тоҷик дар баҳманмоҳи 11-уми солшумории шамсӣ ҷашн мегирад. Ҷашни Сада ба анҷоми чиллаи калон рост омада, аз он дарак медиҳад, ки зимистон ва давраи сармои он ба охир расида истодааст. Сада панҷоҳ шабонарӯзро то фарорасии Наврӯз дар бар гирифта, аз наздик омадани...
Имрӯз ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо докторантони Ph.D вохӯрӣ намуд. Дар вохӯрӣ ректори донишгоҳ дар робита ба нуктаҳои гуногуни Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва татбиқи талаботи як қатор санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ дар самти тарбияи ватандӯстӣ, мубориза алайҳи падидаҳои номатлуби аср, аз қабили терроризму экстремиз суханронӣ...
Имрӯз (03.02.2023) дар толори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маросими ҷоизасупории беҳтаринҳо дар соҳаи кор бо ҷавонони шаҳри Душанбе дар соли 2022, бо иштироки муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар Раҳим, Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода, муовини якуми Раиси кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Шабнам ва дигар намояндагони бахши кор...
Дар заминаи таҳкими ҳамкориҳо ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо намояндагони “Бунёди муколамаи Пердана”-и Малайзия (Perdana Dialogue Fondation):мудири иҷроияи “Бунёди муколамаи Пердана”-и Малайзия Муҳаммад Рафӣ Юсуф, доктор Қамарул Наим ва Нур Сулаймон корманди аршади Бунёди мазкур вохўрӣ анҷом доданд. Дар мулоқот ректори донишгоҳ меҳмононро бо таърихи донишгоҳ, сохтор ва...
Имрӯз (03.02.2023) дар пояи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар робита ба баргузории озмунҳоии ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм – фурӯғи маърифат», ки дирӯз амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт қабул гардид, ҳамоиши оммавӣ баргузор шуд. Дар оғоз ректори донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор...

Эълонҳо