Роғун ояндаи ободи халқи тоҷик, сари баланду рӯи сурхи ҳар фарди Ватан ва кафили болоравии нуфузу обрӯи давлати озоду соҳибихтиёри тоҷикон аст.
Эмомалӣ Раҳмон
Мояи ифтихор ва сарафрозӣ аст, ки миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон захираҳои кофии табиӣ-иқтисодиро доро буда, истифодаи пурра ва оқилонаи онҳо боиси рушди босуръати...
Ҳангоме, ки Тоҷикистон ба неъмати бебаҳои истиқлолияти давлатӣ ноил шуд, Ҷумҳурии Мардумии Чин аз аввалинҳо шуда, ба роҳи мустақили интихобнамудаи рушди сиёсӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангии мо эҳтиром гузошт ва онро эътироф кард.Тоҷикистон Чинро дӯсти боэътимоду шарики самимӣ меҳисобад. Имрӯзҳо Ҷумҳурии Мардумии Чин дар арсаи байналмилалӣ мақому манзалати бузург дошта, дар равандҳои муосири сиёсат ва иқтисоди ҷаҳонӣ...
Имрӯз (30.07.2022) бо ташаббуси Раёсати маъмурию хоҷагидории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар назди бинои маркарзӣ, Шаҳраки донишҷуён ва хобгоҳи №8-и донишгоҳ шанбегии умумидонишгоҳӣ гузаронида шуд. Шанбегии мазкур бо иштироки кормандони раёсати маъмурию хоҷагидорӣ гузаронида шуд. Дар шанбегӣ гирду атрофи дарахтони мевадиҳандаю сояафкан, ҷӯйбору роҳравҳо, ҳудуди бинои марказии донишгоҳ, шаҳраки донишҷуён ва хобгоҳи №8 тозаю озода карда шуд. Инчунин,...
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо чанде аз донишгоҳҳои Федератсияи Русия равобити судманд дорад, ки рӯз то рӯз дар самтҳои мухталиф ҳамкориҳо густариш меёбанд. Донишгоҳи давлатии Томски Федератсияи Русия аз ҷумлаи онҳо мебошад, ки имрӯз равобити ҳамкориҳо дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст.
Дар доираи ҳамкориҳои илмию таълимӣ ва эълон гардидани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди...
Илми муосири ҷомеашиносӣ, аз ҷумла фалсафаи иҷтимоӣ, мафҳуми ифротгароиро ҳамчун мафҳуми умумиилмӣ баррасӣ карда, дарки илмӣ, кушодани мазмуну мундариҷаи онро мавриди таҳқиққарор медиҳад. Ин падидаи иҷтимоӣ бисёрҷанба буда, дар шаклҳои мухталиф зуҳур меёбад, ки ҳолати мазкур ошкор намудани моҳияти онро душвор мегардонад.
Таърифи аниқу муайян додани мафҳумҳои мазкур, бахусус мафҳуми «ифротгароӣ» на фақат барои...
Санаи 22.07.2022 намояндагони Донишгоҳи ситии Малайзия: директори факултети меҳмоннавозӣ ва туризм Датин Путери Ҷуле ва директори Департаменти рушди тиҷорати байналмилалии донишгоҳи мазкур Соро Ошагӣ ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ташриф оварда, бо муовини аввал, муовини ректори ДМТ оид ба таълим Собирзода Н.М. ва сардори раёсати таълими донишгоҳ Қосимзода С.С. мулоқот намуданд.
Дар вохӯрӣ ҷонибҳо роҷеъ...
Имрӯз аввалин довталаб, иштирокчии фаъол ва ҷоизадори Озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" Домулоҷонова Сафина Сайфуллоевна ба донишгоҳ қабул гардид. Масъулини Комиссияи қабули донишгоҳ довталаби мазкурро самимона истиқбол гирифтанд.
Ёдрас мешавем, ки Домулоҷонова С.С. дар асоси мактуби Вазорати маориф ва илм ба донишгоҳ роҳхат ёфт.
Бахше, ки ҳамеша пайи гулгулшукуфоии гирду атрофи биноҳои таълимӣ ва тозаву озода нигоҳ доштани Донишгоҳи миллӣ ва дар умум дар зебоии намои донишгоҳ саҳми асосӣ мегузорад, қисмати хоҷагидории донишгоҳ мебошад. Борҳост, ки аз фаъолияти ин бахш сухан меронему ба масъулину кормандони он таҳсину офарин мехонем. Ин ҷо сухан аз фаъолияти ҳамин бахши донишгоҳ меравад, ки дар давоми...
Имрӯз (15.07.2022) дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба истиқбол аз ташаббуси навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баргузории Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон»–оинаи таърихи миллат» конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.
Дар оғози ҳамоиш ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. суханронӣ намуда, изҳор дошт, ки имрӯз мо аз иқдомҳои наҷиби роҳбари...