• English
  • Русский
  • Тоҷики
Домой Блог Страница 76
Дар доираи ҳамкориҳои илмию адабии Донишгоҳи миллӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Узбекистон имрӯз (13.12.2022) дар толори фарҳангиву адабии ба номи Шарифҷон Ҳусейнзода бо ҳузури доктори илмҳои иқтисодии Донишгоҳи давлатии аграрии Тошкент (ДДАТ) Саидов Муҳамадалӣ Ҳақимович семинари илмӣ бо иштироки устодону донишҷӯни факултетҳои иқтисодии донишгоҳ доир гардид. Нахуст муовини...
Дар доираи ҳамкориҳо дар Тошканд Форуми XV зиёиёни эҷодкор ва илмии кишварҳои узви ИДМ мегузарад. Дар ҷараёни форум ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла намояндагони Донишгоҳи миллӣ таҳти роҳбарии ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. иштирок доранд. Мавзӯи нишаст «Ҳамкории башардӯстона — таҷрибаи сӣ сола ва дурнамои рушд» мебошад, ки дар доираи он нақшаҳои ҳамкорӣ бо назардошти воқеияти муосир...
Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи касбии омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ пайваста курсҳои такмили ихтисосро роҳандозӣ менамояд. Бо ин мақсад имрӯз (12.12.2022)  бо ташаббус ва дастури Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Точикистон ва бо ибтикори бевоситаи ректори ДМТ, профессор Қ.Х....
Бо чунин унвон имрӯз (09.12.2022) бо ташаббуси кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба таҷлили Рӯзи ҳуқуқи инсон - 10-уми декабр конференсияи байналмилалии илмию амалӣ баргузор гардид. Муовини ректори донишгоҳ оид ба илм ва инноватсия Сафармамадзода С.М. зимни сухани ифтитоҳӣ ҳозиринро ба муносибати Рӯзи ҳуқуқи инсон табрику шодбош...
Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тарғиби донишандӯзии ҷавонон ва ҳавасманд кардани онҳо аз соли 2018 инҷониб довталабони беҳтаринро муайян ва қадрдонӣ мекунад. Имрӯз (09.12.2022) бо мақсади анҷом додани маросими ҷоизасупорӣ дар толори калони ДМТ ҷамомади фарҳангӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва...
Дар ҷаҳони муосир қудрату тавоноии ҳар давлат, некӯаҳволии миллат ва мавқеи давлатро дар ҷомеаи байналмилалӣ омилҳои гуногун муайян менамоянд, ки яке аз онҳо - боигариҳои табиӣ, аз ҷумла сарватҳои зеризаминӣ мебошад. Самаранок, оқилона ва ба манфиати ҷомеа истифода бурдани ин боигариҳо метавонад ба баландбардории некӯаҳволии мардум мусоидат намуда, қудрату тавоноии давлатро таъмин намояд. Ин нукта имрӯз (09.12.2022)...
10 декабр, аз фаъолияти пурсамари Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 28 сол пур мешавад. Тули ин солҳо ҲХДТ тавонист дар таъмини зиндагии шоистаи мардум, некӯаҳволии халқ, рушди тамоми соҳаҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла, фарҳанг, иқтисод, иҷтимоиёт, илму маориф, тандурустӣ ва ғайра саҳм гузошта, барои таҳкими устувории сулҳу субот, амнияту оромӣ ва осоиштагии халқу кишвари Тоҷикистон мусоидат намояд.
Ҳамасола бо дастгирии роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва ташаббуси Парки технологии донишгоҳ байни, донишҷӯён, унвонҷӯён, доктарантон ва ҳайати устодону профессорон, инчунин, хонандагони Литсейи равияи табиию риёзии назди донишгоҳ ОЗМУН КОРҲОИ БЕҲТАРИНИ ИННАВАТСИОНӢ гузаронида мешавад. Озмуни мазкур бо мақсади баланд бардоштани фаъолияти илмиву инноватсионии хонандагони литсей, донишҷӯён, унвонҷӯён, докторантон ва ҳайати устодону профессорони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, тақвият додани...
Имрӯз дар доираи ҳамкориҳои дипломатии Тоҷикистон ва Ҷопон дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-маърифатӣ бо иштироки Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷопон дар шаҳри Душанбе Аики Тошиҳӣ, роҳбари намояндагии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Такасака Мунео, профессори ҷопонӣ Кояшима Набуко ва ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. доир гардид.
Имрӯз (06.12.2022) дар толори калони Донишгоҳи миллӣ ҷиҳати муаррифии муҳтавои мақолаи коршинос оид ба масъалаҳои байналмилалӣ Абдуллоҳи Раҳнамо зери унвони “Мавқеи Тоҷикистон ё чаро Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари таҷовузгар нест?” ҳамоиши иттилоотӣ-тарғиботӣ бо ширкати муаллифи мақола, ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ва ҳайати устодону кормандони донишгоҳ баргузор гардид. Дар...

Эълонҳо