• English
  • Русский
  • Тоҷики
Домой Блог Страница 2
Миллати тоҷик бо фарҳанги меҳмоннавозӣ ва ташаббусҳои инсондӯстонаи худ таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шуҳратёр гардида, ҳамасола дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе даҳҳо чорабиниҳо ва саммитҳои байналмилалию минтақавии сатҳи баланд баргузор мегардад. Баргузории Ҳамоиши Осиёи Марказӣ-Русия ва ҷаласаи Шурои сарони кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри...
Осиёи Марказӣ дорои захираҳои бузурги табиӣ, потенсиали назарраси демографӣ ва имкониятҳои транзитӣ дар маркази Авруосиё мебошад. Илова бар бартариҳои минтақавӣ, фаъолони беруна бештар майл доранд, ки захираҳои минтақа ва бозорҳои иловагиро барои пешбурди манфиатҳои иқтисодии худ истифода баранд. Дар ибтидои асри 21 минтақаи Осиёи Марказӣ ба яке аз муҳимтарин марказҳои геополитикии ҷаҳони муосир табдил ёфт.
(10.10.2025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе) Нооромиву низоъҳо дар минтақаҳои гуногуни олам, шиддат гирифтани мухолифатҳои сиёсӣ ва таҳримҳо миёни кишварҳои абарқудрат, мусаллаҳшавии бошитоб, «ҷанги сард», тағйирёбии иқлим, инчунин, канда шудани занҷираҳои таҳвили молу маҳсулот ва дигар омилҳои берунӣ моро водор месозанд, ки барои пешгирӣ кардани таъсири манфии онҳо ба иқтисодиёти кишвар тадбирҳои саривақтӣ андешем.
Имрӯз, 9 октябр, раддабандии Таҳсилоти Олии Таймз рӯйхати беҳтарин донишгоҳҳои дунёро нашр кард, ки хушбахтона миёни онҳо аввалин маротиба дар таърихи Ҷумҳурии Тоҷикистон Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба рӯйхат шомил гашт. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи илму маориф диққати махсус дода, ба масъалаҳои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва тадқиқот, рушди...
Бо мақсади татбиқи босамари “Барномаи мақсадноки давлатии рушди илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ барои солҳои 2021–2025”, Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон курси такмили ихтисосро аз рӯйи “Асосҳои идоракунии системаҳои иттилоотӣ” баргузор намуд. Дар курси мазкур кормандони фаъоли маркази тестӣ, маркази технологияҳои иттилоотӣ...
Имрӯз дар оғози ҷаласаи навбатии Шурои олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ректори Донишгоҳ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Насриддинзода Э.С. дастовардҳои нави донишҷӯёни Донишгоҳро муаррифӣ намуд. Зимнан зикр гардид, ки аз 29 сентябр то 3 октябри соли 2025 дар шаҳри Красноярски Федератсияи Русия, дар заминаи Донишгоҳи федералии Сибир, V Олимпиадаи байналмилалӣ...
Бо ибтикори Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ва ҷашни фарҳангии Иди чинии нимаи тирамоҳ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин ҳамоиш муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, профессор Сафармамадзода Сафармамад, намояндаи шуъбаи робитаҳои хориҷӣ Ҳакимова Мафтуна, директорони Донишкада — аз...
04.10.2025 Ҳамватанони азиз! Ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ, ки аз ҷумлаи муқаддасот ва рукнҳои асосии давлатдории миллии тоҷикон, инчунин, гаронбаҳотарин ёдгори аҷдоди ориёии мо мебошад, самимона табрик мегӯям. Забони тоҷикӣ дар раванди рушди таърихии худ ҳамчун шаҳсутуни бинои маънавии миллат ва муҳимтарин воситаи инъикоси ҳаёти мардум...
Аз ҳамоиш то муаррифии китоби тозанашри “Авсофи Пешво” Имрӯз (04.10.2025) дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамоиши фарҳангӣ-маърифатӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар мавзуи “Забон-рукни муҳимми давлатдории миллӣ” бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ баргузор гардид. Ҳамоиш бо сухани ифтитоҳии ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор,...
Имрӯз (03.10.2025) бо ташаббуси Раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи омӯзгор дар толори бошукуҳи Донишгоҳ ҳамоиши маърифатӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Омӯзгорон – машъалафрӯзони ҷомеа» баргузор гардид. Дар ин ҳамоиши пуршукуҳ аҳли раёсати Донишгоҳ, садорати факултетҳо, устодону кормандон ва донишҷӯён иштирок намуданд. Ҳамоиш бо садо додани Суруди миллӣ ва сухани...

Эълонҳо