• English
  • Русский
  • Тоҷики
Домой Блог Страница 157
Имрӯз (29.03.2021) Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон муҳтарам Муҳаммад Ашраф Ғанӣ бо сафари расмӣ ва ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи ифтитоҳии Конференсияи 9-уми вазирони кишварҳои “Қалби Осиё-Раванди Истамбул” ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда, бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мулоқот анҷом дод. Дар мулоқот сарони давлатҳо таҳкими муносибати дӯстона ва густариши робитаҳои...
23-25-уми марти соли равон дар доираи татбиқи бандҳои дахлдори Комиссияи 17-уми байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия гурӯҳи кории Федератсияи Русия барои баррасии масъалаҳои лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия дар бораи эътироф ва баробарарзишии дараҷаву унвонҳои илмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд. 24-уми марти соли равон меҳмонон аз Вазорати илм ва таҳсилоти олии Федератсияи...
Имрӯз (19.03.2021) ҳайати бисёрҳазорнафараи Донишгоҳи миллӣ Наврӯзи байналмилалиро бо баргузории чорабинии фарҳангию фароғатӣ ҷашн гирифтанд. Дар ифтитоҳи чорабинӣ ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ҳамроҳи меҳмонону роҳбарони чанде аз сохторҳои донишгоҳ аз хони омоданамудаи донишҷӯёни факултетҳо, ки дар даромадгоҳи факултети тиббӣ ороста шуда буд, боздид намуда, ба омодагии устодону донишҷӯён баҳои баланд доданд. Сипас дар толори...
Табрикоти ректори ДМТ Хушвахтзода Қ.Х. ба муносибати ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ Устодону кормандон ва донишҷӯёни гиромиқадр! Наврӯз дар пиндор ва тасаввури мо на як ҷашни мардумӣ, балки чун як ҷашни бостонист, ки фазои миллии моро дар тамоми солҳо ва садаҳо таъмин намуда, имрӯз муаррифгари фарҳанги ниёгон гаштааст. Ҷашни Наврӯз аз қадим дар сарзамини қавмҳои форсу...
Имрӯз (18.03.2021) устоди Донишгоҳи миллӣ, директори Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди ДМТ, ҳуқуқшиноси ҷавону ғаюр Ғаффорзода Илёсҷон Ғаффор дар мавзӯи "Проблемаҳои вазъи ҳуқуқии кӯдак тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон: таҳқиқоти сивилистӣ" рисолаи докторӣ ҳимоя намуда, аз ҷониби аъзои Шӯрои диссертатсионӣ ҷавонтарин доктор дар риштаи ҳуқуқ (дар сини 33 солагӣ) муаррифӣ гардид. Ғаффорзода И.Ғ....
Дар литсейи ДМТ бахшида ба Наврӯз чорабинии фарҳангӣ – фароғатӣ баргузор гардид. Дар чорабини роҳбарияти донишгоҳ иштирок намуда, ба хони омаданамудаи хонандагони Литсей баҳои баланд доданд. Чорабинии мазкур бо сухани табрикотии ректори донишгоҳ Хушвахтзода Қ.Х. оғоз ёфт. Дар чорабинӣ ансамбли халқии «Наврӯз»-и донишгоҳ барномаи рангинеро пешниҳод намуданд.
Дар арафаи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ роҳбарияти ҶСК "Ориёнбонк" дар доираи дастгирии донишҷӯён ва баланд бардоштани саводнокии молиявии онҳо, инчунин, ҷиҳати ғанӣ гардонидани китобхонаҳои донишгоҳҳо ба муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар, ки дар он факултетҳои иқтисодӣ амал мекунанд, китобҳои таълимӣ пешкаш намуд. Намояндагони ҶСК «Ориёнбонк» чанд нусхаи китоби дарсии доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Шариф Раҳимзода "Муомилоти пулӣ ва қарз"-ро ба роҳбарияти...
Имрӯз (16.03.2021) дар бинои марказии ДМТ вохӯрии намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо корупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон гузаронида шуд. Дар вохӯрӣ ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, муовини сардори Раёсати таҳлили хавфҳои коррупсия ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионии Сарраёсати пешгирии коррупсияи Агентӣ...
Дар мувофиқа бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзҳои ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Соли нави миллӣ барои солҳои 2019-2021 тасдиқ гардид. Рамзи якум арчамонанд буда, аз ҳафт табақ иборат мебошад. Ҳамаи табақҳо аз давраҳо иборат буда, мазмуни гардиши фалак ва коинотро ифода менамояд. Ҳар давра бо...
Дар арафаи таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ маҳфили «Донишвар», ки бо ташаббуси шуъбаи омоданамоии мутахассисони илмӣ ва илмию омӯзгории донишгоҳ амал мекунад, доир гардид. Маҳфил бо суханронии мудири шуъбаи омоданамоии мутахассисони илмӣ ва илмию омӯзгории донишгоҳ Мирзозода Ф. оғоз ёфт. Дар маҳфил докторантони соли якум иштирок ва дар робита ба паҳлуҳои гуногуни...

Эълонҳо