Ахбор
ПАРТАВИ ИСТИҚЛОЛ ДАР ШЕЪРИ МУОСИР: КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ГУЛНАЗАР ВА ШЕЪРИ ЗАМОНИ ИСТИҚЛОЛ”
Ба ифтихори ҷашни 80-солагии Шоири халқии Тоҷикистон, устоди суханвар ва шахсияти маъруф – Гулназар Келдӣ дар факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ таҳти унвони “Гулназар ва шеъри замони Истиқлол” баргузор гардид.
Маҳфили илмӣ бо суханони ифтитоҳии муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, профессор Сафармамадзода...
Имрӯз (01.10.2025) дар арафаи Рӯзи забони давлатӣ ва Рӯзи омӯзгор баҳри татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамоиши тарбиявӣ-маърифатӣ таҳти унвони “Квотаи президентӣ: аз имтиёз то фурсати рушду камолоти шахсӣ” бо ҷалби донишҷӯёни тибқи квотаи президентӣ таҳсилкунанда баргузор гардид.
Ҳамоиш бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардида,...
Имрӯз (30.09.2025) коршиноси Нидерландия дар самти ҳифзи муҳити зисти устувор, доктор Музаффар Саид ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ташриф оварда, бо муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Ғаффорзода Илёс мулоқот намуд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо дар мавриди ҳифзи муҳити зист, пешгирӣ...
Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар баробари ташкил ва баргузор намудани курсҳои такмили ихтисос, инчунин баргузории омӯзишҳо (тренинг)-ро низ ба роҳ мондааст.
Дар ҳамин замина, аз 10-ум то 22-юми сентябри соли 2025, дар пояи Донишкада омӯзиш дар мавзӯии “Солимии равонӣ барои тренерон”...
Бо дастгирии раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон устодону донишҷӯёни Донишгоҳ дар озмуну олимпиадаҳои сатҳи гуногун иштирок намуда, соҳиби дастоварди назаррас мегарданд.
Аз 20 то 27 сентябри соли 2025 дар шаҳри Сочии Федератсияи Россия Олимпиадаи байналмилалии астрономия OWAO-2025 баргузор шуд.
Ҳадафи асосии ин чорабинӣ ҷалби ҷавонон ба омӯзиши...
Рӯзҳои 24-26-уми сентябри соли ҷорӣ бо ташаббуси Шурои Британия ва Сафорати Британияи Кабир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода тренинги омӯзишии лоиҳаи “Суръатбахшии омӯзиши забони англисӣ дар Осиёи Марказӣ” барои муаллимони забони англисии 10 донишгоҳи Тоҷикистон гузаронида шуд. Тренинг ба мавзуи “Муколамаи сиёсати донишгоҳҳо оид ба омодасозии омӯзгорони ояндани забони...
Имрӯз (26.09.2025) дар асоси нақшаи чорабиниҳои факултети муносибатҳои байналхалқии ДМТ дар заминаи кафедраи дипломатия ва сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ дар мавзуи “Дипломатияи Тоҷикистон барои рушди устувор ва амнияти Осиёи Марказӣ” бахшида ба 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи кормандони хизмати дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир карда шуд.
Имрӯз (26.09.2025) дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон вохӯрии ҳайати роҳбарияти Донишгоҳ бо ёвари сафорати Олмон дар Тоҷикистон Штефан Волфрум ва роҳбари нави минтақавии Хадамоти табодули академии Олмон (DAAD), хонум Гизела Тсиммерманн баргузор гардид.
Ҳадаф аз ташриф ва мулоқоти намояндагони Олмон густариш додани ҳамкориҳои дуҷониба, ташкили барномаҳои муштараки таълимӣ, табодули донишҷӯён ва омӯзгорон буда,...
Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди ДМТ дар ҳамкорӣ бо Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсийи назди ДМТ курси такмили ихтисосро аз рӯйи равияи забони хитоӣ гузаронид.
Санаи 25.09.2025 маросими тақдими дипломҳо баргузор гардид. Дар курси такмили ихтисос омӯзгорони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон, Донишгоҳи байналмиллалии...
Имрӯз (24.09.2025) дар бинои асосии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва дар толори Шурои олимони факултети таърих вохӯрии намояндагони Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо омӯзгорон ва донишҷӯёни факултетҳои тиббӣ, фарматсевтӣ, химия ва таърихии Донишгоҳ баргузор гардид. Вохӯриҳои мазкур бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон, огоҳ кардани...