• English
  • Русский
  • Тоҷики
Домой Блог Страница 97
Ваҳдату дӯстӣ дар даврони соҳибистиқлолии кишвари мо қатъи назар аз ҳама ҷузъиёт (миллат, маҳал, дин, мазҳаб, синну сол, сатҳи иҷтимоӣ ва ғ.) арзиши баланд пайдо намуда, барои халқи тоҷик ба як омили устувори муҳимми пешрафту шукуфоӣ табдил ёфт. Бидуни шак, сархати ҳама пешрафтҳои имрӯзаи ватани моро сулҳу ваҳдате ташкил медиҳад, ки бо шарофати роҳнамоиву садоқати Пешвои миллат,...
Имрӯз (13.08.2022) дар нуқтаҳои гуногуни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо мақсади тозаву озода гардонидани гирду атрофи биноҳо ва назаррабо гардонидани атрофи онҳо шанбегӣ баргузор гадид. Дар ин шанбегӣ, ки кормандон ва масъулини бахши хоҷагидории донишгоҳ ҷалб шуда буданд, гирду атрофи биноҳо аз хазонҳо ва партовҳо тоза карда шуданд. Яке аз иншоотҳои донишгоҳ ин бинои...
Тоҷикистон аз ҷиҳати захираҳои гидроэнергетикӣ дар ҷаҳон баъди Хитой, Россия, ИМА, Бразилия, Зоир, Ҳиндустон ва Канада дар ҷои ҳаштум ва дар собиқ Иттиҳоди Шуравӣ баъд аз Федератсияи Россия дар ҷои дуюм қарор дорад. Ҷумҳурии мо дорои захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ буда, иқтидори истеҳсоли солонаи энергияи барқ 527 миллиард кВт/соат арзёбӣ гардида, аз нигоҳи техникӣ захираҳои гидроэнергетикӣ солона 317...
Иттиҳоди Ҷамоҳири Шуравии Сотсиалистӣ (ИҶШС), ки дар кулли нишастҳо бо вожаи ихтисоршудаи русии «СССР» ёд мешавад, ҳачун давлати абарқудрат баъд аз 70 соли мавҷудияташ дар даҳаи охири қарни бистум завол ёфт. Дар натиҷаи ин ҳодисаи таърихӣ дар харитаи сиёсии ҷаҳон ва дар низоми муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ тағйиротҳои назаррасе зуҳур карданд. Яке аз ин тағйиротҳо ба ҳайси давлатҳои...
Ҷанги беш аз чилсолаи Афғонистон, бархӯрди миллатҳою қавмҳои сокини он ва дахолати хориҷиён кишвари ҳамсояро ба харобазор ва майдони кашмакашҳои тӯлонӣ табдил дод. Дар ҳалли ин қазия ба мардуми афғонистон ваҳдат намерасад, зеро нотифоқии онҳоро бегонагон ба манфиати худ суиистифода менамоянд. Зимнан, иддае аз рӯзноманигорону коршиносон ва чеҳраҳои шинохтаи афғонистон сулҳу оромии Тоҷикистонро васф...
Имрӯз (10.08.2022) дар заминаи ҳамкориҳои дуҷонибаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербурги Федератсияи Русия дар робита ба фаъолияти Маркази таълимӣ-омӯзишии муштараки муҳоҷирони меҳнатӣ дар заминаи ДМТ суҳбати маҷозии (онлайнии) баргузор шуд. Дар суҳбати маҷозӣ муовини ректори ДМТ оид ба робитаҳои байналмилалӣ Ғаффорзода И.Ғ. ва муовини ректори Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург оид ба фаъолияти байналмилалӣ Андрюшин С. В....
(Сулҳу ваҳдат ва фарҳанги таҳаммулпазирӣ…) Замони муосир бо равандҳои мураккаби сиёсию иҷтимоӣ, ҷаҳонишавӣ ва омезиши тамаддунҳо миллатҳоро водор менамояд, ки дар ҳифзу таҳкими таъриху фарҳанг ва ҳама гуна арзишҳои миллии худ талошу кӯшишҳои бесобиқа намоянд. Зеро камтарин саҳлангорӣ дар раванди ҷаҳонишавӣ метавонад муҳимтарин арзишҳои миллӣ, ҳатто ҳастии миллатро ба боди таърих диҳад. Ҳамин аст,...
Ҷамъияти инсонӣ дар тулли мавҷудияти хеш воқеаву ҳодисаҳои зиёди иҷтимоиву сиёсиро аз cap гузаронидааст, ки ҳар яке аз онҳо дар марҳилаи худ нақши хосае дорад, аммо андешаи озодӣ, истиқлолият, худшиносӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, як порчагии кишвар ва амсоли инҳо аз замони бостон то кунун нуқтаи марказӣ ва меҳвари аслии бузургтарин офаридаҳои маънавии мафкураи инсонӣ буду ҳаст...
Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад. Эмомалӣ Раҳмон Солҳои охир ба масъалаи таъмини амнияти миллӣ ва нақши давлат дар ҳалли ин масъала...
Воқеияти олами имрӯза сарварон ва сиёсатмадарони сатҳи гуногунро водор бар он месозад, ки ба хотири мавқеъ ва инкишофи арзандаи кишварашон дар низоми муқовиматбори сиёсии олам таълимот ва доктринаҳои гуногунро таҳрезӣ намоянд. Онҳо рушди кишвари хешро танҳо ва танҳо дар чунун раванд мебинанд. Тоҷикистон низ ҷузъи ҷудонашавандаи ин олами сиёсӣ мебошад. Маҳз, геополитик будан...

Эълонҳо