ОМӮЗИШИ ПИРЯХҲО ВА ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ

489

Дар доираи пазируфтани ташаббуси навбатии Пешвои муаззами миллат аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид доир ба «Соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» имрӯз (20.12.2022) бо ибтикори факултетҳои геология ва физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар толори фарҳангиву адабии ба номи Шарифҷон Ҳусейнзода ҳамоиши илмӣ – амалии ҷумҳуриявӣ доир гардид.

Зинми суханронӣ ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Ҳ. ҳамагонро ҷиҳати пазируфтани иқдоми оқилонаи Пешвои муаззами миллат “Соли 2025-соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”-ро аз ҷониби СММ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ мояи ифтихори миллати шарафманди тоҷик номид.

Зикр карда шуд, ки ташаббусҳои ҷониби Тоҷикистон дар шахсияти Сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҷалб намудани таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳаллу фасл ва дарёфти роҳу усулҳои рафъи мушкилоти вобаста ба обу иқлим хеле муҳим ва саривақтианд. Иқдомҳои оқилонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати роҳандозии ҳамкории бештари ҷомеаи ҷаҳонӣ дар роҳи расидан ба рушди устувор дар соҳаи обу иқлим заминаи мусоид фароҳам меоранд. Дар шароити имрӯза маҳз мавқеъгирии маҷмӯӣ метавонад барои ҳалли мушкилоти рӯзмарра, рушди иқтисоди «сабз» ва пешрафти босубот заминаи боэътимод гузорад.

Сипас декани факултети геология, дотсент Р. Андамов суханронӣ намуда, зикр кард, ки таҳлилҳои илмӣ нишон медиҳанд, ки пиряхҳо солҳои охир зери таъсири тағйирёбии иқлим қарор гирифтаанд. Обшавии онҳо ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Мо мушоҳида намуда истодаем, ки Пешвои муаззами миллат тайи ду даҳсолаи охир аз минбарҳои баланди ҷаҳонӣ масъалаи мазкурро бардошта, ҷомеаи ҷаҳониро аз оқибати ногувори он ба сайёра ҳушдор месозад.

Дар ҷамъомад, ҳамзамон, номзади илмҳои геология ва минералогия, дотсенти кафедраи гидрогеология ва геологияи муҳандисӣ Г. Шарифов, доир ба “Ҳифзи пиряхҳо – наҷоти башарият”, мудири шуъбаи гидрометерология, ҳифзи пиряхҳо, тағйирёбии иқлими Маркази пиряхшиносии АМИТ Ҳалимов А. оид ба “Маркази омӯзиши пиряхҳо – пебарандаи сиёсати имрӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти омӯзиши пиряхҳо ва тағйирёбии иқлим”, профессори кафедраи гидрогеология ва геологияи муҳандисӣ М. Саидов доир ба “Ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон. Иҷроиши барномаҳои давлатӣ оид ба омӯзиши пиряхҳо”, коршиноси масоили экологии Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ Ҳ. Асоев доир ба “Таҳлилу таҳқиқи бехатарии иқлим”, муовини сардори маркази яхшиносии Агентиии обуҳавошиносии Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба “Фаъолияти маркази яхшиносии Агентиии обуҳавошиносӣ дар пешбурди ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти обу иқлим” ва дигар олимону муҳаққиқон, устодону соҳибтахассусони соҳаи геология баромад ва суханронӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки қабули ин қатънома, яъне ташаббуси панҷуми Тоҷикистон гувоҳи боз ҳам баланд гардидани обрӯю эътибори кишвари мо дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад. Бо назардошти пешниҳодҳои саривақтии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба масъалаҳои об ва иқлим моро зарур аст, ки ҳамчун мутахассис ва муҳаққиқ ташаббускор бошем ва тамоми чорабиниҳои банақшагирифтаро пайгирона, ба таври мақсаднок ва дар сатҳи баланд иҷро намоем, то ки онҳо баҳри рушди устувор ва амалӣ гардидани иқдомоти навбатӣ самараи дилхоҳ диҳанд.