• English
  • Русский
  • Тоҷики
Домой Блог Страница 130
Имрӯз (25.11.2021) дар вохӯрии навбатии ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо коллективи кормандони Институти илмию таҳқиқотӣ (ИИТ)-и донишгоҳ масъалаҳои гуногуни фаъолияти институт мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар вохӯрӣ таъкид шуд, ки ИИТ яке аз сохторҳои таркибии донишгоҳ мебошад. Он аз 11 шуъба иборат буда, мутахассисони зиёдеро ба кор ҷалб намудааст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки иҷрои корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар институт...
Дар асоси «Оиннома»-и Донишгоҳи миллӣ ва талаботи «Низомномаи омоданамоии мутахассисони илмӣ ва илмию омӯзгорӣ дар донишгоҳ ҳамасола дар факултетҳо, кафедраҳои умумидонишгоҳӣ ва Институти илмию таҳқиқотӣ муҳокимаи ҳисоботи солонаи корҳои илмӣ – таҳқиқотӣ: аттестатсияи умумидонишгоҳии аспирантон ва унвонҷӯён ба роҳ монда мешаванд. Дар робита ба ин, тибқи фармоиши ректори донишгоҳ дар сохторҳои гуногуни донишгоҳ аз 23.11.2021 то...
Дар кафедраи умумидонишгоӽии фалсафа бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ маӽфили илмӣ-фалсафии донишҷӯён «Дар ҷӯстуҷӯи ӽақиқат» (роӽбари маӽфил дотсент Сайлинисо Сафарова) ва семинари илмӣ-назариявӣ (роӽбари семинар дотсент Ф.А. Аминов) баргузор гардид. Дар маӽфил таъкид гардид, ки гиромидошти рукнӽои муқаддаси миллӣ дар низоми тарбияи ватандӯстии ҷавонон нақши сазовор дошта, муӽаббат ба Ватан, ӽифз намудани арзишӽои миллӣ самти меӽварии тарбия ва...
Дар доираи нақша-чорабиниҳои раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон санаи 24.11.2021 дар толори калони Шаҳраки донишҷӯён вӯхӯрии сарнозири Сарраёсати пешгирии коррупсияи АНДМ ва МК Ҷумҳурии Тоҷикистон бо устодону донишҷӯёни факултетҳои донишгоҳ доир гардид. Дар вохӯрӣ сарнозири Сарраёсати мазкур Маҷидӣ Абдукарим, мудири шуъбаи ҳуқуқи ДМТ Муминзода Нозим ва мушовир-ҳуқуқшиноси шуъбаи ҳуқуқи ДМТ Зулхумор Акбарова иштирок намуданд. Нахуст...
Имрӯз (24.11.2021) бо ташаббуси Литсейи табиию риёзии ДМТ чорабинии ҳарбӣ-варзишӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур роҳбарияту намояндагони сохторҳои гуногуни донишгоҳ (таълиму тарбия) иштирок намуда, омӯзгорону толибилмони литсейро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ табрик намуданд. Чорабинии ҳарбӣ-варзишӣ бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид. Дар рафти чорабинӣ муҳассилини Литсейи ҳарбии Вазорати мудофиаи ҶТ низ иштирок намуданд....
24 ноябр - Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мо ин иди нисбатан ҷавон аст - он ҳамагӣ ҳамчун ҷашн 12 сол ва ҳамчун рамзи соҳибистиқлолӣ 29 сол дорад. Парчам ҳамеша рамзи шаъну шарафи миллӣ буд. Дар лахзаҳои душвор муҳофизони Ватан дар зери парчам бархоста, ба он савганд ёд мекарданд. Дар замони ғалабаҳо парчам бардошта мешуд, аз...
(АЗ ЭҲТИРОМИ ПАРЧАМ ТО САРФАРОЗИИ УСТОДОНУ ВАРЗИШГАРОН) Таҳти ин унвон имрӯз (23.11.2021) дар толори калони Донишгоҳи миллӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ ва 65-умин солгарди таъсисёбии нашрияи донишгоҳии «Ба қуллаҳои дониш» ҷаласаи тантанавӣ дар якҷоягӣ бо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур ва Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон баргузор гардид.
Дастаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» бо ишғоли ҷойҳои ифтихорӣ сазовори ҷойи аввал гардид. Озмуни мазкур миёни устодону кормандон, донишҷӯён ва аспирантону докторантон аз рӯйи номинатсияи математика (арифметика, алгебра, геометрия), физика ва астрономия, химия, биология (ботаника, анатомия), технологияҳои иттилоотӣ, география ва ихтироъкорӣ (миёни донишҷӯёну устодон) доир гардида, дастаи ДМТ бо ишғоли...
Парчами давлатӣ яке аз рамзҳои муҳими истиқлолиятимиллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад. Эмомалӣ Раҳмон Дар тамоми давру замон парчам нишони мустақилият ва давлатдории миллӣ будааст. Аз ин рӯ, парчам...
Дар вохӯрии навбатии ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо устодону кормандони факултети ҳуқуқшиносӣ масъалаҳои муҳимми илму таълим ва тарбияву робитаҳои байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ректори донишгоҳ назорати ҷиддии низоми таълиму тарбия, ташкили ҳамоишҳои сатҳи байналмилалӣ, навиштани мақолаҳои илмӣ дар маҷаллаҳои бонуфуз ва дарёфти грантҳою ташкилотҳои маблағгузорро вазифаи аввалиндараҷа дар фаъолияти устодону...

Эълонҳо