• English
  • Русский
  • Тоҷики
Домой Блог Страница 150
Имрӯз (24.05.2021) бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 80- солагии Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи А. Рӯдакӣ, суханвари мардумӣ ва яке аз поягузорони шеъри имрӯз, устоди зиндаёд Лоиқ Шералӣ бо дастгирии раёсати ДМТ ва ибтикори кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии факултети филология маҳфили илмӣ-адабӣ баргузор гардид.
9 сентябри соли 1991 барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон рӯзи хотирмону фаромӯшнашаванда аст. Зеро кишвари мо Истиқлолияти худро эълон карда, самти минбаъдаи рушди давлатдории миллиро бо роҳи демократӣ ва дунявӣ мувофиқ сохт. Дар ҳақиқат барои ҳар шахси худогоҳу хештаншинос Истиқлолият мафҳуми муқаддас ва бузург мебошад. Маҳз тавассути Истиқлолият кишвари мо – Тоҷикистони азизро давлатҳои ҷаҳон шинохтанд ва эътироф намуданд....
Табрикоти ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон  Мо – аҳли ҷомеаи ин кишвари куҳанбунёд аз он ифтихор ва шукргузорӣ менамоем, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ, хусусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон, таҳсилу фаъолияти меҳнатии онҳо беш аз пеш таваҷҷуҳу муҳаббати хоса...
Воситаҳои ахбори омма дар ҳама давру замон бозгӯйи набзи ҷомеа буда, ҳамчун ойина бурду бохти онро нишон медиҳанд. Дар таърихи беш аз садсолаи худ расонаҳои тоҷик низ ин вазифаи худро содиқона иҷро мекунанд. Дар бораи таърихи журналистикаи тоҷик сухан ронда, «усулан онро метавон ба 3 давраи шартӣ: то шӯравӣ, шӯравӣ ва замони истиқлол ҷудо кард. Ҳарчанд...
Имрӯз (20.05.2021) дар доираи иқдоми пешгирифтаи роҳбарияти ДМТ дар самти назорати рафти таҷрибаомӯзии донишҷӯён дар пойгоҳҳои назди донишгоҳ гурӯҳи кории раёсат бо роҳбарии ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. аз Пойгоҳи таълимӣ-таҷрибаомӯзии «Ҷавонӣ», ки дар деҳаи Ромити шаҳри Ваҳдат воқеъ аст, боздид намуданд. Зимни сафар ректори донишгоҳ бо донишҷӯёни курси сеюми факултети фарматсевтӣ, ихтисоси дорусозӣ, ки дар давраи таҷрибаомӯзии саҳроӣ қарор доранд, ҳамсуҳбат шуда, оид...
Имрӯз (20.05.2021) директори Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, аз ҷониби Ҷумҳурии мардумии Чин, ҷаноби Лю Ҷиен Вей ба Донишгоҳи миллӣ ташриф оварда, бо ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. мулоқот намуд. Дар мулоқот ҷонибҳо аз рушди муносибатҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ намуда, мақсади вохӯриро дар густариш додани ҳамкориҳои минбаъдаи ДМТ ва Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсий арзёбӣ намуданд....
БА ИФТИХОРИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ.  Таърихи қадима ва фарҳангу тамаддуни ғанӣ доштани тоҷиконро сарчашмаҳои зиёди таърихӣ тасдиқ намуда, таърихи шаҳру минтақаҳои тоҷикнишинро 1000-солаву аз он зиёд медонанд. 1121-солагии давлати қадимаи тоҷикон-Сомониёнро, ки дар замони худ бемислу монанд буд, касе инкор карда наметавонад. Таҷлили 1100-солагии ин давлати абарқудрат дар соли 2000-ум шубҳаву эҳтимолиятҳои мавҷударо аз миён бурд. Дар баробари...
Имрӯз (19.05.2021) бахшида ба Рӯзи ҷавонон – 23-юми май дар толори калони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиш ва раёсати ДМТ форуми шаҳрии ҷавонон таҳти унвони «Муқовимат ба ифротгароӣ омили рушди босуботи ҷомеа баргузор гардид. Дар форум намояндагони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи...
Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи сифати таҳсилот ва муаррифии ҳарчи бештари менеҷменти сифат аз ҷониби ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Хушвахтзода Қ.Х. зимни ҳисоботи солона (2020) соли 2021 дар донишгоҳ “Соли рушди сифати таҳсилот» эълон карда шуд. Зимнан барои хуб ба роҳ мондани иқдоми мазкур дар арафаи таҷлили 30-юмин солгарди истиқлолияти давлатї ба сохторҳои дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Ба иттилои муҳасилин мерасонем, ки Барномаи муштараки бурсияҳои таълимии Япония ва Бонки ҷаҳонӣ барои қабули дархостҳои навбатӣ аз шаҳрвандони кишварҳои рӯ ба тараққӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ҷиҳати таҳсил дар барномаи магистрии донишгоҳҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Аврупо, Уқёнусия ва Япония тибқи 48 ихтисос марбут ба рушд, идораи сиёсати иқтисодӣ, сиёсати андоз ва дигар ихтисосҳоро оғоз намудааст. Хотиррасон менамоем, ки...

Эълонҳо