• English
  • Русский
  • Тоҷики
Домой Блог Страница 118
Имрӯз (02.03.2022) дар доираи ҳамкориҳо намояндагони Донишгоҳи миллӣ бо ҶСП Ташкилоти Амонатии Қарзии Хурди «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ» вохӯрӣ намуданд. Вохӯрӣ дар партави "Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф " эълон гардидани солҳои 2020-2040  ва дар доираи Лоиҳаи «Беҳтаргардонии ҷараёни таълим ва васеъ гардонидани имкониятҳо (ба кор таъминкунӣ)-и хатмкунандагон» бо дастгирии роҳбарияти...
Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи касбии омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ пайваста курсҳои кутоҳмудатро роҳандозӣ менамояд. Дар партави эеълон гардидани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (2020-2040) бо дастгирии ректори донишгоҳ, Хушвахтзода Қ.Х. ва ибтикори директори...
Рақамикунонии иқтисодиёт ба таъсиси модели нави идоракунии рақамӣ дар рушди иқтисодиёт, татбиқи навгониҳои рақамӣ дар истеҳсолот, ҷалби сармояи хориҷӣ, таҳкими тамоюли содиротӣ, тақвияти маҳсулоти воридотивазкунанда ва дарёфти роҳҳои хизматрасонии рақамӣ нигаронида шудааст. Ин нукта имрӯз (25.02.2022) зимни баргузории конференсияи ҷумҳуриявии  илмию амалӣ, ки бо...
Имрӯз (25.02.2022) дар доираи ҳамкориҳо бо ташаббуси шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва рушди касбияти ДМТ шиносоии донишҷӯёни курси 2-юми ихтисоси минтақашиносии хориҷии факултети муносибатҳои байналхалқӣ бо фаъолияти Муассисаи давлатии “Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон” гузаронида шуд. Дар раванди шиносоӣ мудири шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва рушди касбият Ҷ. Абдуллоев донишҷӯёнро роҳнамоӣ намуд.  Тағоева Р. -мудири шуъбаи кадрҳо ва...
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои «Дастури тавсиявӣ барои ҷашнгирии идҳои таърихии миллии тоҷикон: Сада, Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон» ба муносибати 12-умин солгарди  Наврӯзи байналмилалӣ озмуни “Беҳтарин матолиби рӯзноманигорӣ дар бораи ҷашни Наврӯз”-ро эълон мекунад. Шартҳои озмун: мақолаҳо бо забони тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ дар шакли электронӣ бо ҳуруфи Times New Roman Tj, 14 дар...
Имрӯз дар пояи  кафедраи физиологияи одам ва ҳайвоноти факултети биологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси мудири кафедра Д.Ахмедов ва раиси Ҷамъияти илмии донишҷӯёни кафедра М.Алиева маҳфили «Физиологҳои ҷавон» баргузор гардид. Дар он донишҷӯёни курсҳои якум ва дуюми факултет иштирок намуда, донишҷӯён Саидов Ҳ. ва А.Шодиева оид ба мавзуъҳои нуқсонҳои модарзодии дил ва таъсири манфии...
Дар доираи ҳамкориҳои байналмилалӣ имрӯз (24.02.2022) миёни Донишгоҳи миллӣ ва Донишгоҳи молияи Федератсияи Русия дар робита ба мавзӯи баҳисобгирии идоракунӣ ва раванди ҷаҳонишавӣ, хусусиятҳои баҳисобгирии идоракунӣ дар шароити иқтисоди бозорӣ конференсияи байналмилалии онлайнӣ баргузор гардид. Дар ҳамоиш ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. иштирок намуда, дар робита ба муҳиммият ва мушкилоти баҳисобгирии идоракунӣ суханронӣ намуданд.
Дар доираи нақша-чорабиниҳои раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» бо ташаббуси шуъбаи ҳуқуқи ДМТ дар толори калони Шаҳраки донишҷӯён вӯхӯрии намояндагони Прократураи генералии Ҷумҳури Тоҷикистон, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи дин, танзими...
ТАБРИКОТИ РЕКТОРИ ДМТ, ПРОФЕССОР ХУШВАХТЗОДА Қ.Х. БАХШИДА БА 29-УМИН СОЛГАРДИ ТАЪСИСЁБИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Устодон, кормандон ва донишҷӯёни азиз! Бо истифода аз фурсати муносиб Шуморо ба 29-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, ба Шумо саломатӣ ва...
Имрӯз (22.02.2022) дар Литсейи равияи табиию риёзии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба 29-умин  солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи  фарҳангӣ-фароғатӣ доир гардид. Чорабинии мазкур бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз шуд. Нахуст директори литсей, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Ш.Ғаффуров суханронронӣ намуда, иброз дошт, ки  «Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1993 бо талошҳои...

Эълонҳо