• English
  • Русский
  • Тоҷики
Домой Блог Страница 124
Ҷанги беш аз чилсолаи Афғонистон, бархӯрди миллатҳою қавмҳои сокини он ва дахолати хориҷиён кишвари ҳамсояро ба харобазор ва майдони кашмакашҳои тӯлонӣ табдил дод. Дар ҳалли ин қазия ба мардуми афғонистон ваҳдат намерасад, зеро нотифоқии онҳоро бегонагон ба манфиати худ суиистифода менамоянд. Зимнан, иддае аз рӯзноманигорону коршиносон ва чеҳраҳои шинохтаи афғонистон сулҳу оромии Тоҷикистонро васф...
Имрӯз (10.08.2022) дар заминаи ҳамкориҳои дуҷонибаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербурги Федератсияи Русия дар робита ба фаъолияти Маркази таълимӣ-омӯзишии муштараки муҳоҷирони меҳнатӣ дар заминаи ДМТ суҳбати маҷозии (онлайнии) баргузор шуд. Дар суҳбати маҷозӣ муовини ректори ДМТ оид ба робитаҳои байналмилалӣ Ғаффорзода И.Ғ. ва муовини ректори Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург оид ба фаъолияти байналмилалӣ Андрюшин С. В....
(Сулҳу ваҳдат ва фарҳанги таҳаммулпазирӣ…) Замони муосир бо равандҳои мураккаби сиёсию иҷтимоӣ, ҷаҳонишавӣ ва омезиши тамаддунҳо миллатҳоро водор менамояд, ки дар ҳифзу таҳкими таъриху фарҳанг ва ҳама гуна арзишҳои миллии худ талошу кӯшишҳои бесобиқа намоянд. Зеро камтарин саҳлангорӣ дар раванди ҷаҳонишавӣ метавонад муҳимтарин арзишҳои миллӣ, ҳатто ҳастии миллатро ба боди таърих диҳад. Ҳамин аст,...
Ҷамъияти инсонӣ дар тулли мавҷудияти хеш воқеаву ҳодисаҳои зиёди иҷтимоиву сиёсиро аз cap гузаронидааст, ки ҳар яке аз онҳо дар марҳилаи худ нақши хосае дорад, аммо андешаи озодӣ, истиқлолият, худшиносӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, як порчагии кишвар ва амсоли инҳо аз замони бостон то кунун нуқтаи марказӣ ва меҳвари аслии бузургтарин офаридаҳои маънавии мафкураи инсонӣ буду ҳаст...
Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад. Эмомалӣ Раҳмон Солҳои охир ба масъалаи таъмини амнияти миллӣ ва нақши давлат дар ҳалли ин масъала...
Воқеияти олами имрӯза сарварон ва сиёсатмадарони сатҳи гуногунро водор бар он месозад, ки ба хотири мавқеъ ва инкишофи арзандаи кишварашон дар низоми муқовиматбори сиёсии олам таълимот ва доктринаҳои гуногунро таҳрезӣ намоянд. Онҳо рушди кишвари хешро танҳо ва танҳо дар чунун раванд мебинанд. Тоҷикистон низ ҷузъи ҷудонашавандаи ин олами сиёсӣ мебошад. Маҳз, геополитик будан...
Муҳаббат ба илму таълим ва рӯзҳои неки донишҷӯӣ хатмкардагони соли 1973-и Донишгоҳи миллиро ба ҳам овард. Имрӯз (05.08.2022) дар назди бинои асосии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хатмкардагон ҷамъ омада, ёди рӯзҳои тиллоии донишгоҳӣ намуданд. Онҳо таъкид доштанд, ки аз хатми донишгоҳ 49 сол сипарӣ гаштааст, вале меҳру муҳаббат ва хотираҳои нек намегузорад, ки дил аз ин макони илму...
Тозаву зебо гардонидани биноҳои таълимию иншоотҳои гуногуни Донишгоҳи миллӣ ва муҳити атрофи онҳо яке аз самтҳои фаъолияти масъулини донишгоҳ ба ҳисоб меравад. Чун анъана рӯзҳои шанбе дар ҳудуди биноҳои мухталифи Донишгоҳи миллӣ корҳои тозагӣ–шанбегӣ гузаронида мешавад. Айни замон аз ҷониби масъулини донишгоҳ дар биноҳои таълимӣ ва дигар иншоотҳои донишгоҳ корҳои таъмину тармим ва азнавсозиҳо гузаронида мешавад. Аз...
Барқарорсозии муносибатҳои дӯстона ва судманди муштарак бо мамлакатҳои минтақаи Осиёи Ҷанубӣ-Шарқӣ  яке аз самтҳои асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дар ин ҳошия, яке аз мамлакатҳои муҳим дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон ин  Ҷумҳурии Мардумии Чин ба ҳисоб меравад. Муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  Ҷумҳурии Мардумии Чин 4 январи соли 1992 оғоз гардидаанд. Дар...
Ифротгароӣ ва терроризм аз ҷумлаи мушкилоти асосӣ ва ситезаи хатаровар барои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ибтидои асри ХХI мебошанд. Рӯйдодҳои ногувори ахир дар нуқтаҳои гуногуни сайёра далели тасдиқи ин нукта мебошанд. Дар мақола муаллиф саъй намудааст, ки нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таҳқиқи сабабҳои динию сиёсии ин падидаҳои...

Эълонҳо