• English
  • Русский
  • Тоҷики
Домой Блог Страница 116
Имрӯз (19.03.2022) дар Шаҳраки донишҷӯёни донишгоҳи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалӣ бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид. Насими баҳорӣ, фазои идонаи донишгоҳ ба дили устодону донишҷӯён фараҳу шодӣ бахшид. Дар саҳни Шаҳраки донишҷӯён аз ҷониби садорати факултетҳои донишгоҳ хони наврӯзӣ, аз қабили ҳафтсин, ҳафтшин ва ҳафтмим, гӯшаи ҳунарҳои мардумӣ ва хуришҳои баҳорӣ ороста шуд, ки...
Имрӯз (18.03.2022) дар толори Ганҷинаи профессор Шарифҷон Ҳусейнзода  таҳти унвони «Абдушукури Абдусаттор - пажӯҳишгар, шоир, мутарҷим ва таҳиягари осори адабӣ» семинари илмии кафедра - «Баҳори дониш» баргузор гардид. Нишаст бо сухани муқаддимавии декани факултети филология, профессор Сироҷиддини Э. оғоз ёфт. Зикр шуд, ки нақши Абдушукури Абдусаттор дар рушди адабиёти тоҷик, бахусус  нашри осори шоирони...
Дар самти омӯзиши осори гаронбаҳои Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ таъсиси маркази илмӣ-таълимӣ ва ё илмӣ-фарҳангӣ муҳим буда, барои муҳаққиқони риштаи таъриху фарҳанги миллат ва таҳкими муносибатҳои илмию адабӣ заминаи мусоид мегузорад. Ин масъала имрӯз (17.03.2022) дар вохӯрии ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо сафири Ҷумҳурии  Туркия дар Тоҷикистон Эмре Зеке Карагёлов мавриди баррасӣ қарор гирифт.   
Имрӯз ҳайати омӯзгорону толибилмони Литсейи равияи тиббию риёзии Донишгоҳи миллӣ Наврӯзи байналмилалиро бо баргузории чорабинии фарҳангию фароғатӣ ҷашн гирифтанд. Дар инфтитоҳи чорабинӣ муовини аввал, муовини ректор оид ба таълим Абдулмуминзода Н.А. бо ҳамроҳии чанде аз роҳбарони сохторҳои гуногуни донишгоҳ аз хони омоданамудаи толибилмони литсей боздид намуда, ба омодагии омӯзгорону хонандагон баҳои баланд доданд. Сипас...
Имрӯз (17.03.2022) дар доираи сиюмин солгарди муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеративии Германия  сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Федеративии Германия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доктор Андреас Протманн ба Донишгоҳи миллӣ ташриф оварда, бо ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ва устодону донишҷӯёни донишгоҳ мулоқот намуд. Қаблан меҳмони олиқадр бо ректори донишгоҳ вохӯрӣ намуда, дар...
Имрӯз (16.03.2022) дар Донишгоҳи миллӣ дар доираи ҳамкориҳо бо Муассисаи давлатии Маркази миллии патенту иттилоот дар мавзӯи «Асосҳои моликияти зеҳнӣ» семинари илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Дар семинар директори китобхонаи патентию техникии Муассиса  Тоҳир Холиқов, намояндаи Муассиса Соатулло Шарифов,  муовини сардори раёсати иттиллооти илмӣ-техникии Муассиса Қиёмиддин Миралиев ва мудири кафедраи ҳифзи объектҳои моликияти зеҳнии Муассисаи мазкур Луъбат Шарифова дар...
Имрӯз бо дастгирии ректори Донишгоҳи миллӣ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. гурӯҳи кормандони донишгоҳ барои афзун намудани донишҳои фарҳангӣ-таърихӣ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид ба амал оварданд. Кормандони самти илми донишгоҳ таҳти роҳбарии муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Сафармамадзода С.М. сафарбар гардида, бо роҳбаладони осорхона Бахтиёр Раҳимов ва Мадина Ваҳҳобова аз толорҳои таърихии осорхона дидан карданд.
Имрӯз (16.03.2022) ректори Донишгоҳи миллӣ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо сафири Ҷумҳурии Белорус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон В. А. Денисенко мулоқот намуд. Ҳадаф аз ташриф ва мулоқоти сафир мустаҳкам намудани робитаҳо ва табодули устодону донишҷӯёни Донишгоҳи миллӣ бо донишгоҳҳои  Ҷумҳурии Белорус буд. Нахуст, ректори донишгоҳ Хушвахтзода Қ.Х. доир ба вазъи илму таълими донишгоҳ...
Ба истиқболи Иди байналмилалии Наврӯз  бо  ташаббуси кафедраи ҳарбии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон чорабинии ҳарбӣ-варзишӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ падпалковник Ҳ. Қосимов ҳозиринро ба ифтихори Иди байналмилалии Наврӯз табрик намуда, изҳор дошт, ки ҷашни Наврӯз барои мо – тоҷикон, ки меросбарони мустақими тамаддуни бостонии ориёӣ мебошем, аз қадим то имрӯз як падидаи бисёр қавии ҳувиятсоз, яке...
Хатмкунандагони боҳунар ва хушзавқи факултети журналистикаи ДМТ дар шабакаҳои телевизион ва радио бидуни озмун бо роҳхати факултет ба кор қабул карда мешаванд. Ин нукта имрӯз дар вохӯрии раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид бо хатмкунандагони факултети журналистикаи донишгоҳ, ки дар Шаҳраки донишҷӯён баргузор шуд, иброз гардид. Зимнан дар вохӯрӣ раиси Кумита Нуриддин...

Эълонҳо