РӮЗНОМАНИГОРОН БА ДАСТОВАРДҲОИ ДОНИШГОҲ ТАВАҶҶУҲ НАМУДАНД

278

Имрӯз (31.01.2023) дар толори Шурои олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарону намояндагони сохторҳои гуногуни донишгоҳ ва беш аз 30 нафар  рӯзноманигорони телевизиону радио  ва нашрияҳои ҷумҳурию шабакаҳои иҷтимоӣ нишасти матбуотӣ доир гардид.

         Дар оғоз ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. роҷеъ ба фаъолияти донишгоҳ дар соли 2022 мухтасар сухан намуд. Қайд гардид, ки «Соли сипаригардида бо мақсади татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати муназзам гардонидани корҳои таълимию илмӣ, тарбиявию ташкилӣ ва хоҷагидорӣ дар Донишгоҳ як силсила тадбирҳо андешида шуд ва дар ҳама самтҳо дастовардҳо рӯйи кор омаданд”.

Зимнан ректори донишгоҳ  доир ба самти таълиму тарбия, илму истеҳсолот, муносибатҳои байналмилалӣ ва корҳои хоҷагию молиявии донишгоҳ суханронӣ намуд. Гуфта шуд, ки Оинномаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар таҳрири комилан нав, ки мухторияти Донишгоҳро дар шароити феълии ҷомеа ифода мекунад таҳия ва бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд. Ҳамчунин, дар якҷоягӣ бо Оиннома сохтори донишгоҳ, ки ба талаботи замони муосир ҷавобгӯй гардидааст, тасдиқ карда шуд. Вобаста ба ин, шуруъ аз моҳи январи соли 2022  ҷиҳати ба талаботи оинномаи нав ва сохтори ба тозагӣ тасдиқгардида мутобиқ сохтани санадҳои меъёрию ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти донишгоҳ гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд ва то охири сол тамоми  санадҳои донишгоҳӣ, аз ҷумла Қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатии Донишгоҳ, низомнома ва дастурамалҳои вазифавии кормандони сохторҳои таркибии Донишгоҳ таҷдид, таҳия ва бо қарори Шурои олимони донишгоҳ тасдиқ гардиданд.

Ҳамзамон, зикр шуд, ки Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар Раддабандии байналмилаии IAAR Eurasian University Ranking (IAAR EUR)-2022, ки санаи 8 октябри соли 2022 натиҷаҳои ин раддабандӣ дар Форуми VI Байналмилалии Осиёи Марказӣ доир ба таъмини сифати таҳсилот бо иштироки шабакаҳои аврупоӣ эълон гардид, донишгоҳ  соҳиби ҷойи 4-ум ва соҳиби ҷоизаи «IAAR EUR Worldwide recognition» Award гардид.

Инчунин, таъкид шуд, ки соли сипаригашта бо ибтикори раёсати ДонишгоҳМаркази илмию таҳқиқотии публитсистика ба номи профессор Асадулло Саъдуллоев, Студияи таълимии радиои факултети журналистика рӯи мавҷи алоҳида дар диапазонаи 90,5 FM бо унвони “Садои Донишгоҳи миллӣ”, Озмоишгоҳи нанотехнологияи Институти илмию таҳқиқотии ДМТ, лабораторияи илмӣ дар факултети химия, таъсиси филиали китобхонаи илмӣ дар “Шаҳраки донишҷӯён”, сохта ба истифода додани амфитеатр ва майдончаи варзишӣ дар саҳни бинои Конфутсий ва таҷдиди Маркази русӣ сурат гирифт, ки ҳар як аз ин озмоишгоҳу марказҳо барои истифодаи самараноки устодону донишҷӯён дар раванди машғулиятҳои дарсӣ ва иҷрои корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ равона гардиданд.

         Дар идомаи нишаст  ректори донишгоҳ ва рӯзноманигорон доир ба низоми таълим, табодули устодону кормандон, ҳамкорӣ дар самти таҷрибаомӯзӣ, таъсиси ихтисосҳои нав, ҳамкориҳои  ДМТ бо кишварҳои хориҷӣ, инчунин, татбиқи корҳои илмию таълимӣ дар марказҳои тадқиқотӣ саволу ҷавоб сурат гирифт.   

Дар охир ректори донишгоҳ Хушвахтзода Қ.Х. бори дигар ҳузури рӯзноманигоронро ба донишгоҳ хайрамақдам гуфта, таъкид дошт, ки нақши рӯзноманигорон дар муаррифии дастовардҳои миллӣ, хусусан навгониҳои Донишгоҳи миллӣ  муҳим мебошад. Зимнан рӯзноманигорон бо даъвати ректори донишгоҳ аз Осорхона ва Маркази илмӣ-таҳқиқотии Пешвои миллат боздид намуданд.