• English
  • Русский
  • Тоҷики
Домой Блог Страница 161
Маҳфили «Донишварз» Бо дастгирии ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ва ташаббуси мудири шуъбаи омоданамоии мутахассисони илмӣ ва илмию омӯзгории донишгоҳ Мирзозода Фархунда бо мақсади баланд бардоштани маҳорати зеҳнии докторантони Ph.D миёни онҳо маҳфили илмӣ-эҷодии «Донишварз» ташкил шуд (Аввали соли 2021). Тибқи нақшаи таҳияшудаи шуъбаи мазкур дар маҳфил устодони соҳибмактаб ва мутахассисони варзидаи соҳаҳои...
Иттилоъ аз ҳисоботи ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. (Дастовардҳо дар соли 2020 ва вазифаҳо барои соли 2021) Имрӯз (08.01.2021) дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бурду бохт ва натиҷаи дастовардҳои як соли фаъолияти устодону кормандони донишгоҳ (соли 2020) ва омодагиву вазифаҳо барои соли 2021 аз ҷониби ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. дар ҷаласаи васеи Шӯрои олимони...
Ҳамасола бо дастгирии роҳбарияти ДМТ ва ташаббуси Парки технологии донишгоҳ байни устодону кормандон, донишҷӯёну унвонҷӯён, аспирантону докторантон ва хонандагони литсейи донишгоҳ барои дарёфти корҳои беҳтарини инноватсионӣ озмун эълон карда мешавад. Имсол чунин озмун дар сатҳи баланд гузаронида шуд, ки аз ҷониби иштирокчиён 22 лоиҳа пешниҳод гардид. Дар асоси фармоиши ректори донишгоҳ комиссияи озмунӣ ташкил карда шуда, лоиҳаҳои...
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи 20 – солагии таъсиси Созмони ҳамкории Шанхайро тасдиқ намуданд.Рамзи мазкур дар намуди адади «20» дар шакли мудаввар кашида шуда, дар қисми болоии он парчамҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, дар қисми поёнӣ –...
Имрӯз (29.12.2020) сафири Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мишел Тарран ба Донишгоҳи миллӣ ташриф оварда, бо ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. мулоқот намуд.  Дар мулоқот ҷонибҳо аз муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳо дар соҳаи маориф изҳори қаноатмандӣ намуда, мақсади вохӯриро дар густариш додани самтҳои илму таълим арзёбӣ намуданд. Зимни мулоқот ҷонибҳо дар самти омӯзиши...
Тавре иттилоъ дода будем, миёни устодону кормандони сохторҳои марбутаи донишгоҳ барои дарёфти «Ҷоми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон» футболи хурд ташкил карда шуд. Санаи 25.12.2020 дар Қасри варзишии Кумитаи иттифоқҳои касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ҷамъбасти даври финалии мусобиқа баргузор гардид. Чорабинӣ бо сухани муқаддимавии муовини аввал, муовини ректори ДМТ оид ба таълим, Абдулмуминзода Насимҷон оғоз гардида, мавсуф...
Имрӯз (25.12.2020) таҳти роҳбарии ректори Донишгоҳи миллӣ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. дар доираи иқдомҳои пешгирифтаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ оид ба маъракаи сабзухуррамгардонӣ, ҳамчун рамзи вусъат бахшидан ба маъракаи ниҳолшинонӣ дар пойтахт ва тадбирҳои вобаста ба иқдоми «Шаҳри сабз», бо иштироки устодону донишҷӯён дар назди хобгоҳи №6-и донишгоҳ маъракаи ниҳолшинонӣ доир гардид.
Имрӯз (24.12.2020) роҳбарияти Донишгоҳи миллӣ ба Мактаб-интернати низомаш махсуси ҷумҳуриявии шаҳри Ҳисор кумаки хайриявӣ супорид.  Сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ятимону маъюбон аз ҷониби ашхоси хирадманд амалӣ карда мешавад. Тавре Пешвои миллат иброз доштаанд: «Иҷрои амалҳои солеҳ, аз қабили хайру эҳсон аз ҷумлаи беҳтарин фазилатҳои инсониву имонӣ дониста...
Бо ташаббуси Донишгоҳи миллии Тоҷикистон конференсияи байналмилалӣ дар мавзӯи «Мушкилот ва самтҳои рушди сифати таҳсилот дар шароити ҷаҳонишавӣ» бо назардошти вазъи эпидемикии баамаломада дар шакли онлайн баргузор гардид. Видиоконфронси онлайнӣ бо сухани ифтитоҳии муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, профессор Сафармамадзода С.М. оғоз гардид. Зимни суханронӣ қайд карда шуд, ки яке аз...
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бо соҳиб гаштани 11 ҷойи намоён миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ сазовори ҷойи аввал гардид. Бо ибтикори сиёсати дурбинона ва дирояти ҳакимонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди соҳаи маориф ва илм, инчунин, барои бедор намудани шавқу завқи зебоипарастӣ ва...

Эълонҳо