• English
  • Русский
  • Тоҷики
Домой Блог Страница 156
ДОНИШҶӮЁНИ ТОҶИК МЕТАВОНАНД БАРОИ ТАҲСИЛ БА ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ САФАР НАМОЯНД Бо фармони Ҳукумати Федератсияи Россия аз 31 марти соли 2021, №814-р донишҷӯёни хориҷӣ, аспирантҳо, ординаторҳо ва шунавандагони факултетҳои омодагӣ аз кишварҳои Венесуэла, Олмон, Сурия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Шри-Ланка метавонанд барои идомаи таҳсил ба Федератсияи Россия баргарданд.
Ҳадаф аз ташриф ва мулоқоти муовини ректори Донишгоҳи давлатии Полотскии Ҷумҳурии Белорусия Голубев Юрий Петрович бо ректори Донишгоҳи миллӣ Хушвахтзода Қ.Х. таҳким бахшидани ҳамкориҳои дуҷониба буд. Дар мулоқот ҷонибҳо оид ба рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар самти омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори...
Имрӯз (03.04.2021) бо ташаббуси Донишгоҳи миллии аграрии Қирғизистон ба номи К.И. Скрябин таҳти унвони "Таъсири иқтисодиёти рақамӣ ба таҳаввулоти касби муҳосибӣ: мушкилот ва дурнамо" конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии онлайнӣ баргузор гардид. Дар видеоконференсия намояндагони донишгоҳҳои олии Қирғизистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон, инчунин, намояндагони сохторҳои тиҷоратӣ ва молиявию иқтисодӣ ширкат варзиданд. Дар ҷараёни видеоконференсия ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. дар робита ба...
Имрӯз (03.04.2021) ҷаласаи васеи Шӯрои олимони донишгоҳ бо муаррифии дастовардҳои устодону донишҷӯёни донишгоҳ оғоз ёфт. Дар ибтидо ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ба декани факултети фарматсевтӣ, доктори илмҳои фарматсевтӣ, профессор Мӯсозода Сафол дипломи «Академики Академияи байналмилалии таҳсилот ва илми Украина», ба устоди факултети журналистика Ализода Абдурашид Хуҷамқул «Дипломи дотсентӣ», ба ғолибон ва роҳбарони олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти...
Имрӯз (02.04.2021) бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 114-солагии донишманди мумтози соҳаи адабиётшиносӣ, доктори илмҳои филологӣ, профессор Шарифҷон Ҳусейнзода дар Донишгоҳи миллӣ “Ганҷинаи профессор Шарифҷон Ҳусейнзода”, ҳамчун махзани илму адаб, баъд аз таъмиру тармим дубора ифтитоҳ ва мавриди истифода қарор гирифт. Дар ифтитоҳи “Ганҷинаи профессор Шарифҷон Ҳусейнзода”, ки қаблан Толори ба номи профессор Шарифҷон Ҳусейнзода ном дошт,...
Имрӯз (31.03.2021) дар доираи Намоишгоҳ-ярмаркаи «Таҳсилот дар Украина» як зумра роҳбарон ва намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Украина ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ташриф омада, бо ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х., муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Мирзамонзода Х.М., муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Сафармамадзода С.М. ва дигар шахсони масъул мулоқот намуданд.
Имрӯзҳо устодону кормандони Донишгоҳи миллӣ дар риштаҳои гуногун тадқиқоти илмӣ анҷом дода, дар рушди илму таълим саҳми назаррас мегузоранд. Устодони кафедраи ҳарбии донишгоҳ аз ҷумлаи пажӯҳишгарони донишгоҳ ба ҳисоб мераванд, ки тайи солҳои охир бо дастгирии роҳбарияти донишгоҳ ба тадқиқоти илмӣ машғул шуда, ба унвонҳои гуногуни илмӣ шарафёб мегарданд.
Дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон муҳтарам Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати воломақоми ин кишвар ҷиҳати иштирок дар Конференсияи 9-уми вазирони кишварҳои “Қалби Осиё-Раванди Истамбул” ба ҷумҳурӣ ташриф оварданд. Зимни сафар Вазири таҳсилоти олии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ғулом Аббос Басир ба Донишгоҳи миллӣ ташриф оварда, бо роҳбарияти донишгоҳ мулоқот ва дар самти рушд бахшидани муносибатҳои илмию эҷодӣ табодули афкор...
Дар доираи Намоишгоҳ-ярмаркаи «Таҳсилот дар Украина» як зумра роҳбарон ва намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Украина бо роҳбарии Вазири маориф ва илми Украина Сергей Шкарлет ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд. Ҷиҳати ба имзо расонидани созишномаҳо ва рушд бахшидани ҳамкориҳои илмию таълимӣ миёни Донишгоҳи миллӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Украина Вазири маориф ва илми Украина Сергей Шкарлет ба Донишгоҳи...

Эълонҳо