Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо чанде аз донишгоҳҳои Федератсияи Русия равобити судманд дорад, ки рӯз то рӯз дар самтҳои мухталиф ҳамкориҳо густариш меёбанд. Донишгоҳи давлатии Томски Федератсияи Русия аз ҷумлаи онҳо мебошад, ки имрӯз равобити ҳамкориҳо дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст.
Дар доираи ҳамкориҳои илмию таълимӣ ва эълон гардидани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди...
Илми муосири ҷомеашиносӣ, аз ҷумла фалсафаи иҷтимоӣ, мафҳуми ифротгароиро ҳамчун мафҳуми умумиилмӣ баррасӣ карда, дарки илмӣ, кушодани мазмуну мундариҷаи онро мавриди таҳқиққарор медиҳад. Ин падидаи иҷтимоӣ бисёрҷанба буда, дар шаклҳои мухталиф зуҳур меёбад, ки ҳолати мазкур ошкор намудани моҳияти онро душвор мегардонад.
Таърифи аниқу муайян додани мафҳумҳои мазкур, бахусус мафҳуми «ифротгароӣ» на фақат барои...
Санаи 22.07.2022 намояндагони Донишгоҳи ситии Малайзия: директори факултети меҳмоннавозӣ ва туризм Датин Путери Ҷуле ва директори Департаменти рушди тиҷорати байналмилалии донишгоҳи мазкур Соро Ошагӣ ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ташриф оварда, бо муовини аввал, муовини ректори ДМТ оид ба таълим Собирзода Н.М. ва сардори раёсати таълими донишгоҳ Қосимзода С.С. мулоқот намуданд.
Дар вохӯрӣ ҷонибҳо роҷеъ...
Имрӯз аввалин довталаб, иштирокчии фаъол ва ҷоизадори Озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" Домулоҷонова Сафина Сайфуллоевна ба донишгоҳ қабул гардид. Масъулини Комиссияи қабули донишгоҳ довталаби мазкурро самимона истиқбол гирифтанд.
Ёдрас мешавем, ки Домулоҷонова С.С. дар асоси мактуби Вазорати маориф ва илм ба донишгоҳ роҳхат ёфт.
Бахше, ки ҳамеша пайи гулгулшукуфоии гирду атрофи биноҳои таълимӣ ва тозаву озода нигоҳ доштани Донишгоҳи миллӣ ва дар умум дар зебоии намои донишгоҳ саҳми асосӣ мегузорад, қисмати хоҷагидории донишгоҳ мебошад. Борҳост, ки аз фаъолияти ин бахш сухан меронему ба масъулину кормандони он таҳсину офарин мехонем. Ин ҷо сухан аз фаъолияти ҳамин бахши донишгоҳ меравад, ки дар давоми...
Имрӯз (15.07.2022) дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба истиқбол аз ташаббуси навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баргузории Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон»–оинаи таърихи миллат» конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.
Дар оғози ҳамоиш ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. суханронӣ намуда, изҳор дошт, ки имрӯз мо аз иқдомҳои наҷиби роҳбари...
Ахбор
АЗ РӮЙИ АСАРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – «ТОҶИКОН ДАР ОИНАИ ТАЪРИХ» ДАР ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН ОЗМУН БАРГУЗОР МЕГАРДАД
Имрӯз дар ДМТ дар ҳошияи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баргузор намудани Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон»–оинаи таърихи миллат» ҳамоиши илмӣ–назариявӣ бо иштироки доираи васеи ҳайати устодону донишҷӯён ва раёсати донишгоҳ баргузор гардид.
3 нуктаи ироашудаи ректори ДМТ профессор Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт қобили таҳсину офарин аст.
1. Ин иқдоми Пешвои...
Имрӯз варақгардон намудани саргузашти пурмуаммои шоҳасари “Тоҷикон”-и академик Бобоҷон Ғафуров ба доираи васеи хонандагони чи дохиливу чи берунӣ ба аҳамияти бузурги илмиву амалӣ молик аст.
Шоҳасари академик Б. Ғафуров «Тоҷикон», на танҳо дар таърихнигории ватанӣ, балки дар миқёси кишварҳои хориҷӣ низ шуҳрату шаҳомати беандоза бузургеро соҳиб гардидааст. Бесабаб нест, ки шоҳасари «Тоҷикон» дар илми...
Самти инноватсия яке аз паҳлуҳои муҳимми фаъолияти илми Донишгоҳи миллӣ ба ҳисоб меравад, ки дар солҳои охир оид ба ин самт дастовардҳои назаррас рӯйи кор меоянд. Бо дастгирии роҳбарияти донишгоҳ ва ташаббуси сардори раёсати инноватсия Машрафзода Ҳ. фаъолияти Маркази инноватсияи донишгоҳ рӯ ба рушд ниҳодааст.
Чанде қабл бо ташаббуси Ассотсиатсияи байналмилалии олимони ҷавон,...
Нашри якуми китоби байналмилалии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил «Беҳтарин дар соҳаи маориф-2022» (Олимони ИДМ) лоиҳаи беназирест, ки ба пешбурди илм ва муваффақияти шахсии кормандони илмию педагогӣ дар саросари ИДМ ва Аврупо нигаронида шудааст.Дар ин лоиҳа ходимони илму педагогии Казокистон, Федератсияи Русия, Узбекистон, Тоҷикистон, Кирғизистон Беларусия иштирок доштанд.
Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар лоиҳаи мазкур...