ПАРЧАМ – РАМЗИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ

740

Парчами миллӣ яке аз рамзҳои муҳими истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад.

Эмомалӣ РАҲМОН

Вожаи парчам, ливо, дирафш дар ҳар давру замон ба ҳар гуна шакл, вале як мазмун ва муҳтаво истифода мешуданд. Ин калимот ифодагари рамз, аломат ва нишонгари мазҳари маданият ва тамаддуну одатҳои мардумони ин ё он марзу бум ба ҳисоб мерафтанд. Таърих гувоҳ аст, ки дирафш ё парчам аз замонҳои бостон дар набарду размҳои забткорӣ ва фатҳи сарзаминҳо бештар аз тарафи сарлашкару фармодеҳони қушунҳо истифода карда мешуд.

Парчам ифодагари дастҷамъӣ, муттаҳидӣ, ягонагӣ дар лаҳзаҳои ҳассос ва ҳалкунандаи тақдири ин ё он қавму мардум ба шумор мерафту меравад. Аз сарчашмаҳо ва далелҳои мустанади таърихӣ бармеояд, ки инсоният вобаста ба вазъу ҳолатҳои гуногун рамзҳои зиёдеро эҷод ва ба кор бурдааст. Агар ба таърих бингарем, ҳар як рамз то ҷое равшангари чанд саҳифаи саргузашти қавмеву нажоде ва миллатеву давлатест. Дар ин миён парчам ҳамчун рамз таърихи рангину деринтареро дорост. Бостоншиносон истифодаи онро ҳанӯз дар солҳои то милод таъкид ва собит намудаанд. Парчам бо гузашти айём ҳамчун рамз ончунон мавқеи устувор касб кард, ки имрӯз ҳеҷ як давлатеро наметавон бидуни он тасаввур кард.

Дар ҷаҳони муосир ҳар як давлати мустақилу соҳибихтиёрро парчами он муаррифӣ менамояд, зеро дар рамзу баёни аломати парчам он ҳама баргирифтҳо аз тамаддун, маданият, урфу одат, бовариву эътиқодот, одобу русуми ниёгон, ҳувияту руҳияи миллии ба миллатҳо хос таҷассум мегардад. Бо ҳамин хусусиятҳои ба худаш хос парчам ё дигар рамзҳои давлатӣ дар сатҳи баланд арҷгузорӣ карда мешаванд, зеро онҳо ифодакунандаи хосиятҳои дар боло зикршуда мебошанд. Аз ин рӯ, эҳтиром ва арҷ гузоштан ба парчам, маънои эҳтирому арҷгузорӣ ба арзишҳои деринаи таърихӣ, фарҳангиву маънавии миллӣ ва давлату давлатдорӣ мебошад, зеро Парчам дар баробари Конститутсия, Нишон ва Суруди Миллӣ аз ҷумлаи муқаддасоти милливу давлатӣ маҳсуб меёбад. Бинобар ин, ҳар яки моро зарур аст, ки зери ин ливо мутаҳид бешем, ҳамеша ва дар ҳама ҷо онро пос дорем, барои ҳимоя ва поку муқаддас нигоҳ доштани он бо ҳама ҳастӣ омода бошем, зеро пос доштан ва ҳимоя кардани Парчами миллӣ, ин пос доштани Ватан, аҷдод ва таъриху суннатҳои халқи кишвар мебошад.

Парчами давлатӣ ҳамчун яке аз рамзҳои давлату давлатдорӣ дар низоми сиёсии кишвар дорои аҳамияти бузург мебошад. Нахустин Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ қабул гардида, дар рафти Иҷлосияи таърихии таърихсоз, яъне санаи 24 ноябри соли 1992 он такмил ёфта, ҳамчун рамзи давлати соҳибистиқлол ва нишони соҳибихтиёрӣ аз ҷониби вакилони мардумӣ муҳокима ва тасдиқ гардида буд.

Парчами давлатӣ барои мо – тоҷикон нишонаи бақои давлат, ваҳдату ягонагӣ, ҳувияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи наврасону ҷавонон дар руҳияи ифтихор аз давлатдории миллӣ ва ҳифзи арзишҳои таъриху фарҳанги халқамон мебошад.

Маҳз ба ин хотир ҳамасола барои таҷлили Рӯзи Парчами миллӣ дар саросари ҷумҳурӣ чорабиниҳои гуногуни илмиву фарҳангӣ гузаронида шуда, ба Парчам шеъру суруд, оҳангу мусиқӣ, асару мақолаҳо аз ҷониби аҳли ҳунару зиёиёни мамлакат бахшида мешаванд. Ин иқдомот гувоҳи он аст, ки самимият ва садоқати аҳли ҷомеаи Тоҷикистон ба Парчам ва рамзҳою рукнҳои дигари давлатдории миллиамон воқеъист. Парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол ифодагари сулҳ, ваҳдат, ягонагӣ, якпорчагии мамлакат, дӯстӣ ва бародарию баробарии кулли тоҷикон ва тоҷикистониён аст.

Имрӯз Парчами миллии мо дар қатори парчами дигар кишварҳо дар фарози созмонҳои ҷаҳонӣ парафшон аст, ки мояи ифтихору руҳбаландӣ ва эҳтироми ҳамаи ҳамватанони азизи мо мебошад.

Поянда бод Тоҷикистон бо Парчами сарбафалак мисли қуллаҳои баланд, дар осмони софу беғубор.

Ҳамаи Шумо ҳамдиёрони азиз ва дар шахсияти Шумо тамоми миллати парчамбардори тоҷикро ба муносибати фарорасии Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику шодбош гуфта, бароятон сарбаландию сарфарозӣ, иқболу комёбӣ ва хонаободиро таманно менамоям.

Масрур ҲОДИЕВ, омӯзгори кафедраи оптика ва спектроскопияи факултети физикаи ДМТ