ТАЙЁРИИ ҶАВОНОН БА САТҲИ РОҲБАРӢ

369

Имрӯз (01.12.2022) тибқи нақшаи чорабиниҳои раёсати ДМТ ва дастуру супоришҳои роҳбарияти донишгоҳ курси таълимии «Сарварон (лидерҳо)-и сиёсӣ» эҳё ва дар толори Шурои олимони донишгоҳ дар сатҳи баланд баргузор гардид. Нахуст Ректори донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Қобилҷон Хушвахтзода бо як гурӯҳ донишҷӯёни факултетҳои гуногуни донишгоҳ, ки ба курси таълимии мазкур ҷалб шуда буданд, машғулият баргузор намуд. Мавсуф дар оғоз мухтасар перомуни аҳамияти гузаронидани курсҳои таълимии мазкур ва ҳадафи он сухан кард.

Сипас, профессор Қобилҷон Хушвахтзода дар мавриди сиёсати давлатии ҷавонон ва дастгирии ин қишри ҷомеа аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ кард.

Ректори донишгоҳ дар идомаи суҳбат доир ба таҷрибаи чандинсолаи худ ва ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ, таърих ва мушкилоти сарварони сиёсӣ, дар мисоли корномаи Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин, мушкилиҳои имрӯзаи сиёсати ҷаҳонӣ андешаронӣ намуд.

Мавсуф дар қисми дигари суҳбат доир ба худшиносии фардию худшиносии миллӣ, масоили ватанхоҳиву ватандорӣ ва сарфакорию донишазхудкунии ҷавонон суханронӣ кард. «Давлат ба ҷавонони донишманд, поквиҷдон ва таҳсилдида эҳтиёҷ дорад.

Ҷавонон бояд ҳар лаҳзаи худро ғанимат шуморанд ва мудом аз пайи мутолиа бошанд. Ба масъалаҳои иқтисодию иҷтимоии мамлакат воқеъбинона назар кунанду фарҳанги баланди сиёсӣ дошта бошанд ва манфиатҳои миллиро пуштибонӣ намоянд»,- мегӯяд профессор Қ. Хушвахтзода.

Дар ҷараёни дарс Ректори донишгоҳ оид ба даврони донишҷӯӣ ва зинаҳои минбаъдаи фаъолият суханронӣ намуда, таъкид дошт, ки «фаъолиятро аз раиси созмони ҷавонони факултет оғоз намудам». Дар интиҳои дарс аз ҷониби донишҷӯён оид ба шароити илмию таълимӣ дар донишгоҳ ва ҷалби ҷавонон ба озмуну олимпиадаҳои сатҳи байналмилалӣ саволҳо доданд. Ректори донишгоҳ роҷеъ ба саволҳои додашуда ҷавобҳои мушаххас дода, дар самти омӯзиши забонҳои хориҷӣ, ташкили ҳамоишҳои хусусияти тарбиявӣ-ватандӯстидошта, тарғибу ташвиқи сиёсати созандаи Ҳукумати кишвар, иштироки фаъол дар фазои иттилоотӣ ва озмуну олимпиадаҳои сатҳи байналмилалӣ таклифҳои муҳим намуд.