• English
  • Русский
  • Тоҷики
Домой Блог Страница 127
(Чанд дастовард аз фаъолияти ДМТ дар нимсолаи аввали соли 2022) -Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо мақсади муназзам гардонидани корҳои ташкилию сохторӣ, таълимию тарбиявӣ ва илмию хоҷагидорӣ як силсила тадбирҳои муҳим андешида шуданд.  -Оинномаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар таҳрири комилан нав, ки мухторияти донишгоҳро дар шароити феълии ҷомеа ифода мекунад, таҳия ва...
Имрӯз (12.07.2022) дар толори Шурои олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарону намояндагони сохторҳои гуногуни донишгоҳ ва беш аз 30 нафар рӯзноманигорони телевизиону радио ва нашрияҳои ҷумҳурию шабакаҳои иҷтимоӣ нишасти матбуотӣ доир гардид. Дар оғоз ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. роҷеъ ба фаъолияти донишгоҳ дар нимсолаи аввали соли 2022 мухтасар сухан намуд. Қайд гардид,...
1. Ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров соли 2023 озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат» баргузор карда шавад.2. Низомнома, ҳайати комиссия, ҷоизаҳои озмун, саволнома ва руйхати адабиёти тавсияшавандаи озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат» тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2, 3, 4 ва 5).3. Вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон,...
Ба диққати рӯзноманигорон расонида мешавад, ки санаи 12-уми июли соли 2022, соати 10:00 дар бинои марказии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (хиёбони Рӯдакӣ 17) нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаи фаъолияти ин боргоҳи илму маърифат дар нимсолаи авали соли 2022 баргузор мегардад. Хоҳишмандон метавонанд дар нишаст иштирок намоянд.
Номгӯйи ихтисосҳо барои довталабони зинаи докторантура-доктори фалсафа Ph.D, доктор аз рўйи ихтисос барои соли тањсили 2022-2023.
 Имрӯз (05.07.2022) дар оғози ҷаласаи васеи Шурои олимони Донишгоҳи миллӣ, ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. чанде аз дастовардҳои устодону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳро муаррифӣ ва қадрдонӣ намуд. Дар оғоз ба устодоне, ки дар самтҳои мухталиф дар КОА-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рисолаи илмӣ ҳимоя намудаанд, шаҳодатнома супориданд. Дар идомаи ҷаласа як...
Имрӯз ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Хушвахтзода Қ.Х. кормандоне, ки ба вазифаҳои нав таъйин шуданд, муаррифӣ намуда, дар самти иҷрои вазифаҳои хидматӣ муваффақиятҳо таманно намуд. Гуфта шуд, ки дар мувофиқа бо муассиси Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар ҳайати кадрии донишгоҳ тағйирот сурат гирифт. Аз ҷумла, Ғаффорзода Илёсҷон – доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, директори Донишкадаи такмили...
Мувофиқи нақшаи таълим бо фармоиши ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. донишҷӯёни курси 3- юми факултети биология, кафедраи физиологияи одам ва ҳайвонот аз 20.06.2022 то 04.07.2022 ба таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ сафарбар карда шуданд. Донишҷӯён бо дастгирии садорати факултет ва кафедраи мазкур дар Озмоишгоҳи миллии илмӣ- тадқиқотии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Ибни Сино ба таҷрибаомӯзии...
Имрӯз (02.07.2022) дар толори калони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар фазои тантанавӣ ба 299 нафар хатмкунандаи донишгоҳ дипломи аъло супорида шуд. Дар оғоз ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. аҳли нишастро ба рӯзҳои ҷашнии бисту панҷумин солгарди Ваҳдати миллӣ ва гирандагони дипломи сурхро барои муваффақияти назаррасашон самимлона табрик намуда, таъкид дошт, ки Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маркази...
Имрӯз (01.07.2022) ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо ҳайати устодону кормандони факултети ҳуқуқшиносии донишгоҳ вохӯрӣ анҷом дод. Дар мулоқот самтҳои мухталифи фаъолияти факултет мавриди баррасӣ қарор гирифта, барои бартараф намудани мушкилиҳои ҷойдошта масъулин дастурҳои мушаххас гирифтанд. Ректори донишгоҳ бо тафсил дар самтҳои таълим, илм, равобити байналмилалӣ, тарбия ва хоҷагидории факултет суханронӣ...

Эълонҳо