• English
  • Русский
  • Тоҷики
Домой Блог Страница 140
Раванди ҳалли масъалаҳои сарҳадӣ вобаста ба марҳилаҳои гуногуни таърихӣ ва усулҳои муайяни илми сарҳадшиносӣ (марзгузорӣ, аломатгузорӣ, бозаломатгузорӣ) махсусиятҳои хосса дорад. Аз ин рӯ, мушкилоти ҳалли сарҳадӣ аз як тараф, метавонад боиси зиддият, низоъ ва ҳатто ҷанг миёни давлатҳои ҳаммарз гардад ва аз тарафи дигар, ҳалли масъалаҳои сарҳадӣ дар асоси меъёрҳои умумиэътирофшудаи ҳуқуқи байналмилалӣ боиси ба сатҳи нав баровардани робитаҳои байнидавлатӣ ва минтақавӣ мегарданд. Маҳз...
 Масъалаи таҳлилу тадқиқи истиқлолияти давлатӣ таваҷҷуҳи олимони ҷомеашиносро ба худ ҷалб намудааст. Пеш аз таҳлили масъалаи мазкур ба асосҳои методологии он назаре менамоем, ки муҳаққиқон асли онро чӣ гуна шарҳ додаанд. Олими рус С.З. Зиманов ба мафҳумҳои соҳибихтиёрӣ ва истиқлолият нисбат ба давлат таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ҳарду мафҳумро ба сифати муродифи якдигар дониста, онҳоро қудрати олӣ ва...
Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки рӯзи 27-уми августи соли 2021 конфронси илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Эмомалӣ Раҳмон яке аз бунёдгузорони СҲШ» баргузор мегардад. Чорабинии мазкур дар чаҳорчӯби раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СҲШ дар солҳои 2020-2021 ба нақша гирифта шуда, якҷо бо Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва...
Дар Созмони ҳамкории Шанхай, ки имсол 20-сола мешавад ва дар ин соли ҷашнӣ раисии онро Ҷумҳурии Тоҷикистон бар уҳда дорад, ташкили Шӯрои ҷамъиятӣ мувофиқи мақсад хоҳад буд. Дар ин бора унвонҷӯи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ҷамшед ОБИДЗОДА дар суҳбат бо хабанигори АМИТ “Ховар” София ШОИКОВА изҳори назар намуд.
Истиқлолият неъмати олӣ ва бебаҳо ба ҳисоб меравад. Аслан, дар шароити имрӯза давлатҳои зиёде мавҷуданд, ки ин неъмати бузургро соҳибанд. Соҳибистиқлолию соҳибихтиёрӣ баҳри онҳо имконият ва заминаи хуби такмил ва таҳкими соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маданиро ба вуҷуд меоварад. Давлатҳои соҳибистиқлол қудрати ба амал баровардани самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷиро дар даст доранд. Истиқлолият манбаи зинда мондани...
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ дар иҷлосияи нахустини Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум санаи 17-уми апрели соли 2020 такид намуда буданд, ки: “Татбиқи бевоситаи меъёрҳои Конститутсия ва қонунҳо, ҳифзи асосҳои конститутсионӣ, тамомияти арзии Тоҷикистон, таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, рушди ҳамаи...
Рӯзи  20 августи соли 2021 Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар асоси Нақша-чорабинии асосии раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СҲШ барои солҳои 2020-2021 бахшида ба 20-умин солгарди таъсиси СҲШ видеоконференсияи  байналмилалӣ  таҳти унвони  “20-соли Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ): аз форуми минтақавӣ то эътирофи ҷаҳонӣ”-ро  баргузор намуд. Дар ҳамоиш...
Истиқлолияти сиёсӣ падидаи муҳимтарин ва асосии рушди давлати миллии Тоҷикистон буда, дар раванди дарёфти мақоми кишвар дар низоми ҷаҳонӣ мақоми асосиро касб менамояд. Пажӯҳиши масъалаҳои истиқлолияти сиёсии Тоҷикистон дар рушду таҳкими он нақши муассир доранд. Ҳадафу мақсадро тадқиқи масъалаҳои асосӣ ва рӯзмарраи истиқлолияти сиёсии Тоҷикистон ташкил менамояд. Солҳои охир дар инкишофи илмҳои сиёсӣ гардиши сифатие ба миён омадааст, ки таҳлилҳои воқеии илмиро...
Имрӯз (18.08.2021) дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намояндагони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас доранд, мукофот ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ супориданд. Боиси ифтихор аст, ки дар миёни сарфарозшудагон ба мукофотҳову ҷоизаҳо...
Дар вақту фазои кунунӣ дар бораи падидаи истиқлол масъалагузориҳо, муҳокимарониҳо, парадигмаҳои гуногун баён мешаванд. Ҳамагон дар бораи истиқлолият мавқеъ доранд ва онро ба тавре изҳор менамоянд. Дар бораи истиқлолияти Тоҷикистон низ чунин сатҳи муносибат пиёда мешавад. Вале як нуқта зарурат ба қайд кардан дорад, ки давлати Тоҷикистон падидаи истиқлолро то кадом сатҳ ва андоза касб кардааст ва Ҷумҳурии...

Эълонҳо